МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, 5-6 октябри соли 2021, н.Данғара

Дар радифи пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму технология ва ҷорӣ кардани навгониҳо ба фаъолияти илмию инноватсионӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир диққати махсус медиҳад. Зеро илм асоси тараққиёт ва болоравии иқтисодиёти давлат ҳисобида мешавад.

Бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро зери унвни «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” ташаббус намуд.

Конференсия 6 октябри соли 2021 дар ноҳияи Данғара, толори Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ, ҳамчунин беш аз 350 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид.    

Дар қисмати расмии кори Конференсия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Назирӣ Гулбаҳор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Бобоҷониён Раъно, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педагогӣ Шоҳиён Нуралӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, доктори имлҳои биологӣ Давлатзода Саёфиддин, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршо баромад намуданд. 

Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ  машғул мебошанд,аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Данғара дар чаҳор бахш: “Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ”,  “Иқтисодиёт ва энергетика”, “Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ”, “Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ” бо пешниҳоди 80 мақолаҳои илмию таҳлилӣ иштирок намуданд.

Боиси зикр аст, ки асоси илмию назариявӣ ва методӣ касб намудани фаъолият ва ё дилхоҳ соҳа ҳамчун маданияти ташкилии идоракунӣ тақозои ҷомеаи муосир буда, дар радифи таъмини сифат ва самаранокии ҳадафу вазифаҳо ба роҳ монда мешавад.

«… баланд, бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд» иброз менамоянд Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш (14.10.2019). Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самарнокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад.

Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд.

Дар инҷо бояд равшани андохт, ки зери мафҳуми “мактаб”, одатан мактаби илмӣ, бо фарогирии корҳои назариявии гурӯҳи олимону муҳаққиқон дар самти муайяни таҳқиқот, фаҳмида мешавад, аммо дар ин мавод — мактаб маънои васеътар дошта, бештар фарогири корҳои таҳқиқотии амалӣ вобаста ба фаъолияти идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиёни асосии ин мактаб, дар баробари олимон, ҳамчунин сиёсатмадорон, кормандони ҳизбӣ ва хизматчиёни давлатӣ мебошанд ва асоси фаъолияти (усулҳои) таҳқиқотии онҳоро мушоҳидаҳо, таҳлилҳои оморӣ ва систематикӣ, мониторинг, таҳлилҳои дедуктивӣ ва индуктивӣ, пурсишҳои иҷтимоӣ, озмоишҳои ҳудудӣ ва соҳавӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки “…мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад”. Зимнан, рисолати мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1), ки 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, чунин муқаррар гардидааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Яъне, ин идея аз аввалин дастовардҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат арзёбӣ мегардад, ки он ба таҳкурсии асосии давлатдории навини тоҷикон табдил ёфт.

Қадами дигар дар шароити демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ 10 декабри соли 1994 таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад.

Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.

Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.

Ҳамин тариқ, барои устувор гардидани мавқеъҳо ташкили институти сиёсӣ дар шакли ҳизби сиёсӣ барои одамон зарур омад, то инки на танҳо дар мавриди интихобот, балки дар ҳама ҳолат (ба таври доимӣ) тавонад, ба ҳаммаслакони худ кумак расонад.

Чуноне, ки олими шотландӣ Девид Юм ҳизби сиёсиро таъриф додааст: «Ҳизбҳои сиёсӣ бештар таваҷҷуҳи худро барои ҷалб намудани одамон ва сохтани идеологияи нав, ки барои бунёди ҷомеаи нав талқин мекунад, равона месозанд», яъне ҳадафи асосии ҳизб ба  расонидани халқ ва ҷонибдорони худ ва ё таъмин намудани иштироки онҳо дар идоракунии ҳокимият арзёбӣ мегардад.

Дар навбати худ, ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ё ба даст овардани идоракунии ҳокимияти давлатӣ фишангҳои гуногунро истифода менамоянд. Боиси изтироб он аст, ки даҳсолаҳои охир дар ин муносибат фишангҳои нокомил ва ё ғайриқонунӣ, он низ экстремистӣ бештар истифода шуда истодаанд. Яъне, агар давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба даст овардани боварии халқ ва намояндагии онҳо дар ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал мекарданд, пас имрӯзҳо ин тартиби амал тағйир ёфта, василаҳои иловагӣ, бо роҳи таҳдиду зурӣ ва дуруғбофиву роҳгумсозӣ ба даст овардани ҳокимиятро касб намудааст.  

Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки дар ҷомеа маъракаҳои интихоботӣ пеш меоянд, дар баробари берун омадани ҳаракатҳои идеологии комил, ҳаракатҳои идеологии нокомил ё инки экстремистӣ низ берун меоянд.

Маҳз ҳамин ҳолат, яъне муқовимат бо ҳаракатҳои идеологии нокомил моро водор месозад, ки василаҳои тарғиботии худро пурқувват сохта, тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоем.     

Аз ин лиҳоз, маҳз дар шароити таҳдидҳои берунӣ, бахусус ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо ташаббус ва пайгирии бевоситаи Пешвои миллат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил меёбад, ки дар номи худ ҳамаи он талаботи болозикрро фаро мегирад. Илова бар ин, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ ба ҳуқуқу имкониятҳои дигар азҳоби сиёсӣ дахл накарда, ба майдони набардҳои сиёсӣ бо ғояҳои хосса ва созанда, ифодагари азму ирода ва ниёзҳои аввалиндараҷаи мардум мебарояд.

Бо ҳамин мактаби сиёсии Пешвои миллат дастгоҳи идоракунии худро соҳиб мегардад.

Чуноне Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз менамоянд: “Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт[1]. Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, — мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, боиси зикр мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад.

Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.

Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад.

Татбиқи ҳадафҳои барномавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монад мешавад.

Чуноне ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 оварда шудааст: “Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад рушди устувори кишварро дар марҳалаи солҳои 2020-2025 таъмин карда, тамоми заминаҳои воқеиро барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад”[2] тасдиқи тавзеҳоти боло мебошад.

Барномаи пешазинтихоботии Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 7 самт: сиёсати иқтисодӣ, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиа ва такмили қонунгузорӣ ва сиёсати хориҷӣ иборат мебошад[3], асоси сисёсати давлатро барои 7 соли оянда муқаррар намуда, кишварро ба рисолати асосии пешгирифта – рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мерсонад.

Дар татбиқи ҳамаи ин масъалаҳо, албатта, дастгоҳи идоракунии иҷтимоию сиёсӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанг истодааст ва мунтазам бо истифода аз василаҳои идоракунии хеш амалисозии ҳадафҳои барномавиро пайгирӣ намуда, гурӯҳи вазифаҳои сиёсӣ-идеологиро ҳамоҳанг намуда, динамикаи нишондиҳандаҳои муқарраршударо таъмин менамояд.

Ба сифати иштирокчиён ва ё шунавандагони асосии мактаби сиёсии Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро арзёбӣ кардан мумкин аст, шумори онҳо ба беш аз 500 ҳазор нафар расида, ботадриҷ афзоиш ёфта истодаанд. Кормандони асосии ҳизб, аз ҷумла раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ, ки мақомоти иҷроияи фаъолият мебошанд, дар сатҳи кишвар 6600 нафар буда, масъулияти амалӣ намудани корҳои ташкилиро ба душ доранд. Сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон бошад, мутаносибан пешрафти устувор доранд. Имрӯз шумораи аъзои ҳизб ба 185384 нафар, ки ин рақам мутаносибан дар соли 2012 – 85552 нафар буд, яъне 216% афзоиш ёфтааст, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ бошад, имрӯз 3042 ададро ташкил медиҳад, ки 205% афзоиш ёфтааст (с.2012-1480 адад).

Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ дар муддати кутоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки боиси ифтихори мо ҳизбиён аст.       

Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти бутуни сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.

Хулоса, мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дошта, баҳри рушди устувори Ватани азизамон – Тоҷикистон талош меварзад.  

Барои мо – аъзои ҲХДТ, олимон ва муҳаққиқон ҳамчун иштирокчиёни ин мактаби сиёсӣ месазад, ки дар роҳи таҳкими рукнҳои илмӣ – таҳия ва барои ҷомеа, аз ҷумла ниҳодҳои амалӣ пешниҳод намудани асосҳои назариявию методии он, яъне ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста талош варзида, самаранокии устувор ва пойдории онро (мактабро) таъмин намоем.

Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ


[1] Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Анҷумани IX. Душанбе, 2006. С.9

[2] Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025). Душанбе-2019,  с.39

[3] Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе-2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s