Китоби «ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН» аз нашр баромад

Дастоварди навбатӣ — Китоби «ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН», ки дар давоми ду соли охир таҳия гардида буд, аз нашр баромад (ҳаммуаллиф — Абдуллозода А. Р.).

Ин Китоб ба «Соли ҷавонон» бахшида шуда, ҳамчун нишони ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дастгирии пайгирона ва эътимоди падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон манзур мегардад.

Пешвои миллат ва чавонон - муковаи нав

1

Дар китоб дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, таҳлил шудаанд. Маводи мазкур барои истифода ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои дигари алоқаманд тавсия дода мешавад.

Таркиби сохтории китоб аз рӯи соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва нишондиҳандаҳои асосии Индекси рушди ҷавонон (меъёри байналмилалӣ: www.youthpolicy.org) тартиб дода шудааст.

ПЕШГУФТОР

Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ омаданд — пастию ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд: дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд; ҷавонони ноумеду рӯҳафтодаро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз тазодҳои ҳаётӣ ва қарорҳои созгори хеш умед мебахшиданд; гаронии рӯзмараи шахсони ҷавонро ҳамчун бародар ва роҳбар сабук ва ҳал менамуданд; ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд.

Нахустин иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонон, ба воситаи заминагузорӣ ба ташаккул ёфтани сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» арзёбӣ мегардад, ки ин амал ҳанӯз соли 1992, ҳангоми вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ӯ, ба вуқуъ мепазирад.

Маротиби аввал, ҳамчун Сарвари ҷумҳурӣ мулоқоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат, ҳангоми роҳбарии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштани ӯ, ҳамагӣ пас аз 70 рӯзи сарварии кишвар — 2 феврали соли 1993 баргузор мегардад. Ин ҳамоиш дар шароите доир карда мешавад, ки мамлакат дар оғуши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт ва ҳадафи асосӣ барои аксари ҷомеа «зинда мондан» ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, новобаста аз таҳдидҳо, тангдастиҳо, нооромиҳо ва тазодҳои гуногуни дар шароити гузариш ва ҷараёнҳои ташаккули муносибатҳои нави давлатдорӣ дучор омада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, 7 маротиба бо ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқоти расмӣ баргузор менамоянд: 2 феврали соли 1993; 17 марти соли 1994; 23 майи соли 1997; 16 майи соли 1998; 21 майи соли 2005; 23 майи соли 2013; 23 майи соли 2017.

Дар натиҷаи ин мулоқотҳо, таваҷҷӯҳу дастгирии пайваста ва ғамхории падаронаю ҳамроҳии доимӣ ва дӯстонаи Пешвои миллат ба ҷавонон, дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои хеле зиёд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба бор оварда мешаванд. Дар баробари ин, ҳамчун нишони боварӣ, эътимод, эҳтиром ва рафоқат ба ҷавонон соли 2017–ро Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон менамоянд ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани он, инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳким бахшидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа аз 13 январи соли 2017, №812 Фармони дахлдорро ба тасвиб мерасонанд.

Ҳамин тариқ, маводе ки дар даст доред ба «Соли ҷавонон» бахшида шуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, фаро мегирад.

Китоб барои истифода ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои дигари алоқаманд тавсия дода мешавад. Таркиби сохтории мавод аз рӯи соҳаҳо ва ё бахшҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва нишондиҳандаҳои асосии Индекси рушди ҷавонон (меъёри байналмилалӣ: www.youthpolicy.org) тартиб дода шудааст, ки кулли тадбирҳои андешида ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии рушди устувор нисбат ба ҷавонон инъикос менамояд.

МУАЛЛИФОН:

АБДУЛЛОЗОДА А.Р. — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИРАЛИЁН Қ.А. — сиёсатшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Китоб бо сарпарастии Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба чоп расид.

 

3456416

Китоби мазкур, мутаассифона, бо теъдоди кам чоп гардидааст ва дастрас гардонидани он барои ҳамаи хоҳишмандон имконнопазир аст. Новобаста аз ин, барои тамос суроғаи зерин манзури хонандагон пешниҳод мегардад:

  • qmiraliyon@gmail.com

 

 

Реклама

1 thought on “Китоби «ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН» аз нашр баромад

  1. Уведомление: ДАСТОВАРДҲО ДАР НӮҲ СОЛИ ОХИР | Қиёмиддин МИРАЛИЁН

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s