Баромад: иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Буҷети давлатӣ

БАРОМАД

зимни муҳокимаи парламентии иҷрои ҚҶТ «Дар бораи Буҷети давлатӣ»

Чӣ тавре аз гузоришҳо маълум гардид, барои ташкили Буҷет ва татбиқи самараноки он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тадбирҳои зиёде андешида шуда, аммо натиҷаҳои нақшавӣ пурра ба даст наомада истодаанд.

Албатта дар ин ҷо, яке аз омилҳо бӯҳрони иқтисодии пешомада арзёбӣ мегардад, вале барои ин ба анҷом расонидани амалҳои маҷмӯии зидибӯҳронӣ мувофиқи мақсад мебуд.

Дар баробари ин, дар шароити ҷомеаи муосир, ки устувории заминаҳои мӯътадил ва рушд ёфтани имконоти иқтисодиро тақозо мекунад, роҳу усулҳои гуногуни ташкили буҷети давлатиро мебояд истифода намуд.

Яке аз усулҳои муносиб ва мӯътамад ин нерӯи зеҳнии инсон ба шумор меравад, ки бо таҳким бахшидани он, яъне баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ ва мафкураи миллӣ ва муосири ҷомеа метавон на танҳо иқтисодиёту буҷети кишварро ғанӣ гардонид, балки заминаи нигаҳдории суботу оромӣ, осоиштагӣ ва боамнии ҷамъиятро устувор гардонид. Зеро маҳз ҷомеаи дорои мафкураи устувор ва иродаи қавӣ метавонад ҳамагуна бӯҳронҳо ва таҳдиду тазодҳоро истодагарӣ намояд.

Дар ин росто амалисозии консепсия ва ё барномаи ташаккули мафкураи миллии ҷомеа бо назардошти таҳким бахшидани маърифати иқтисодии шаҳрвандон мувофиқи мақсад мебошад.

Дигар масъала, ин истифодаи усулҳои алтернативӣ ва ё ёридиҳанда дар татбиқи Буҷети давлатӣ мебошад, ки онҳоро ҷомеаи демократӣ фароҳам овардааст. Сухан атрофи фаъол гардонидани иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалисозии фармоишҳои (вазифаҳои) давлатӣ меравад. Бо ин роҳ метавон Буҷети давлатиро сарфа намуд, сарбории гурӯҳи муайяни хизматчиёни давлатиро сабук ва ҳолатҳои коррупсиониро кам гардонид, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ имконият фароҳам овард, самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетиро таъмин намуд, зеро дар ин раванд байни субъектҳои дахлдор рақобати хизматрасониҳо пайдо мегардад, ки аз манфиат холӣ нест.

Ин усулҳо метавонистанд бемамоният ба бартарафгардии камбудиҳо ва сабабҳои ошкоргардида, ба монанди самаранок истифода нашудани маблағҳои буҷетӣ ва дар сатҳи касбӣ таҳия нагардидани лоиҳаи буҷетҳо мусоидат намоянд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s