ЧОРАБИНИҲОИ МАЪРИФАТНОКСОЗИИ ҶАВОНОН

Замимаи 1.

ЧОРАБИНИҲОИ МАЪРИФАТНОКСОЗИИ ҶАВОНОН

Дар қатори тадбирҳои таълиму тарбиявӣ ва идеологии ҷавонон чорабиниҳои маърифатноксозиро метавон ҳамчун василаи унвонӣ ба ҳисоб гирифт, зеро танҳо маърифат метавонад шахсро ба роҳи муносиби ҳаётӣ роҳсипо намояд.

Маърифат дар сатҳи илмҳои алоҳида таърифи хосро соҳиб аст, вале ҳамаи онҳо барои беҳ гардонидани иқтидори фикрӣ ва рафтору кирдори муносиби шахс равона гардидаанд.

Олим, файласуфи олмонӣ И.Кант маърифатро ҳамчун «мардонагӣ дар истифодаи ақли (хиради) худ» маънидод кардааст. Яъне, шахс метавонад ақли худро ба фаъолият ва рафтору кирдорҳои гуногун равона созад, дар инҷо муҳим аст, ки он бомаром, бомароват ва ба нафъи ҷомеа истифода гардад, на бар зарари он, зеро хулқу атвори ғайриҷамъиятию ғайриинсонӣ мардонагӣ нест.

Зарурат:

Айни замон бо ба инобат гирифтани вазъияти баамаломадаи ҷаҳонӣ баргузории ҳарчӣ бештари чорабиниҳои омӯзишию маърифатии ҷавонон ба мақсад мувофиқ аст. Танҳо дар сурати баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ ва мусаллаҳ гардонидани шахси ҷавон бо иттилооту дониш, ӯро метавон ба роҳи дурусти ҳаётӣ роҳсипо намуд.

Вазифа/таъсиррасонӣ:

Чорабиниҳои маърифатӣ асосан ба таҳким бахшидани нерӯи зеҳнӣ ва баланд бардоштани дониши шахс равона гардида, ба сифтаи рафтору кирдори шахс таъсири бевосита дорад.

Фарогирӣ:

Бинобар ин, дар амалисозии чорабиниҳои маърифатӣ шумораи ками шунавандагон ҷалб мегардад, то ин ки бо ҳар кадом бевосита (унвонӣ) кор бурдан имконпазир бошад.

Хароҷоти молиявӣ:

Нисбатан хароҷоти молиявии чорабиниҳои маърифатӣ зиёд мебошад, вале натиҷанокии он мувофиқан босифат ва таъсирбахш арзёбӣ мегардад.

Дар шароити кишвар бо мақсади сарфа кардани маблағ доираи ҳамкориро метавон васеъ кард ва аз захираҳо ва имконоти мавҷудаи моддию молиявӣ истифода бурд.

Хизматрасонҳо:

Хизматҳои алоқаманд вобаста ба татбиқи чорабиниҳои муайяни маърифатӣ асосан аз ҷониби шахсони пешакӣ омӯзонидашуда ва соҳиби малакаи педагогӣ, ровигӣ ва идорибуда ба анҷом расонида мешаванд.

Барномаи омӯзишӣ:

Барои ташкили чорабини(ҳо) аз ҷониби иҷрокунандагон бо ҷалби коршиносони соҳа ва ё самти муайян барномаҳои омӯзишӣ ва ташкили чорабиниҳои маърифатӣ таҳия карда мешаванд.

Намудҳои чорабиниҳои маърифатӣ:

  • Давраи (курси) омӯзишӣ – 20-25 нафар шунавандагонро фаро гирифта, аз рӯи барномаи муайяни таълимӣ дар мӯҳлати 10-30 рӯз ташкил карда мешавад;
  • Тренинг ва ё семинар – 10-25 нафар шунавандагонро фаро гирифта, аз рӯи барномаи (модули) муайяни омӯзишӣ дар мӯҳлати 1-7 рӯз ташкил карда мешавад;
  • Семинари хурд – 10-25 нафар шунавандагонро фаро гирифта, аз рӯи барномаи (модули) муайяни омӯзишӣ дар мӯҳлати 3-12 соат (3-4 соат дар як рӯз) ташкил карда мешавад, ҳамчунин дар бисёр мавридҳо семинари хурд дар натиҷаи семинар/тренинг ва бо истифода аз фишурдаи барномаи он баргузор мегардад;
  • Мизи мудаввар – 15-50 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи маводи муайяни таҳлилию омӯзишӣ дар мӯҳлати 0,5-3 рӯз ташкил карда мешавад;
  • Конференсия – 50-500 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи мавзӯъ ва маводи муайяни таҳлилию омӯзишӣ, муаррифӣ ва дастурӣ дар мӯҳлати 1-5 рӯз ташкил карда мешавад, вале дар сурати зиёд будани шумораи иштирокчиён, мутаносибан ҳаҷми корҳо зиёд мегарданд;
  • Форум – 30-500 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи мавзӯъ ва маводи муайяни таҳлилию омӯзишӣ, муаррифӣ ва дастурӣ дар шакли муколама ва табодули маълумот дар мӯҳлати 2-7 рӯз ташкил карда мешавад.

Ин намудҳои нисбатан мувофиқи чорабиниҳои маърифатӣ буда, барои истифодаи васеъ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон тавсия карда мешаванд.

Мебояд иброз намуд, ки натиҷаи чорабинии маърифатӣ шумораи васеро ба воситаи гурӯҳҳои мақсадӣ фаро мегирад. Тибқи таҷрибаи амалӣ як нафар шунавандаи (иштирокчии) дилхоҳ чорабинии маърифатӣ метавонад маълумоти гирифтаи худро то ба 5-6 нафари дигар самаранок бирасонад. Яъне, фарогирии бавоситаи чорабинии маърифатӣ панҷ шаш маротиба зиёд баҳогузорӣ мегардад.

Эзоҳ: барои пайдо кардани маълумоти фарох ва хулосаи дақиқу санҷидашуда оид ба масъалаи мазкур Модели баргузории чорабиниҳои идеологиро мебояд омӯхт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s