About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

АМАЛИЁТИ МУШТАРАК — ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон-24.02.2022 ва дастурҳои Пешвои миллат дар доираи Паёми навбатӣ-21.12.2021 ҳамчун идомаи ташаббускориҳо ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ҳамкории байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти муштарак ба тавсиб расид.

Читать далее

Медали «Сипари сулҳ»

Сарфароз гаштан бо медали 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сипари Сулҳ” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Сипарони Ватан” бо дарназардошти фаъолнокӣ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва амнияти миллӣ

Роҳнамо оид ба таҳкими ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ

Маводи мазкур ҳамчун роҳнамо – дастурамали рӯимизии кормандони масъули ҳизбӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ, аз ҷумла зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ/фермерӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва донишҷӯён таҳия гардидааст

Читать далее

Аълочии қушунҳои сарҳадӣ

Дар ҳошияи чорабинии тантанавӣ, ки 16.02.2022 бахшида 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 03/05-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус доир карда шуд, Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода- раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби сардори қисми низомӣ бо нишони «Аълочии қушунҳои сарҳадӣ» сарфароз гардонида шуд.

25 ТАШАББУСИ СОЗАНДА

Дар соли ҳисоботӣ, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, натиҷагирӣ аз ташаббускориҳои ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 гурӯҳи 25 ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ намуданд, аз ҷумла зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд.

Читать далее

Ҷамъбасти соли 2021, маҷлиси КИВ

Санаи 22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар доираи маҷлис, ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки доираи он табиқи маҷмӯи чорабиниҳо пешнибинӣ шудаанд.

Читать далее

Маҷаллаи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар elibrary.ru

Маҷаллаи илмӣ-амалӣ ва таҳлилии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии (шабакаи) ҷаҳонии elibrary.ru ҷой дода шуда, шумораи №1, ки соли 2020 чоп гардида буд, интишор гардид.

Читать далее

НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНИИ ФАЪОЛИЯТ

Электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ ҳамчун саҳми поягузор дар ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба шумор меравад.

Читать далее

Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хатлон, 9-10 декабри соли 2021

9-10-уми декабри соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Читать далее