МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

Дар шаҳри Бохтар санаи 24 июни соли 2022 Конференсияи сеюми байналмилаии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» доир гардид.

«… баланд, бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд» иброз менамоянд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш (14.10.2019). Дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самарнокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф унвон гирад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад.

Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.

Ҳамин тариқ, бо манзури таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ ташаббус гардид. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар ш.Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор шуд. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»,  «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80мақолаҳои илмию таҳлилӣ ширкат намуданд.

Ин навбат, Конференсияи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, ки заминаи асосии пешрафти кишвар ва муттаҳидии ҷомеа маҳсуб меёбад, баргузор гардид. Ба Конференсия 80 мақолаи илмӣ пешниҳод шуда, дар натиҷаи таҳлилу омӯзиш 57 мақолаи ба талаботи алоқаманд ҷавобгӯй хостагирӣ шуда, мавриди баррасии олимон дар Конференсия пешниҳод гардид. Зимнан, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ иборат аз 57 мақола дар 300 нусха чоп гардида, ба иштирокдорони Конференсия дастрас карда шуд.

Боиси фараҳмандист, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ бо унвони «ELIBRARY» ва ё «РИНЦ», ки дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Минбаъд, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас мегардад ва ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд. Дар натиҷаи Конференсия бо мақсади ташаккули идеологияи миллӣ ва тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқатмандию худшиносӣ, тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии кишвар, ҳамчунин ташаккули низоми касбии идеологӣ ва идоракунии сиёсии Тоҷикистони муосир ва таъминоти кадрии идеологияи сиёсӣ (миллӣ) таъсиси Маркази илмию тадқиқотии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳамаи олимон, иштирокдорони Конференсия дастгирӣ карда шуд.

Мақсад аз ташкили Маркази мазкур дар ҳошияи бартараф намудани мушкилоти мафкуравии (идеологии) ҷомеа фарогири асосҳои стратегӣ буда, аз ду ҷабҳаҳои зерин иборат аст:

  • омӯзиши асосҳои илмию назариявӣ ва методологии Мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун идеологияи миллӣ, ташаккул ва рушди он дар шароити давлати демократӣ ва дунявӣ, муосир ва мутобиқ ба фарҳанги миллӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда ва худфаъоли иҷтимоӣ, бахусус сиёсати ҷавонон, занон ва оила мувофиқ бо ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби пешбар.
  • ташаккули низоми касбии фаъолияти идеологӣ ва идоракунии сиёсии (мафкуравии ниҳодҳои) Тоҷикистони муосир, пешбинии мушкилот ва дурнамои рушди сиёсӣ тариқи ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба рукнҳо ва заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди муносибатҳои сиёсӣ, таъмини амнияти идеологӣ ва ҷомеаи миллӣ дар кишвар ва хориҷи он.

Марказ гурӯҳҳои олимон ва муҳаққиқони риштаҳои гуногун – сиёсӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодиро муттаҳид намуда, ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мубрами кишвар тариқи вазифаҳои зерин метавонад фаъолият намояд:

  • ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба асосҳо ва заминаҳои ташаккулёбӣ ва рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун маҳаки коркарди идеологияи миллӣ дар таъмини сиёсати идеологии ҷомеа, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ, ҷавонон, занон ва оила ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар;
  • омодасозии кормандони илмӣ ва мутахассисони (кадрҳои) касбии соҳаҳои идеологӣ — иҷтимоӣ, ҷавонон, занон, оила ва дигар соҳаҳои алоқаманд;
  • таҳия ва татбиқи механизми баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа, аз ҷумла тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ ва ниҳодҳои экстремистӣ;
  • омӯзиш ва паҳн намудани асосҳои назариявӣ, методологӣ ва амалии мактаби сулҳоварии Пешвои миллат (дар мисоли Тоҷикистон);
  • таҳияи маводҳои таҳлилию илмӣ ва касбию амалӣ, барномаҳо, консепсияҳо, нақшаҳои стратегӣ ва лоиҳаҳои гуногунҷанба дар самти татбиқи сиёсати идеологии ҷомеа, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҷавонон, занон ва оила мувофиқ бо ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар;  
  • баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ ва конференсияҳои илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар сатҳҳои гуногун;
  • ташкили гурӯҳи мутахассисони касбӣ аз ҳисоби олимони соҳавӣ ҷиҳати таҳлил ва хулосабарорӣ нисбат ба арзишҳои иҷтимоӣ ва амниятӣ дар ҷомеа ва омода намудани гузоришҳои касбии илмӣ ба роҳбарияти сиёсӣ;
  • гузарондани пурсишҳои иҷтимоӣ ва тадқиқотҳои сотсиологӣ роҷеъ ба масъалаҳои таъсирбахши иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва омода намудани гузоришҳои махсус ба роҳбарияти сиёсӣ.

Барои таъсиси ин Марказ заминаҳо ва иқтидори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ё Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиб арзёбӣ мегардад.

This entry was posted in ДАСТОВАРДҲО, Научные работы by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s