АМАЛИЁТИ МУШТАРАК — ТАҲКИМИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон-24.02.2022 ва дастурҳои Пешвои миллат дар доираи Паёми навбатӣ-21.12.2021 ҳамчун идомаи ташаббускориҳо ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар ҳамкории байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи Амалиёти муштарак ба тавсиб расид.

Ин тасмим ва ё ташаббуси навбатии ҳизбӣ бинобар мутаносибан заиф будани раванди таълиму тарбия ва сатҳи дониши сиёсии наврасон ва ҷавонон, ҳамчунин ба таҷҳизоти техникию маводҳои айёнӣ ва таъмиру тармим ниёз доштани муассисаҳои таълимӣ пеш гирифта шудааст.

Мақсади Амалиёти муштараки мазкур, ин баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор ва ҳавасманд гардонидани шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникию ташкилии мактаби (муассисаи таълимии) хатмкардаи худ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Вазифаҳои асосӣ ҳамчун ташаббуси ҳизбӣ тавассути сохторҳои мароиф чунинанд:

  1. Баргузории дарсҳои кушод зери унвони «Соати сиёсӣ» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ; ҳар рӯзҳои шанбе охири моҳ (ба таври доимӣ)
  2. Ташкил намудани вохӯриҳои мунтазами хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зери унвони «Мактаби ман» ва бо ин васила ҷалби шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ ба бунёдкорию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаҳои таълимӣ; ҳар семоҳа, рӯзҳои шанбе охири моҳи сеюм (ба таври доимӣ)
This entry was posted in ДАСТОВАРДҲО, Проекты by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s