25 ТАШАББУСИ СОЗАНДА

Дар соли ҳисоботӣ, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, натиҷагирӣ аз ташаббускориҳои ҳизбиёни вилояти Хатлон баҳри таҷлили сазовори ин санаи таърихӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021 гурӯҳи 25 ташаббусҳои ҳизбиро амалӣ намуданд, аз ҷумла зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар таҳия ва амалисозии ташаббусҳо ва навовариҳо сохторҳои ҳизбии вилоят мутаносибан пешсаф буда, гурӯҳе аз ташаббусҳои пешгирифта барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ низ, мавриди баррасӣ қарор доранд, ки албатта, боиси қаноатмандӣ мебошад.

  1. Сохтмони биноҳои маъмурӣ. Дар асоси дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 феврали соли 2018 дар вилояти Хатлон қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои фаъолияти босамари кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ биноҳои маъмурӣ тариқи ҳашар ва дастаҷамъӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Хурсандибахш он аст, ки аксари биноҳои маъмурӣ бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардиданд, ки дар таърихи ҳизб, ин пешрафт, ҳамто надорад. Боиси зикр аст, то соли 2018 ҳамагӣ дар 7 шаҳру ноҳияҳо (А.Ҷомӣ, Хуросон, Фархор, Н.Хусрав, Қубодиён, Ҷайҳун, Левакант) бинои маъмурии ҳизбӣ сохтмон шуда буданд. Дар ҳошияи дастури Пешвои миллат бошад, соли 2019 – 8 бино (Ҳамадонӣ, Ёвон, Норак, Кӯшониён, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Кӯлоб), 2020 – 4 бино (Бохтар, Вахш, Восеъ, Ш.Шоҳин) ва соли 2021 – 4 бино (Дӯстӣ, Темурмалик, Панҷ, Шаҳритус) сохта ва мавриди истифода қарор дода шуданд, дар 2 бинои дигар (ноҳияҳои Данғара ва Ҷ.Балхӣ) корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад. Қадами дигар, албатта, азнавсозии биноҳои маъмурие, ки якошёна буда, ба талаботи имрӯзаи ҷомеаи муосири ҷавобгӯ намебошанд. Моро зарур аст, ки боз ҳам тариқи дастаҷамъӣ ин биноҳоро камаш дар шакли сеошёна сохтмон намоем.
  2. Ташаббуси дигари ташкилӣ – ин таъминоти техникӣ, аз ҷумла бо нақлиёти хизматӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ таъмин намудани сохторҳои ҳизбӣ мебошад. То ин муҳлат ба кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ тариқи кумаку дастгирии роҳбарияти олии ҳизб, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва соҳибкорону саховатмандон 26 адад (2018-10 адад) нақлиёт таъмин карда шуд. Ба ғайр аз кумитаҳои иҷроия дар ноҳияҳои Ёвон ва Восеъ дигар кумитаҳо бо нақлиёти хизматӣ таъмин гардиданд.
  3. Ҳамзамон, нақша гузошта шудааст, ки ҳар як корманди ҳизбӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти техникӣ тъмин карда шавад. Иҷрои ин таносуб ба ҳолати имрӯза ба 70% баробар мебошад.
  4. Дар доираи Аксияи умумивилоятии «ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!»: Бо ҷалби саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизб мактабу боғчаҳо (синфхонаҳои алоҳида) дар ҳаҷми 110,9 ҳазор м2 таъмир карда шуда, бори нахуст 3 муасиссаи таҳсилоти миёна умумӣ, дар маҷмӯъ бо 45 синфхона дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш сохта ба истифода дода шуд. Дар се соли охир 1919 мактабу боғчаҳо таъмиру сохтмон шуданд.
  5. Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексиришт дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароитҳои пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 271 км (2020-268 км) роҳҳои байни кӯчаҳо сангфарш ва 250,4 км (2020-99 км) роҳҳо мумфарш карда шуданд. Дар байни се сол бошад, 1051 км роҳҳо сангфарш ва 547,8 км роҳҳо мумфарш карда шуда шуданд.
  6. Ҷиҳати сабук гардонидани рафтуои шаҳрвандон дар давраи солҳои 2018-2021 71 пул сохта ва ё таъмир карда шуд.
  7. Бо мақсади бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинон дар даҳҳо маҳаллаву деҳаҳо қубурҳои обгузар кашонида шуданд.
  8. Дар самти сарсабзу хуррам гардонидани диёр ҳизбиёни вилоят шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафканро ташаббус карда, дар соли 2021 — 98968 ниҳол ва дар се соли охир ҷамъ 301576 ниҳол шинонида шуд.
  9. Дар самти таъмини тозагӣ ва тарзи ҳаёти солим азнавсозии иншооти гигиенӣ бо усули намуди дренажӣ дар ҳар як манзили истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ташаббус карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо институти лоиҳакашии «Хатлон-шаҳрофар» лоиҳаи ангоравии иншооти гигиенӣ таҳия гардида, ройгон дастраси субъектҳои дахлдор гардонида шуд. Зимнан, дар соли ҳисоботӣ 106 ва дар ду соли охир 290 иншооти гигиенӣ бо усули намуди дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ сохта шуданд.
  10. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019–2021) ҳамчун ташаббуси нави ҳизбӣ тасмим гирифта шуд, ки дар ҳар як маҳалла Маркази ҷамъиятии қабул ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ якҷо бо Утоқи раиси Кумитаи маҳалла / деҳот сохтмон карда шавад. Зимнан, дар ҳамкорӣ бо институти лоиҳакашии «Хатлон-шаҳрофар» лоиҳаи ангоравии маркази болозикр таҳия гардида, ба тамоми ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳал дастрас карда шуданд. Дар соли ҳисоботӣ 26 марказ ва дар ду соли охир ҷамъ 56 марказ(ҳо)и фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
  11. Ҷиҳати ташкили шароити хуби корӣ дар соли 2021 сохтмони 11 утоқ ва дар ду соли охир 63 утоқи раиси кумитаи маҳалла / деҳот ташаббус карда шуд.
  12. Бо мақсади тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон амалиёти умумивилоятӣ зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» эълон гардид, ки он – тозакунии қабристонҳо ҳар рӯзи якшанбеи охири моҳ амалӣ мегардад. Дар соли ҳисоботӣ 1432 қабристонҳо бо иштироки беш аз 171974 нафар сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб аз партовҳо ва алафи худрӯй тоза карда шуда, гирду атрофи шумораи муайяни онҳо бо девор симтур маҳкам карда шуданд. Ҳамзамон дар мавзеъҳои муайяншуда ниҳолҳои сояафкан шинонида шуда, деворҳо гирду атрофи қабристонҳо рангу бор гардиданд.
  13. Электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ ҳамчун саҳми поягузор дар ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сохторҳои ҳизбии вилоят ба шумор меравад. Имрӯз тамоми сохторҳои ҳизбии вилоят ба почтаи электронии расмӣ бо унвони @hkhdtkhatlon.tj гузашта, мукотибот байни кумитаҳо бо почтаҳои номӣ ҷорӣ шудааст. Дар соли 2021 гардиши маводҳои электронӣ аз фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят 54814 ададро ташкил дод. Аз ҷумла, дар сомонаи Кумита – www.hkhdtkhatlon.tj – 4838 мавод ва саҳифаҳои иҷтимоӣ-42762 маводҳо нашр гардида, тариқи почтаи электронӣ-12052 мактуб ирсол/ворид гардид. Аз ин шумора, дар умум дар шабакаи Интернет 54814 мавод ва тариқи сомона 1071 андеша ва 573 вокунишҳо чоп ва паҳн карда шуд. 
  14. Имрӯз дар сатҳи вилоят як сомона, 18 саҳифаи иҷтимоӣ ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 1118 саҳифаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи Фейсбук, ки ба кормандони ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб вобастаанд, амал мекунанд.
  15. Дар самти фаъолияти рақамӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ ташаббуси дигар, ин таҳияи Сомона-маҳзани Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва 26 зерсомона барои кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки ҳоло он ҷараён дорад. Аҳамиятнокии ин навоварӣ дар он аст, ки Сомона-маҳзан ҳамчун (1) идораи виртуалӣ ва ё маҷозӣ ташкил ёфта, (2) барои ҳар як кумитаи иҷроия сомонаи муттамарказонидашуда ва худфаъолият таъсис ёфта, (3) амнияти иттилоотӣ таъмин гардида, (4) вобастагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисоли Фейсбук, Ютуб ва ғайра кам ва бо мурури вақт бартараф гардида, (5) сатҳи дониш ва малакаи кормандони ҳизбӣ дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ баланд гардида, (6) вақт ва маблағи зиёд сарфа гардида, (7) иттилооти зиёди ҳизбӣ барои истифодаи васеъ дастрас гардида, (8) низоми назорати электронии ҳаракати ҳизбӣ ташкил ёфта, (9) системаи фосилавии аъзокунӣ ва пардохти ҳаққи узвият фароҳам гардида, (10) низоми электронии хизматрасонӣ ва кумак ба эҳтиёҷмандон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ ташкил меёбад.         
  16. Бо мақсади дастгирии фасеҳ ва доимии маъюбон дар шароити муосир саҳифаи иҷтимоии (фейсбукии) «Кумак ба маъюбон» — https://www.facebook.com/kumakhkhdt ташкил (ташаббус) карда шуд, ки принсипи кори он – тамоси бевоситаи хайрхоҳ бо шахси эҳтиёҷманд, маъюб буда, имконияти гирифтан ва ё доштани маълумоти бештар, дастгирии фосилавӣ ё кумаки пулии электронӣ, кумаки моддии суроғавӣ ва вазъияти воқеии шахси эҳтиёҷмандро кафолат медиҳад. Ҳамзамон, принсипи тамоси бевоситаи хайрхоҳ бо шахси эҳтиёҷманд рӯҳия ва қалби хайрхоҳро гарм намуда, эътимоди ӯро ба низоми хизматрасонӣ қаввӣ мегардонад ва он боиси кумакрасонии доимӣ ва суроғавӣ мегардад. Дар айни замон дар саҳифаи мазкур 282 нафар эҳтиёҷмандон худро ба қайд гузоштаанд, ки аз ин 202 нафар ба вилояти Хатлон, ҳудудан 30 нафар ба ш.Душанбе, 28 нафар ба вилояти Суғд ва 22 нафар ба НТҶ рост меояд. Албатта, барномаи мазкури инноватсионӣ ҷиҳати татбиқ барои ҳудуди вилояти Хатлон ба нақша гирифта шуда буд, аммо шахси маъюб худ эҳтиёҷманд ва дастнигар аст, бинобар ин ҳайати идоракунӣ натавонист, ки бақайдгирии шахсони дигар минтақаҳоро рад кунад. Бақайдгирии хоҳишмандон ба таври ихтиёрӣ ва дар асоси дархости хаттӣ ва электронӣ ба роҳ монда шудааст. Тафовути ин механизми муосир аз тартиби анъанавӣ дар он аст, ки: (1) саҳифаи иҷтимоӣ — кумакрасонӣ доимӣ аст; (2) воситаи кумакрасонии фосилавӣ ва сарфаи вақту пул аст (яъне, шахс мехоҳад кумак расонад, аммо имконияти ба манзили эҳтиҷманд ташриф оварданро надорад); (3) андоза ва ё ҳадди кумак маҳдуд нест (нафаре метавонад 100 сомонӣ, нафари дигар-1 сомонӣ кумак расонад); (4) василаҳои кумакрасонӣ фасеҳ аст (хайрхоҳ метавонад тариқи воситаҳои интиқоли электронӣ (ҳамён, корти бонкӣ, тавозуни телефони мобилӣ ва ғайра) ба корти бонкӣ ё ҳамёни электронӣ ва ё телефони мобилии шахси маъюб маблағи кумакро интиқол намояд); (5) саҳифа фарогири шумораи зиёди эҳтиёҷмандон (маъюбон) аст, ки имконияти интихоб дорад; (6) ҳамоҳангсози робитаҳо ва кафили фаъолияти дуруст ва доимии саҳифа — сохторҳои ҳизбӣ (ҳамчун мусоидаткунанда дар ҳалли мушкилоти муайян вобаста ба фаъолияти босамари саҳифа, аз ҷумла баҳамории хайрхоҳ ва эҳтиёҷманд сохторҳои ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо фаъолиятро пеш мебаранд).
  17. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон саҳифаи фейсбукӣ — https://www.facebook.com/HunarhoiDasti ташкил карда шуд, ки барои ҷой кардан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунармандӣ (барои ҳунармандон ба таври ройгон) хизмат мекунад. То имрӯз дар ин саҳифаи фейсбукӣ 379 молу маҳсулот ҷой карда шудааст, ки харидор дар як вақт бо арзиши он, симои зоҳирӣ, таркиби истеҳсолӣ ва макони истеҳсол ва ё шахсияти истеҳсолкунанда – ҳунарманд шинос шуда, метавонад дарҳол тариқи фосилавӣ молу маҳсулоти мақбули худро фармоиш диҳад..
  18. Дар радифи пешбурди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму технология ва ҷорӣ кардани навгониҳо ба фаъолияти илмию инноватсионӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир диққати махсус медиҳад. Зеро илм асоси тараққиёт ва болоравии иқтисодиёти давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» ҳамасола баргузор намудани конференсияи илмии амалӣ ташаббус гардид. Ин конференсияи илмӣ соли 2020 дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар ш.Бохтар (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар) бо иштирок 50 олимону муҳаққиқон ва 6 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Данғара дар ноҳияи Данғара бо иштироки 150 нафар олимону муҳаққиқони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, дар он олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ  машғул мебошанд, аз донишгоҳу донишкадаҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар (Россия, Украина ва Молдова) дар чаҳор бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ»,  «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» бо пешниҳоди 80 мақолаҳои илмию таҳлилӣ иштирок намуданд.
  19. Ташаббуси дигар дар ин самт он аст, ки Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» дар китобхонаи электронии сатҳи байналмилалӣ, ки бо унвони «ELIBRARY» ва ё «РИНЦ» дар байни олимон машҳур аст, ворид карда шуд. Акнун, маводҳои дар ин китобхонаи маҷозӣ ҷой дода шуда, барои доираи васеи олимон дастрас буда, он ҳамчун асос зимни баррасии корҳои мустақили илмию таҳқиқотии муҳаққиқ ба инобат гирифта мешавад. Яъне, Маҷалаи илмии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» нуфузи байналмилалӣ касб намуд.
  20. Интишори маводҳо ташаббуси дигарест, ки бо мақсади паҳн намудани иттилооти хабарии ҳизбӣ дар шабакаи Интернет, бахусус сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook ба роҳ монда шудааст. Бо ин восита метавон то андозае фазои маҷозиро бо маълумоти комил ва манфиатбахш пур карда, имконияти паҳн шудани маводҳои муғризона ва фитнаоварро маҳдуд намуд. Боиси зикр аст, ки яке аз сабабҳои «маъруфият» пайдо кардани маводҳои муғризона дар Интернет, ин набудан ва ё кам будани маводҳои иттилоотии комилу мусбӣ мебошад. Яъне, ин ташаббус саривақтӣ буда, ҳамчун фишанги идеологӣ аз ҷониби кормандони ҳизбӣ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, вокунишгарон ва волонтёрони ҳизбӣ ҷиҳати муқовимат бар ниҳодҳои ифротӣ ва экстремистӣ амал менамояд.  Ҳамзамон бо ин восита метавон малака ва сатҳи дониши кормандони ҳизбиро оид ба истифодаи шабакаи Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотӣ таҳким мебахшид, ки тақозои ҷомеаи муосир мебошад. Маводҳои хабарии аз натиҷаи фаъолияти сохторҳои ҳизбии ҳудуди вилоят ҷамъоварӣ шуда, ҳамарӯза аз ҷониби шуъбаҳои тарғиботии кумитаҳои иҷроия (дар муҳлати 1 соат, 15:30-16:30) интишор мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ (аз 27.04.2021) — 20758 мавод тариқи 708146 пайванд интишор шуда, таваҷҷуҳи 340166 нафар ҷалб карда шуд.
  21. Дар ҳолати имрӯза барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар маҷмуъ 40 га замин ҷудо шуда, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва коркарди заминҳо / хоҷагиҳо ҷараён доранд.
  22. Фаъолияти волонтёрӣ ташаббуси дигаре мебошад, ки дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳравндӣ ва омодасозии кадрӣ пеш гирифта шудааст. Дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ саҳми волонтёрон хеле зиёд аст; онҳо пайваста дар корҳои таблиғотию фарҳангӣ фаъол буда, доимо ба сифати хадамоти ёрирасон ҳозир мебошанд. Аз ҷумла, дар бартарафсозии ҳисороти офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, А.Ҷомӣ, Вахш, Ш.Шоҳин, Ёвон ва Восеъ бавуқуъомада волонтёрон-аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолона иштирок намуданд, ки боиси қаноъатмандист.
  23. Барномаи «Сарбози ихтиёрӣ». Ин механизми муосирро метавон механизми ҷамъиятии сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ном гузошта, онро тавассути ва ё истифода аз иқтидории ташкилӣ, аз ҷумла истифодаи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар маҳаллаву деҳот ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот амалӣ намуд. Ба Барномаи мазкур ба сифати дастурамал барои кормандони ҳизбӣ Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ замима гардидааст, ки аз 13 қадами татбиқ иборат буда, системаи ҷамъиятеро монанд месозад, ки дар он ҳам сохтори ҳизбӣ ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратӣ (комиссариати ҳарбӣ) ва ҳамчунин мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ уҳдадориҳои хоси қонуниро соҳиб буда, дилгармӣ ва ҳавасмандии шаҳрвандон ҷиҳати сафарбар кардани фарзандони худ ба хизмати ҳарбӣ зиёд шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ таъмин карда мешавад.
  24. Айни замон ҳамчун ташаббуси инноватсионӣ дар ҳошияи эълон гардидани 5-солаи рушди саноат ва таъмини амнияти озуқаворӣ азм дорем, ки ҳамчун хоҷагии ёрирасон Шабакаи хизматрасонии логистикӣ оид ба маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли Сомона-мағоза ташкил карда шавад. Вазифаи асосии ин Шабака — дастрас ва таъмин намудани марказҳои савдо, тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо ва ғайра бо маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ мебошад. Ҳоло бошад, Консепсия ва ё лоиҳаи консептуалии Шабакаи мазкур таҳия гардида, бо ҷалби мутахассисони соҳа таҳияи нақшаи тиҷоратии дахлдор ҷараён дорад.
  25. РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ: Дар вилояти Хатлон ба дастуру ҳидоятҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос меёбад, ки баҳри рушди устувори фаъолияти ҳизбӣ, ташаббускорию навоварӣ ва такмили тарзу услуби муосири идоракунӣ тақозо гардидааст.

Рейтинг – намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.

Рейтинги ҳизбӣ дар натиҷаи таҷрибаи он дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар муҳлати якуним соли охир самаранокӣ ва аҳмиятнокии худро бараъло нишон дода, боиси сарфарозист, ки он имрӯз аз ҷониби роҳбрияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ барои татбиқ дар сатҳи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ёфта, рушди устувор касб намоянд.

Рейтинги ҳизбӣ дар соли 2021 бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва талаботи фаъолияти идоракунӣ бо фарогирии 12 нишондиҳандаи зерин ба роҳ монда шуд:

  • таносуби аъзогӣ (ҳиссаи аъзои ҳизб нисбат ба аҳолии қобили амал);
  • таҳкими узвият (таносуби шумораи умумии аъзои ҳизб ва аъзое, ки уҳдадории худро (пардохти ҳаққи узвиятро) иҷро мекунанд-мақсад: тозакунии сафи ҳизб);
  • қабули аъзо (динамикаи қабули аъзои салоҳиятнок (нав) ба сафи ҳизб дар таносуб ба таъмини иҷрои нишондиҳандаи (нақшаи) дахлдор-мақсад: тозакунии сафи ҳизб);
  • коргузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ (таносуби утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла мавҷудияти протоколҳои маҷлисҳои даврӣ, фаъолнокии ташкилотҳои ибтидоии деҳот);
  • иҷрои буҷет (сатҳи таъмини иҷрои буҷет аз рӯи нишондиҳандаҳои муайян: (1) пардохти ҳаққи узвият аз рӯи нақша ва асл (воридот); (2) пардохти қарзи ҳаққи узвият аз давраҳои гузашта; (3) пардохти қарзи дигар уҳдадориҳои муайян);
  • ташаббусҳои ҳизбӣ (таносуби байни шумораи умумии чорабиниҳо ва ё иншооти сохташуда ё таъмиргардида аз рӯи ченаки дахлдор ва иқтидори кадрӣ);
  • пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ (сатҳи ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳо бо мақсади муайян намудани таъсирбахшии фаъолияти идеологӣ-арзёбии нишондиҳандаҳои дахлдор нисбат ба шумораи аҳолии комилҳуқуқ (аз 18 боло) ва иқтидори кадрии кумитаҳо);
  • тарбияи ватандӯстии (шуҷоатмандии) ҷавонон (сатҳи фаъолнокии сохторҳои ҳизбӣ — шумораи ихтиёриёни ҳизбӣ, ки ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд ва маҷмӯи чорабиниҳои (вохӯрию суҳбатҳои) фаҳмондадиҳӣ);
  • интишори мавод ва вокунишҳо (таносуби шумораи умумии маводҳои интишоршуда, ҷолибияти онҳо, шумораи вокунишҳо бар зидди маводҳои интернетии муғризонаи ниҳодҳои экстремистӣ ва иқтидори кадрӣ);
  • хоҷагии ёрирасон (масоҳати замини барои кишоварзӣ ҷудогардида (на кам аз 5 га);
  • маҳорати идоракунӣ (таносуби натиҷаҳои омории фаъолияти кормандони ҳизбӣ тибқи ҳисоботҳои ҳармоҳаи фардӣ. Рейтинги раисони кумитаҳо ҳамчун ҳисоби миёнаи ҷамъи холҳои кормандон муайян мегардад);
  • Обуна-2022 (таносуби иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2022).

Ин навбат зимни корҳои таҳлилии рейтинги ҳизбӣ шароитҳои ҷойгиршавии географӣ ва иқтидорҳои амалии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррар кардани коэффисиенти имтиёзнок ба назар гирифта шуданд, ки адолатнокии баҳогузориро зиёд намуд.

Ҳамин тариқ, дар соли 2021 тибқи рейтинги ҳизбӣ дар се зинаи ифтихорӣ – ҷойи аввалро ноҳияи Қубодиён (соли гузашта, зинаи 9), ҷойи 2-юмро ноҳияи Фархор (соли гузашта, зинаи 1) ва ҷойи 3-юмро ноҳияи Ҷ.Балхӣ (соли гузашта, зинаи 24) ишғол намуданд. Мувофиқан Ҷоми сайёри ҳизбӣ зери унвони «Ҳамеша ба пеш!», ки дар натиҷаи ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар ихтиёрдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор қарор дошт, ба тими Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён мегузарад.   

Мутаассифона, дар зинаҳои охир ноҳияҳои Хуросон-25 (соли гузашта, зинаи 7), Муъминобод-24 (соли гузашта, зинаи 25) ва Ҳамадонӣ-23 (соли гузашта, зинаи 22) ҷой гирифтанд. Боиси нигаронӣ он аст, ки ду сол боз, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Дӯстӣ дар зинаҳои охир ҷой мегиранд, яъне фаъолият дар ин ноҳияҳо мутаносибан заиф арзёбӣ мегардад. 

Бояд иброз намуд, ки Рейтинги ҳизбӣ ҳар семоҳа дар асоси ҳисоботҳои оморию хаттии аз кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ба КИВ пешниҳдгадида, татбиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи корӣ-2021, гузоришҳои таҳлилии шуъбаҳои алоқаманд ва сарпрастон дар КИВ тартиб дода шуда, он ҳамчун меъёри фаъолнокии ҳизбӣ нисбат ба субъектҳои дахлдор ба роҳ монда мешавад. Албатта, нисбат ба сохторҳои ҳизбие, ки давра ба давра зинаҳои поёниро дар рейтинги ҳизбӣ ишғол менамоянд, чораҳои дахлдор татбиқ карда мешаванд.

This entry was posted in Выступления, ДАСТОВАРДҲО by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s