Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хатлон, 9-10 декабри соли 2021

9-10-уми декабри соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши идона бо иштироки доираи васеъ, аз ҷумла аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд,  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли  ҳизб, олимону шоирон доир гардид.

Дар доираи ин чорабинӣ, ки ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рост меояд, ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва як қатор иншооти навбунёди ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон дидан намуданд.

Оғози ҳамоиши ҳизбӣ дар Восеъ

Субҳи 9-уми декабр дар назди Мамнуъгоҳи таърихии фарҳангии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса оғоз гардид ва ҳайати меҳмонон дар назди Мамнуъгоҳи таърихии фарҳангии Ҳулбук бо самимияти хосса истиқбол шуданд.

Боздид  аз Мамнуъгоҳи Ҳулбук

Иштирокдорони ҳамоиш ба Мамнуъгоҳи таърихии фарҳангии Ҳулбук ташриф оварда, вобаста ба таърихи он маълумот ва таассуроти бештар гирифтанд. Меҳмонон изҳори хушнудӣ намуданд, ки дар доираи ин ташаббус имконияти тамошои Мамнуъгоҳи Ҳулбук барояшон фароҳам гашт. Аз ҷумла ба иштирокдорон иттилоъ дода шуд, ки  ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри ободон буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт. Якум, давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад. 

Дуюм, Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду  Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру  Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази  иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми кӯҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд.  

Сеюм, замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфта буд.

Ташрифи иштирокчиёни ҳамоиши   ба “Ҳавзи  Қайнар”

Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ба “Ҳавзи Қайнар” ташриф оварданда, аз табиати афсункори ин мавзеъ баҳравар гардиданд. Ҳамчунин, дар ин баробар меҳмонон оид ба ин кӯл, ки  таърихи беш аз ҳазор сола дорад, мароқ зоҳир карда, маълумоти  муфассал гирифтанд. 

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳавзи Қайнар»-ро ифтитоҳ кардаанд.

Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст.    

Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонад.

Иттилоъ доданд, ки аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудааст. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи сомониён, кӯшониён ва юнону бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.

Тибқи итилои сарчашмаҳо «Ҳавзи Қайнар» манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб рафта, оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда мешудаст.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад.

Роҳравҳои ҳудуди мавзеъи таърихӣ ба андозаи 4 580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудааст. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст.  

Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст ва сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.

Мавзеъи таърихии «Ҳавзи Қайнар» аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр дур воқеъ мебошад.

Ташриф ба Маҷмааи хизматрасонии “Сайёҳон”

Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ ба маҷмааи хизматрасонии “Сайёҳон” ташриф оварда, ба шароитҳои он аз наздик ошно гардиданд.

Иттилоъ доданд, ки соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи хизматрасонии (меҳмонхонаи) «Сайëҳон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаст.

Маҷмаа дар масоҳати 1,8 гектар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ки дорои имконоти васеъи сайру саëҳат мебошад.  

Дар ҳудуди маҷмаа фаввора, ду ҳавзи шиноварӣ ва як шаршара бунёд намудаанд. Фаввора дар масоҳати 150 метри мураббаъ сохта шуда, баландиаш 7 метрро ташкил медиҳад ва бо санъати баланди ҳайкалатарошӣ оро ëфтааст. Дар ҳар қабати фавора бо маҳорати нотакрори ҳунармандӣ ҳайкалчаи паррандаҳои нодир ва пайкараи одамон дар даст созҳои мусиқӣ, инчунин ашёи рӯзгор гузоштаанд, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърих мебошад. Ҳамин гуна пайкараи одамон бо сару либоси миллӣ, ҳайкалчаи ҳайвону паррандаҳои нодири кӯҳистони мамлакат ва хонагӣ дар дигар гӯшаҳои маҷмаа низ гузошта шудааст, ки шумораашон ба беш аз 20 адад мерад.

Меҳмонхонаи «Сайëҳон» дар ин маҷмааи замонавии хизматрасонӣ аз 4 ошëна иборат мебошад. Намои берунаи иншоот бо санъати кандакорӣ ва наққошӣ оро дода шуда, дорои тарҳи ҷолиб аст. Сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхона ба стандарти байналмилалӣ мутобиқат мекунад. Дар деворҳои дохили бино рӯзгору зиндагонии тоҷикон дар давраҳои гуногун тасвир ëфтааст.

 Дар наздикии меҳмонхона ҳавзи моҳӣ бо дарозии 170 ва паҳноии 20 метр ва гармхонаи намоишӣ дар масоҳати 22 садяк бунëд намудаанд. Ҳоло дар ҳавз 10 тонна моҳӣ парвариш меёбад.

Дар атрофи маҷмаа 20 гектар боғи мевадиҳанда мавҷуд мебошад.  Барои тамошои сайёҳон аз маҷмаа ва боғҳои мевадиҳандаи атроф 10 мошини электромобилӣ вуҷуд дорад.

Беруни ҳудуди маҷмааро низ соҳибкорон дигаргун сохта, бо шинонидани 500 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ороишӣ, 1000 бех бутагул ва 3000 дона гулҳои мавсимии рангоранг зебову диққатҷалбкунанда намудааст.

Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ҳайати меҳмонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ба самти Муъминобод (гурҳи 1), дигаре ба самти Ховалинг (гурӯҳи 2) роҳсипор шуданд.

Боздиди меҳмонон аз ноҳияи Муъминобод

Дар идомаи сафар гурӯҳ меҳмонону иштирокчиён ба самти ба ноҳияи Муъминобод ҳаракат намудем. Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмононро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ихтиёриён ва ҷавонону сокинони меҳмоннавози ноҳия тибқи анъанаҳои неки мардумӣ пазироӣ намуданд. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ аз истиқболи гарму самимии сокинону фаъолони ноҳия ва чорабиниҳои ҷашни ба истиқболи 27 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  изҳори сипосгузорӣ намуда, ин санаи муҳимро ба аҳли ноҳияи Муъминобод табрику таҳният гуфта, ташаббусҳои неку созандаи  аъзони ҳизб ва ширкати фаъоли мардумро дар раванди татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз иттиҳоду сарҷамъии мардум ва мақому эътибори ҲХДТ дар ҷомеа арзёбӣ намуд.

Сипас, меҳмонон ба самти Оромгоҳи яке аз мутафаакирони олами ирфон Мир Сайид Ҳасан Шоҳи Хомӯш роҳсипор шуданд. Дар даромадгоҳи оромгоҳи “Шоҳи хомӯш” меҳмонону иштирокчиёни ҳамоишро бостоншиносону шахсиятҳои обурӯманд ва сокинони деҳаҳои атрофи ин мавзеи таърихӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд. Аз суҳбат бо нигоҳбони оромгоҳ ва сокинони маҳаллӣ маълум мегардид, ки мардуми ин диёри зебонманзар оид ба таърихи диёри худ ва зиндагиномаи гузаштагони ин диёри кӯҳистонӣ донишу маълумоти кифоя дошта, ба суолу пурсишҳои меҳмонону сайёҳон ҷавоби қонеъкунанда дода метавонанд.

Баъди зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Ҳасан Шоҳи Хомӯш меҳмонон аз ҳаёту фаъолиятҳои меҳнатӣ ва дастовардҳои ҳаётии сокинони деҳоти атроф шиносоӣ пайдо намуданд ва мардуми ин деҳоти бостонӣ ба нишони эҳтиром ва урфу анъанаҳои неки ниёгон ба меҳмонон намунае аз дастранҷҳои худро инъом намуданд.

Истиқболи меҳмонони ҳамоиш дар Ховалинг, боздид аз мавзеи “Чилдухтарон”

Дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг меҳмонони ҳамоиши ҳизбиро, ки ба хотири 27-солагии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, сокинони меҳмонноавози ин ноҳия самимона бо нону намак ва рақсу суруд самимона истиқбол карданд.

Баъди маросими пешвозгирӣ ҳайати меҳмонон ба мавзеи зебои афсонавии “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод раҳсипор шуданд. Дар ин мавзеи сайёҳӣ иштирокдорони ҳамоиш бо шукӯҳи хоса истиқбол шуда, барояшон зиёфати хоссаи таомҳои миллӣ ороста шуд.

Дар ин Ҳамоиш ба иштирокдорон оид ба таърихи мавзеи “Чилдухтарон” маълумот доданд. Ба гуфтаи таърихнигорон дар замонҳои хеле қадим тӯдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон, писарону духтаронро ба худ ғулом карда, ба мамолики дурдаст бурда мефурӯхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зуран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон, муйсафедону кампирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷангиданд. Бо корнамию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лакаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухурд чанд шабонарӯз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии беяроқу бепушту паноҳ ба сӯи кӯҳҳои сарбафалак рӯ оварданд. Як қисми душманонро аҳолӣ фиреб карда, худ ба сӯи кӯҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ мебаранд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону муйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гурӯҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сӯи кӯҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани духтарон буд.

Воқеан онҳо ба мақсади хеш наздик мешуданд. Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тӯдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девсиратон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон, ҳар яке дар ҷои истодаашон ба санг мубаддал мегарданд ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанӯз дар қиёманд.

Шоми ин рӯз ҳайати меҳмонон ба меҳмонхонаи “Чилчанор”-и ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, дар ин ҷо аз барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия баҳравар гаштанд.

Субҳи 10-уми декабр бошад, ба зиёратгоҳи “Султон Увайси Қаранӣ” ташриф оварда, ин макони муқаддасро зиёрат карданд ва вобаста ба таърихи он маълумоти муфассал гирифтанд.

Ислом Ҳайдарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат зимни боздид аз меҳмонхонаи Сайёҳӣ таассуроти худро чунин иброз дошт: “Ҳамоиши бахшида ба 27 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар таҳкими робитаҳо миёни Кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои кишвар, нақши муассир дошта, ҳамзамон, намояндагони минтақаҳои гуногуни мамлакат аз мавзеҳои сайёҳии вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо менамоянд. Итмионон дорам, ки баъди баҳрабардорӣ аз таҷрибаи корҳои созандагӣ ва дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон ҳар яки мо ҷиҳати амалӣ намудани инчунин ташаббусу андешаҳои созанда дар шаҳру ноҳияҳои зисти хеш саҳме хоҳем гузошт”.

Ҳамоиши ҳизбӣ дар Балҷувон

Сокинони меҳмоннавози  ноҳияи Балқувон дар даромадгоҳи ноҳия  меҳмононро  самимона истиқбол  намуданд.  Зимнан, ҳайати меҳмонон ба Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, нигораҳои осорхонаро тамошо карданд. Вобаста ба таърихи ҳар як нигораи он масъулони осорхонаи  мазкур ба меҳмонон маълумот доданд. Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.

Осорхона санаи 23 сентябри 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.

Дар идома меҳмонони ҳамоиш Гулгашти марказии ноҳияи Балҷувонро тамошо карданд. Гулгаш дар масоҳати умумии 80 садяк доман густурда дарози ва паҳноии он бошад 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулин ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон ва дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳияи Балҷувон бунёд гардида, зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуррии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 августи соли 2019 мавриди ифтитоҳ қарор ёфтааст. 

Ташрифи  меҳмонон дар шаҳри Кӯлоб

Шоми рӯзи 9-уми декабр ҳайати меҳмонону иштирокчиёни Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.  Меҳмононро дар назди Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва зиёиёну фаъолони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб истиқбол гирифтанд. Баъдан меҳмонон ба Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз тамошои нигораву ёдгориҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ баҳравар гардиданд.

Лутфулло Шифоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод, иброз медорад, ки баъди 35 соли хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ инак, бори нахуст ба шаҳри орзуҳои ҷавонии худ ташриф оварда, дидори ҳамсабақон ба вай мушарраф гардид. Шаҳри Кӯлоб аз он шаҳри замони шӯравӣ ба кулли фарқ мекунад, гарчанде, ки ҳар қадамҷойи овони ҷавониву дару девори донишҳгоҳро дида дили кас гум мезанад, боз ҳам ободониву навовариҳои бузурги созандагӣ Кӯлобшаҳри азизи моро зебову дилработар гардонидааст.  Ҳамзамон ин сафар ҷаҳонбинии ҳар нафар аз иштирокчиёни ҳамоишро ҷиҳати беҳтару зеботар ободу зебо намудани минтақаҳои гуногуни кишварамон васеътар менамояд.”

Зимни дидор аз намоишгоҳи “Чакан” дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб меҳмонон аз санъату ҳунарҳои дастии пешаварони моҳири шаҳри Кӯлоб шиносоӣ пайдо намуданд. Дар ин намоишгоҳ намунаҳои беҳтарини сару либос ва ҷиҳози арусӣ, тоқиву дигар маҳсулоти дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. 

Дар Қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб маросими тантанавӣ бахшида ба 27 солагии таъсисёбии ҲХДТ доир гардид, ки дар он Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷабор Азизӣ, раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, ҳамсафонро ба рӯзи таъсисёби ҳизб табрику муборакбод намуданд. Чуноне, ки Абдуҷабор Азизӣ зимни суханронии хеш иброз дошт, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи сиёсии ифодагари орзуву ормонҳои халқи тоҷик дар солу замоне ба арсаи сиёсат зуҳур гардид, ки дар Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари ҷавони мамлакат раванди таҳкими сулху вахдати миллӣ одома дошт. Дар ҳамин марҳилаи ниҳоят муҳим ба хотири сарҷамъиву баҳамоии тамоми қишрҳои созандаи кишвар ҷомеаи мо ба ҳизби навовару ифодагари арзишҳои инсонӣ эҳтиёҷ дошт. Натиҷаи садоқату кӯшишу заҳматҳои ҳамсафони мо ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар тӯли ин муддат ҳизби пешбарандаи ҷомеа миёни халқ маҳбубият пайдо кард.

Баъдан, раиси шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада меҳмононро ба шаҳри бостонии Кӯлоб хайра мақдам гуфт. Мавсуф аз таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти пурифтихори ҳамсафони хеш дар тӯли 27 соли фаъолияти ҲХДТ дар арсаи сиёсии мамлкат ёдовар шуда, идомаи ҳадафҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро ба хотири рушду ояндаи дурахшони Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳи Ватан арзёбӣ намуд.  Дар идомаи чора

Ислом Ҳайдарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат зимни боздид аз меҳмонхонаи Сайёҳӣ таассуроти худро чунин иброз дошт: “Ҳамоиши бахшида ба 27 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар таҳкими робитаҳо миёни Кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои кишвар, нақши муассир дошта, ҳамзамон, намояндагони минтақаҳои гуногуни мамлакат аз мавзеҳои сайёҳии вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо менамоянд. Итмионон дорам, ки баъди баҳрабардорӣ аз таҷрибаи корҳои созандагӣ ва дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон ҳар яки мо ҷиҳати амалӣ намудани инчунин ташаббусу андешаҳои созанда дар шаҳру ноҳияҳои зисти хеш саҳме хоҳем гузошт”.

Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, “Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Маркази Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид,  дар густариши ҳамкориҳо миёни кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои   ҳизб дар кишварамон нақши ниҳоят муассир хоҳад бозид. Ҳамоиши мазкур, ки  аз Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ оғоз ёфта, меҳмонону иштирокчиён аз мавзеҳои таърихиву сайёҳӣ ва  иншооти навбунёди шаҳру  ноҳияҳои вилояти Хатлон  шиносоӣ пайдо карданд, аз омодагии хубу саҳми арзандаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати  дар сатҳи баланд ва шукуҳу шаҳомати хоса гузаронидани  чорабинии мазкур дарак медиҳад. Чорабинии мазкур далели рӯшани иттиҳоду  сарҷамъии мардуми  кишвар ва мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон  арзёбӣ мегардад, ки ин неруи созандаву пешбарандаи сиёсати давлат миёни мардум маҳбубияти хоса пайдо намудааст”.

Ҳамоиши ҳизбӣ дар Темурмалик

Ҳамин сон, дар рӯзи дуввуми Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба таъсисёбии ҲХДТ меҳмонон ба зиёрати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафта, пас он, ба самти Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳаракат намуданд. Баъди пазироии меҳмонон аз ҷониби раиси ноҳияи Темурмалик ва масъулон ҳайати иштирокчиёни Ҳамоиш аз Кӯдакистони №2 “Бону” ва фаъолияти Фабрикаи пойафзолдӯзии “Кангурт” шиносоӣ пайдо намуданд.

Зимни суҳбат коргарону сокинони деҳоти мазкур изҳор намуданд, ки таъсиси корхонаи мазкур дар таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ғанигардонии буҷети ноҳия ва фароҳам овардани ҷойи кор барои сокинон, бахусус, занону духтарони маҳаллӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Зикр гардид, ки  дар бунёди иншооти муҳиму тарҳҳои бузурги созандагӣ дар кишвар, ки бо дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат раиси ҲХДТ амалӣ шуда истодааст, аъзоёни ҲХДТ саҳми арзанда доранд.

Нақши ҲХДТ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ  

Бахшида ба 27 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар Қасри фарҳанги  Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гашт. 

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,  муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода  Қурбон, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,  роҳбарону намояндагони ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар баромади худ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз ҷумла иброз  дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд»,— чунин зикр намуд дар конференсия.

Ҳамчунин, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар конференсия дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд. Илова дошт, ки мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва бо тамоми шароити мусоид таъмин шудани  онҳо нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба аъзои ҳизб ва далели аҳамияти баланди сиёсию иҷтимоӣ доштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад. А. Абдуҷаббор ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли иштирокчиёнро самимона табрику таҳният гуфтанд.

Дар  баромади худ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қариб се даҳсолаи ахир садоқатмандона баҳри таъмини арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҳизб рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

Зимнан Эмомалӣ Насриддинзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар  баромадаш аз ҷумла зикр дошт, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардидем.

Дар конференсия ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ низ дар мавзӯи «ҲХДТ — роҳнамои халқ» ва Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз» маърӯза кард. Дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои «ҲХДТ- падидаи сиёсии даврони Истиқлолият», «Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо бо  маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ ба  фаъолони ҳизбӣ Ифтихорнома, Сипосномаи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ва ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

Ҳамоиш бо барномаи фарҳангии санъаткорон ва ҳунармандони вилояти Хатлон ҷамъбаст  гардид.

Кумитаи тадорукот

This entry was posted in ДАСТОВАРДҲО, Сах. точики by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

1 thought on “Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Хатлон, 9-10 декабри соли 2021

  1. Уведомление: ДАСТОВАРДҲО / ТАШАББУСҲО | Қиёмиддин МИРАЛИЁН

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s