Суратгузориши мазкур ҳамчун инъикоскунандаи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шашмоҳаи аввали соли 2020 тартиб дода шудааст.
Зимнан, бо мақсади бо низом ба роҳ мондани фаъолияти идеологӣ маҷмӯи нишондиҳандаҳои асосӣ тартиб дода шуда, ҷамъоварии иттилооти дахлдор, таҳлилу баррасӣ ва дастурдиҳӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти муайяншуда ва ҳавасманд гардонидани сохторҳои дастовард дошта бо реҷаи ҳармоҳа ба роҳ монда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон фаъолиятро дар шаш моҳи соли 2020 бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ва бо дастёбӣ ба 8 навовариҳои зерин ҷамъбаст намуд:
- Таҳия ва амалӣ гардидани маҷмӯи нишондиҳандаҳо иборат аз 12 самт;
- Ташаккул додани стратегияи амал оид ба рушди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ғайрибуҷетӣ (ҷараён дорад);
- Ҷорӣ кардани рейтинги пешрафти ҳармоҳаи сохторҳои ҳизбӣ вобаста ба рушди фаъолияти дохилиҳизбӣ;
- Ташкили низоми ҳаррӯзаи амалиёт оид ба муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ;
- Ба роҳ мондани механизми ҳавасмандгардонии баҳогузорӣ – рейтинги сохторҳои ҳизбӣ оид ба муқовимат бо коронавирус;
- Ташаккул додани низоми электроникунонии муносибатҳои идоракунӣ (ҷараён дорад);
- Ташкили аксияи ҳизбӣ – сайёҳии таҷрибаомӯзӣ ва ободонӣ (дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ);
- Таҳкими низоми ҳуқуқии фаъолияти волонтёрии ҳизбӣ.




























