Таҳкими Буҷети давлатӣ ва захираҳои молиявии Тоҷикистон

БАРОМАД

зимни муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар 9 моҳи соли 2019»

ш.Душанбе, 29.10.2019

 

Хурсандиовар аст, ки ҳамасола Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро гардида истодааст, муқаррароти он сари вақт ва мутаносибан пурра татбиқ шуда истодааст.

Зимнан, чи тавре ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оварда шудааст: «Яке аз сарчашмаҳои асосии молиявӣ ин маблағҳои Буҷети давлатӣ мебошад, ки дар чорчӯбаи таҳияи буҷетҳои миёнамуҳлат барои давраи амалисозии Стратегия мунтазам тадбирҳо дар доираи ҳадаф ва афзалиятҳои муайяншуда мушаххас карда мешаванд».

Дар ҳамин санад низ, дар бахши «Шуғли пурмаҳсул» ба сифати афзалият «ташкили бозори меҳнати рақобатпазири дохилӣ» ва «зиёд намудани ҳиссаи шуғли расмӣ дар иқтисодиёт» муқаррар карда шудаанд. Дар воқеъ дар кишвар ҳиссаи шуғли ғайрирасмӣ хеле зиёд мебошад, бо иҷрои ин ҳадафҳо, аз ҷумла ташкили шароити хуби рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат мо метавонистем аз ин ҳисса, яъне аз ҳисоби танзими шуғлҳои ғайрирасмӣ сарчашмаи муътамади молиявӣ ташкил бидиҳем.

Бояд иброз намуд, ки шуғли ғайрирасмӣ, ин намуди шуғл ё шумораи зиёди фаъолиятҳое мебошад, ки дар бозори меҳнат бидуни расмиёти бақайдгирии давлатӣ, бе фарогирӣ дар ҳисобҳои оморӣ ва бе супоридани андозҳо амал мекунад.

Дар ин росто, ба сифати яке аз механизмҳои санҷидашуда ва устувор ҷиҳати ҳавасмандгардонии шаҳрвандони соҳибкор (субъектҳои шуғли ғайрирасмӣ) барои фаъолияти расмӣ низоми соҳибкории инфиродӣ ба вуҷуд омадааст. Тибқи қонунгузорӣ, соҳибкори инфиродӣ шахси воқеие мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида ҳамчун соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ва бо низоми соддаи андозсупорӣ фаъолияти соҳибкорӣ менамояд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки қонунгузор ба сифати яке аз механизмҳои паст кардани сатҳи шуғли расмӣ соҳибкории инфиродиро муқаррар кардааст, зимнан, василаҳои ҳавасмандии муайянро низ, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудааст. Аммо, вазъият вобаста ба самаранокии ин низоми соҳибкорӣ беҳбудиро талаб мекунад.

Зимнан, бояд иброз намоем, ки ин механизми ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон низ татбиқ мегарданд. Мисол, дар Федератсияи Россия 4 млн соҳибкори инфиродӣ[1],  Қирғизистон-396 ҳазор, Қазоқистон-1,1 млн[2] ва дар Англия-450 ҳазор соҳибкори инфиродӣ[3] фаъолият менамоянд.

Дар Тоҷикистон бошад, ибқи омори расмӣ (дар ҳолати 01.01.2018) беш аз 485 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, аллакай, 215 ҳазор ё инки 44,3% онҳо барҳам дода шудаанд. Барои муқоиса: ҳамзамон теъдоди шахсони ҳуқуқӣ беш аз 42 ҳазор адад буда, 20% онҳо барҳам дода шудаанд. Яъне, таносуби ин рақамҳо ба талаботи қонунгузорӣ ҳолати баръаксро инъикос менамояд. Мантиқан, соҳибкорони инфиродӣ бояд тамоюли афзоишёбӣ дошта бошанд, на таназзулёбӣ.

Дар ин ҷо, яке аз сабабҳои асосӣ, ин маҳдудияти қонунгузории соҳаи андоз ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки тибқи моддаи 112 Кодекси андоз «Тарҳи нисбат ба хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, инчунин хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад», дар ҳоле, ки аксари соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолият мекунанд. Яъне, тибқи ин муқаррарот, агар шахси ҳуқуқӣ аз соҳибкори инфиродии бо патент амалкунанда харид кунад, хариди он ё инки амалиёти молиявии он ба эътибор гирифта намешавад. Ин маҳдудият ё инки мухолифати байни меъёрҳои Кодекси андоз ба он оварда мерасонад, ки низоми соҳибкории инфиродӣ ҳамчун механизми ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ ё инки сарчашмаи молиявӣ ба Буҷети давлатӣ заиф гардида, оҳиста – оҳиста аз байн равад.

Дар асл бошад, барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар «Шуғли пурмаҳсул» чунин сарчашмаҳо бояд ки ҳаматарафа дастгирӣ карда шуда, ба ҳеҷгуна маҳдудиятҳо роҳ дода нашавад.

Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки (1) баҳри татбиқи босамари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат муқаррароти қисми 1 моддаи 112 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  бозбинӣ карда шуда, маҳдудиятҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ бартараф карда шаванд, зимнан, (2) вобаста ба танзими амалиётҳои молиявии харидории байни субъектҳои хоҷагидор таҳия ва ба амал баровардани роҳҳои муносибтар, ки боз ҳам ҳавасмандгардонии соҳибкоронро ҷиҳати расмикунонии фаъолият зиёд мекунад, тавсия карда мешавад.

 

 

Вакили МНМОҶТ

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода

[1] https://www.rbc.ru/economics/08/04/2019/5ca74ba89a79470e7084cdcf

[2] https://www.zakon.kz/4913974-kolichestvo-zaregistrirovannyh-ip-za.html

[3] https://www.sage.com/en-gb/blog/sole-trader-guide/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s