ИҚТИДОРИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНЗАНОН АСОСИ РУШДИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки мақоми занонро дар ҷомеа арзишманд арзёбӣ намуда, баҳри таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳама муносибатҳо пайваста тадбирҳо меандешад.

Демография ва нақши зан дар таълиму тарбияи насли наврас

Тибқи омори расмӣ занон ҳудудан нисфи аҳолиро ташкил медиҳанд[1] ва маҳз аз ҳамин ҷо асосҳо вобаста ба зарурати фаъол будани занон, мавқеи хосса доштани онҳо дар ҷомеа, аз ҷумла дар таълиму тарбияи фарзандон, ҳамқадами ҷомеаи муосир – соҳиби донишу малакаи касбӣ будан ва ҳомӣ – нигоҳдорандани арзишҳои миллии ниёгон, таҳкимдиҳандаи маданияти оиладорӣ ва тарбияи ахлоқӣ будани онҳо манша мегиранд.

Маданияти оиладорӣ, унсурҳои обидию миллии тарбиявию ахлоқии ҷомеаи мо дар ҷаҳон ҳамто надорад, ки он асосан ба зан – модари тоҷик хос мебошад; модарони мо ҳанӯз аз синни наврасӣ барои хонадорию фарзанддорӣ тарбият меёбанд, тамоми ҳаёти худро ба оила ва нигаҳбонию тарбияи узви хонавода мебахшанд. Ин дар ҳолест, ки ин арзиш дар ниҳоди занони қисми зиёди кишварҳо дида намешавад, зимнан барои онҳо худситоишӣ, худпарварӣ ва фаъолияти касбӣ / корӣ авлавият дорад.

Яъне, маданияти волои тарбиявию ахлоқии мо – тоҷикон аз интихоби арзишҳо ва хирадмандии зан-модар вобаста мебошад, маҳз хостагирии дурусти маънавии аҷдодӣ боис гардад, ки имрӯз новобаста аз таҳдидҳои пайдарпайии берунӣ ҷомеаи мо пойдор монад ва рӯ ба устуворӣ ниҳад.

Нақши занон дар таълиму тарбияи фарзанд хеле зиёд аст; соҳибмаърифатӣ ва донишмандии зан, ин на танҳо кафили ташаккул ёфтани ҷомеаи солим ва комил мебошад, балки ба рушд ёфтани захираи инсонӣ ва пешрафти иқтисодию сиёсии мамлакат боис мегардад.

Иқтидории воқеии илмии ҷавонзанон

Чи тавре дида мешавад, иқтидори зеҳнии занон, аз ҷумла ҷавонзанон иқтидори маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии заминавии оила ва ҷомеаро дар умум ташкил медиҳад. Аммо мутаассифона имрӯз ҳамагӣ 26,3% (942 наф.) олимонро (аз ҳисоби кормандони илмӣ) занон ташкил медиҳанд, ки аз ин рақам ҳамагӣ 11,6% (110 наф.) докторони илм мебошанд[2].

Дар инҷо, яъне вобаста ба паст будани иқтидори илмии занон якчанд сабабҳо мавҷудан, ки муҳимтарини онҳоро баррасӣ менамоем.

Якум – иқтидори имлии мамлакат худ заиф аст. Дар кишвар ба ҳолати имрӯза ҳудудан 4000 олимон ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо ҳамчун корманди илмӣ дар муассисаҳои тадқиқотию таълимӣ фаъолият доранд ва ин рақам ҳамагӣ 25% кормандони илмиро ташкил медиҳад. Яъне, дар мамлакат ҳамагӣ аз ¼ ҳиссаи (чоряки) кормандони илмӣ олимонанд, дар ҳоле ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» корманди илмӣ (муҳаққиқ) – шахси воқеие мебошад, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд[3]. Зимнан, корманди илмӣ бояд таҳқиқотчӣ – олим бошад, мувофиқан тамоми кормандони илмии муассисаҳои тадқиқотӣ ва олии таълимӣ – 100% бояд олим бошанд.

Дуюм – маблағгузории соҳаи илм хеле кам аст. Тибқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ ҳаҷми маблағгузории соҳаи илм бояд беш аз 2% ММД-ро ташкил диҳад; ин рақам дар мамлакат ба 0,1% баробар аст[4]. Зимнан, яке аз кишварҳои ҷаҳон – Финалндия маҳз бинобар зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи илм, имрӯз ба яке аз мамлакатҳои пешрафта бо ташкили сатҳи беҳтарини зиндагии аҳолӣ бидуни боигариҳои табиӣ табдил ёфтааст.

Сеюм – сатҳи паст ё динамикаи нодурусти донишандӯзӣ дар байни (ё ин ки нисбат ба) ҷавонзанон. Динамикаи донишандӯзӣ ё таҳсили марҳилавии ҷавонзанон аҳроми (пирамидаи) по ба болоро монанд меозад – шумораи таълимгирандон, аз ҳисоби ҷавонзанон, аз 48-49% дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ то ба 36-37% дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кам гардида[5], то ба муассисаҳои таҳқиқотӣ (ҳамчун корманди илмӣ) ба 26,3% мерасад.

Чорум – камфаъолӣ ё бетарафии волидон ба тақдири касбӣ – фаъолияти меҳнатии духтарон (дар оянда). Мутаассифона то ба имрӯз дар ҷомеа одатҳои кӯҳнашуда, қолабӣ ва хурофотие мавҷуданд, ки ба таълиму тарбияи дурусти духтарон монеа мегарданд.

Панҷум – иштироки заиф, камфаъоли ҷавонзанон дар ташаккули ҳаёти касбӣ-меҳнатии худ. Тибқи мушоҳидаҳо кулли ҷавонон, аз ҷумла ҷавонзанон имрӯзҳо вақти зиёди худро дар амалҳои фароғатӣ мегузаронанд, ба монанди тамошои оинаи нилгун, гуш кардани мусиқӣ, бозӣ дар шабакаи Интернет, гуфтугӯи зиёд тариқи телефони мобилӣ ва барномаҳои интернетӣ ва ғайра. Ин ҳама хуб аст, аммо тибқи таҳлилҳои илмӣ вақти фароғат бояд то 17% вақти корӣ бошад, яъне ҳудудан 2 соат дар як рӯз[6].

Хулоса

Ҳамин тариқ, хулоса мегардад, ки баҳри устувор гардонидани иқтидори зеҳнии ҷавонзанон мебояд ҳамаи институтҳои ҷомеа фаъол бошанд – иштироки бевоситаи ҷавонзанон дар ташкили фаъолияти касбӣ-меҳнатии худ, маблағгузории соҳаи илм аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонзанон ва баланд бардоштани маърифатнокии волидон аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус кумитаҳои рушди маҳалла ва масъулиятнокии волидон дар / ба тақдири ояндаи ҷавонзанон аз тадбирҳои фаврӣ ба ҳисоб мераванд.

Мо – мардуми шарқ, миллати тамаддунофар буда, чаҳорчӯбаи беҳтарин ва хоси таълиму тарбияи шарқиёнаи духтаронро, дар мисоли рисолаҳои назариявию илмӣ ва адабии гузаштагони худ, соҳиб мебошем; аз мо дида, ҷомеаи дигар кишварҳо аз ин дастовардҳо бештар истифода мебаранд ва рушд ёфта истодаанд. Моро зарур аст, ки одатҳои кӯҳнашуда, қолабӣ ва хурофотиро пас гузошта, ба хирад – ақли комил такя карда, арзишҳои обидию миллии тарбиявию ахлоқиро ба роҳбарӣ гирифта, шароити ҷомеаи муосирро, аз ҷумла пешрафти илму техника ва технологияҳои иттилоотиро ба инобат гирифта, муқаррароти қонунгузорӣ ва анъанаҳои хоси миллии тамаддунофариро риоя намуда, баҳри ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнии ҷавонзанон, таҳкими нерӯи маънавии зан-модар ва ояндаи устувори ҷомеа, зимнан рушди илми тоҷик ва баборории навовариҳои муосир тадбирҳо андешем.

МИРАЛИЁН Қиёмиддин


[1] Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2018: Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, с.2018 – с. 14

[2] Научно-технический потенциал Республики Таджикистан в 2017 году (Аналитический сборник): ГУ Национальный патентно-информационный центр: Душанбе, 2018. – с. 11

[3] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №3 , мод.219; соли 2018, №5, мод.281

[4] Научно-технический потенциал Республики Таджикистан в 2017 году (Аналитический сборник): ГУ Национальный патентно-информационный центр: Душанбе, 2018. – с. 3

[5] Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2018: Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Душанбе, с.2018 – с. 58

[6] Седова Н. Н. Досуговая активность граждан. Социологические исследования №12: М. 2009 – с.2

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s