Маданияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ

БАРОМАД

зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

 

Мӯҳтарам Раси, вакилони арҷманд,

 

Сараввал, аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо ба оғози саҳифаи нави таърихӣ — манбаи рушноӣ ва такомули иқтисодиёт, кушодашавии НБО «Роғун» муборак мегӯям, зеро он дар оянда яке аз унсурҳои асосии инкишофёбии буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар шароити рушдёбии муносибатҳои иқтисодӣ яке аз масъалаҳое, ки ҳамзамон ҳамчун манбаи равнақёбии буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад, ин маданияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ мебошад. Зимнан, чи тавре дар фасли 4-уми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 оварда шудааст: «Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад».

Яъне, имрӯз, ки заминаҳои ташаккулёбии буҷети давлатӣ муътадил гардидааст ва ҳамасола рушд ёфта истодааст, қадами дигар, ин истифодаи самараноки он аз ҷониби субъектҳои тақсимкунанда ва ё истифодабаранда (шахсони масъули татбиқкунандаи буҷети давлатӣ) арзёбӣ мегардад. Дар ин росто истифода бурдани таҷриба ва моделҳои муваффақи кишварҳои пешрафта вобаста ба такмили дониши субъектҳои тақсимкунанда (ташкили давраҳои мунтазами омӯзишӣ, тренингҳо, семинарҳо), мониторинги ҷараёни истифода ва самарабахшии маблағҳои буҷетӣ ва аудити мустақили амалиёти молиявӣ аз манфиат холӣ нест.

Илова бар ин, хушбахтона низоми буҷетии кишвар ҳамасола рушд ёфта истодааст, муносибатҳои идоракунии молиявӣ ба системаҳои нави рақамӣ, худкор, интернетӣ, ғайринақдикунонӣ ва барномасозии буҷетӣ гузашта истодаанд, ки такмили дониш, омӯхтани таҷриба ва сайқал додани малакаи кормандони масъули мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи бомароми ин системаҳо тақозо мегардад.

Вакилони арҷманд бо назардошти таклифҳои боло хоҳиш менамудам, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дастгирӣ карда мешуд.

 

Вакили МНМОҶТ

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s