МАКТАБИ «ШУҶОАТ»-и ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ба санаи кушодашавии чархи аввали НБО «Роғун» — 16 ноябри соли 2018 бахшида мешавад.

 

МАКТАБИ «ШУҶОАТ»-и ПЕШВОИ МИЛЛАТ

30004287464_a25f0ca09c_o

Имрӯзҳо ба нуқтае расида истодаем, ки халқу миллати тоҷик асрҳо интизораш буданд; ин дастоварде ҳаст, ки миллионҳо нафар пазмонаш буданд, ҳазорҳо дар роҳи ноилгардӣ ба он талош варзиданд, мубориза бурданд, ҳамчун мероси муосири миллӣ ва ҳаққу ҳуқуқи воқеӣ онро ҳифз намуданд – бакорандозии НБО «Роғун».

НБО «Роғун» на танҳо манбаи рушноӣ ва такомули иқтисодиёт аст, балки нишондоди сиёсати устувори давлат – далерию шуҷоатмандӣ ва тамаддунофарии миллат, замина барои рушди иҷтимоӣ, беҳгардии сатҳи зиндагӣ ва таҳкимбахши фарҳангу маънавиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Басо рамзист, ки санаи ифтитоҳи дастоварди аср ба Рӯзи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рост омад, зеро ин ду падида, тавъами якдигар буда, кушишу талошҳо ва мавқеъгириҳоро дар роҳи расидан ба онҳо дар маҷмуъ мактаби «Шуҷоат»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номидан мумкин аст.

Ин мактаби «Шуҷоат» мо – ҷавононро бояд намунаи ибрат бошад, зеро асосгузори ин мактаб – Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат бо ҷавононанд ва ҳар лаҳза талош бар тарбия ва камолоти муносиби ҷавонон, омодасозии онҳо ҳамчун ҳамқадам ба ҷомеаи ҷаҳон ва беш аз он доранд.

Дар давраи чоряки Истиқлоли­яти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ омаданд — пастию ноу­м­­едӣ, рӯҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳ­ҳои бисёри ноҳамвори зинда­гӣ моро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Пешвои миллат ҳамроҳи мо-ҷавонон буданд ва ҳастанд, моро дастгирӣ ва пешвоӣ мекунанд; аз ҳисоби ҷавонон ноумеду рӯҳафтодагонро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз та­зодҳои ҳаётӣ ва қарорҳои созго­ри хеш умед мебахшанд; гар­онии рӯзмараи ҳар яки моро ҳамчун бародар ва роҳбар сабук ва ҳал менамоянд; моро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дӯст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекунанд, ба мо – ҷавонон роҳ мекушоянд. Мо ифтихор аз он мекунем, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мо — ҷавонон ҳастанд. Албатта, мо – ҷавонон низ ҳамроҳ ва пайрави Пешвои миллат мебошем!

Имрӯз нуқтаи муҳим барои ҷавонон – ояндасозони ҷомеа дар баробари ифтихор аз Ватану давлатдорӣ, ин дар амал татбиқ намудани ташаббусҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне, ҳар яки моро мебояд пайравӣ ва ифтихормандии хешро ба Пешвои миллат бо қалби соф, рафтору амали худ, дастовардҳои созгор ва шуҷоатмандии хеш изҳор намоем!

Пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, изҳори ин пайравӣ, ин рафтору амал ва саҳму иштироки бевоситаи мо дар татбиқи ташаббусҳои пешгирифта мебошад!

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи ифтитоҳи саҳифаи нави дурахшони Ватан – нишонаи шуҷоатмандӣ, ғаюрӣ ва тамаддунофарии халқу миллати тоҷик муборак бод!

Чопи АМИТ «Ховар»: http://khovar.tj/2018/11/avonon-davomdi-andagoni-maktabi-shu-oati-peshvoi-millatand/

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s