Тақвияти телевизион дар самти рушди сайёҳӣ

 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва раидошунавонӣ», ки 10.10.2018 қабул гардид, бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таҳия гардида, мақсади он — фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» мебошад.

Ин механизми ҳуқуқӣ таҳия ва пахши барномаҳои радио ва телевизионии сайёҳӣ ва анҷом додани чорабиниҳои дигари хусусияти садову симо доштаро фаро мегирад, ки ба васеъ гардонидани имкониятҳои ташвиқу таблиғотӣ, зимнан, ҳавасманд шудани субъектҳои сайёҳӣ ба ин самти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ боис гардида, ба рушди мунтазам ва устувори соҳаи сайёҳии мамлакат метавонад мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s