Замина барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 10.10.2018 қабул гардид, бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таҳия гардида, мақсади он — фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар мамлакат, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» мебошад.

Дар доираи ташаббуси мазкур дар шаҳрҷойҳо ташкил намудани мавзеъҳои махсуси сайёҳӣ бо фарогирии ҷойҳои истироҳати аҳолӣ, иншоот ва истифодаи васеи захираҳои сайёҳӣ, аз ҷумла боғҳо, объектҳои наздисоҳилӣ, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, марказҳои омӯзишӣ ва ғайра, ҳамчунин ба инобат гирифтани объектҳои сайёҳӣ зимни иморатсозӣ фаро гирифта шудаанд, ки раванди ташаккули муносибатҳои инфрасохториро тақвият бахшида, ба рушди мунтазам ва устувори соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s