ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ МАМЛАКАТ

Маводи мазкур манзури иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-ташаббускори рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», ки 27-28 апрели соли 2018 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, пешниҳод шудааст. 

http://khovar.tj/2018/04/peshvoi-millat-tashabbuskori-rushdi-sajyo-va-e-yoi-unar-oi-mardum-konferensiyai-um-uriyavii-ilmiyu-amal-dar-dushanbe/

ТАШАББУСКОРӢ

Ташаббускорӣ, чӣ тавре аз махзанҳои илмӣ бармеояд, маҷмӯи талошу амалҳои худфаъоли шахс оид ба тасдиқ, пешбарӣ, ташаккулдиҳӣ, татбиқ ва амалисозии идеяҳои аҳамиятноки иҷтимоиест, ки ихтиёрӣ, мустақилона ва оқилона пеш гузошта мешавад.

Ташаббускорӣ шакли изҳори фаъолнокии ҷамъиятӣ ва сиёсиест, ки хоси гурӯҳи хеле ками одамон аст. Тибқи маълумотҳои таҳлилии соҳаи идоракунӣ дар ҳар як ниҳод ва дар умум дар ҷомеа ҳамагӣ 7–8% одамон маҳорати таҳия кардан, навовар ва ташаббускори идеяҳои наву созанда буданро доранд ва дар навбати худ, нерӯи эҷодӣ ва ё захираи зеҳнии ҷомеа маҳз ҳамин гурӯҳ ба ҳисоб меравад[1]. Илова бар ин, тибқи таҳлилҳои оморӣ дар ҷаҳон ҳамагӣ 5,7% аҳолӣ кордиҳанда ё соҳибкор буда, теъдодии боқии ҷомеа ба гурӯҳи кормандон, корҷӯён ва дастнигарон рост меояд[2].

Яъне, ташаббускорӣ ва корсозӣ на ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ хос аст, аксари ҷомеа амалисозанда ва иҷрокунандагони идеяҳои ташаббусгардида ва эҷодшуда мебошанд. Зимнан, маҳз ташаббускорон созандагон ва пешбарандагони ҷомеа арзёбӣ мегарданд.

НАТИҶАНОКИИ ТАШАББУСКОРӢ

Корнамоиҳо ва ташббускориҳост, ки халқу миллатҳо асоси ҳастӣ ва арзишмандии хешро пайдо намуда, фарҳангҳо аз насл ба насл ва аз масири таърих гузашта, ҷомеа хосияти пешравандагӣ касб намуда, сулҳу субот дар мамлакат ва оилаҳо ҳувайдо гардида, оромию осоиштагии ҳар як фарди ҷомеа таъмин мегардад.

ТАШАББУСҲО

Ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз рӯзҳои аввали вориди сиёсат гардиданашон аён аст. Маҳз ҳамин корнамоиҳо ва ташаббусҳои хирадмандона ва сари вақт пешгирифтаи Пешвои миллат буд, ки новобаста аз таҳдидҳои берунӣ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатии комил, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, сулҳу ваҳдат, муттаҳидӣ ва якпорчагӣ гардида, ҷойгоҳи махсуси худро ҳамчун муаррифгар ва пуштибони миллати таърихӣ ва тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ ишғол намуда, роҳ ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ гирифт.

Боиси зикр аст, ки ташаббусҳои сулҳоварии Пешвои миллат, имрӯз ҳамчун мактаби сулҳпарварӣ мавриди таҳқиқу омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст ва албатта, ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Зимнан, чунин ташаббусҳои ифтихорманди Пешвои миллат, ки хусусияти байналмилалӣ касб кардаанд, даҳҳо ба шумор мераванд, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза – 2003», «Даҳ­солаи байналмилалии ама­лиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015)», «Соли байнал­милалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Бузургдошти Имоми Аъзам», «Сиёсати дарҳои кушода», «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дастгирии иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа» ва ғайра.

ТАШАББУСҲО ДАР САМТИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Эълон гардидани соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қатори ҳамин ташаббусҳо ва василаи расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор арзёбӣ мегардад. Чунончӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) иброз менамоянд, ки «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Барои расидан ба ин нишондиҳанда — рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ — албатта, зарур аст, ки оид ба аҳамиятнокӣ ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳонзаминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табдирҳои зарурӣ ва имконпазир, — дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат хуб бархурдор бошем.

Дар ин росто кифоя тадбирҳои хусусияти назариявӣ ва ҳуқуқӣ дошта андешида шудаанд, ки татбиқи амалии онҳо заминае устувореро баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодиёти мамлакат метавонанд фароҳам орад. Хушбахтона раванди ташаккулёбии ин гурӯҳи тадбирҳо идома дорад, ки шаҳодат бар он ҳамоиши имрӯза низ арзёбӣ мегардад.

Аммо масъалаҳои ба амалия табдил додани онҳо, бахусус татбиқ ва амалисозии заминаҳои қонунгузорӣ, ки на танҳо масъулияти шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҷавобгарии интизомӣ ва маъмуриро тақозо мекунад, боиси қаноатмандӣ нест.

Илова бар ин, бо ибтикороти Пешвои миллат дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои зиёд роҳандозӣ ҷараён доранд. Чунончи, бо мақсади рушди муназзами ин соҳа заминаҳои меъёрию ҳуқуқї ва низомдор ё системавии дахлдор ташаккул ёфтаанд, ки чанде аз онҳо чунинанд:

  • Аз пардохтҳои андозу гумрукӣ озод гардидани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ;
  • Аз пардохти андоз аз фоида озод гардидани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият;
  • Ташаккул ёфтани низоми соддакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон[3];
  • Тасдиқ гардидани рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд;
  • Муқаррар гардидани беш 10 имтиёзҳои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дошта дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»;
  • Ташкил ёфтани низоми махсус ва мустақили соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо.

Зимнан, яке аз ташаббусҳои навовар дар фазои ИДМ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ба ҳисоб меравад, ки мақсади он батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартибот дар бозори сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти сайёҳии ҷомеа, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳсозии вазъи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад.

Аҳамиятнокии Қонуни мазкур бар он аст, ки дар доираи он беш аз 30 навовариҳо (ҳамчунин, имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳо) ва механизмҳои муосири баназмдароварандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд, аз ҷумла: — ташаккулёбии низоми сайёҳии дохилӣ; — рушдёбии маданияти сайёҳии шаҳрвандон; — устуворгардии иқтидори амалии кишвар оид ба қабули сайёҳони хориҷӣ; — ташкилёбии инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ; — муқаррар гардидани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва хизматрасониҳои муносиб; — аз байн бурдани низоми иҷозатномадиҳӣ ба намуди фаъолияти сайёҳии дохилӣ, зимнан, ба роҳ мондани тарзи содаи баҳисобгирии он; — ташаккулёбии намудҳои нави хизматрасонии сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии кишоварзӣ, сайёҳии хонаист, саёҳати нақлиётӣ; — фароҳам гардидани шароитҳои мусоид барои иштироки сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ; — ташкил гардидани намудҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра.

Ҳамаи ин имкониятҳо, дар навбати худ, ба рушди устувори иқтисодиёти кишвар дар шароити ҷомеаи муосир боис гардида, дар ибтидо ба таъсис ёфтани даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ва дар сурати татбиқёбии босамар ба ташкил гардидани захираҳои хеле зиёди шуғлмандии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

ИШТИРОКИ СУБЪЕКТҲОИ АСОСӢ ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲО

Чӣ тавре дар боло ишора карда шуд, қадами оянда иштироки аҳли ҷомеа ва субъектҳои асосӣ дар татбиқ ва амалисозии ташаббусҳо ­- заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шароитҳои дар соҳаи сайёҳӣ фароҳамгардида арзёбӣ мегардад, ки дар ҳолати имрӯза қаноатбахш намебошад.

Яъне, имрӯз ҷомеаи муосир ва рисолати асили ватандӯстӣ онро тақозо мекунад, ки шароитҳои фароҳамовардаро на танҳо бо сухан, ҳамчунин бо рафтору амал дастгирӣ намоем, дар амалисозии дастури ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла дар соҳаи рушди сайёҳӣ фаъолона иштирок намоем ва бо ташаббусҳои амалии хеш пайрави арзанда бошем. Иштирок дар амалисозии заминаҳои ташаккулёфта, -ин аст, вазифа ва масъулияти бевоситаи ҳар як субъекти соҳа ва аҳли ҷомеа.

Дар ин ҷо масъалаҳои хеле зиёд мавҷуданд, ки дар самти татбиқи ташаббусҳо мавзӯи мо гардад, аммо бинобар маҳдуд будани фурсат, яке аз онҳоро интихоб менамоем — вазъи иштироки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар татбиқи заминаҳои қонунгузорӣ, дақиқан баъзе ҷанбаҳои хусусияти оммавидоштаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (минбаъд-Қонун).

Чӣ тавре иброз карда шуд, Қонуни мазкур тақозои ҷомеаи муосир буда, дар асос ва ё бо мақсади амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити аҳамияти хоса пайдо кардани соҳаи сайёҳии дохилӣ ба тасвиб расидааст. Аммо, мутаасифона, сатҳи иштироки субъектҳо дар амалисозии он хеле заиф арзёбӣ мегардад.

Қонуни мазкур аз моҳи июли соли 2017 эътибори ҳуқуқӣ пайдо карда, амалисозии чораҳои зиёдро ба аҳли ҷомеа муқаррар намуд.

Иштироки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ тибқи моддаи 25 Қонун тақозо карда шудааст. Муқаррар гардидааст, ки: «Муассисаҳои таълимӣ барои ташкили саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон (бо мизони ташрифи (саёҳати) як таълимгиранда дар як сол ҳадди ақал ба ду мавзеи (макони) сайёҳӣ) масъул мебошанд. / Саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон бо тартиби муқарраргардида бо ҷалби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад. / Дар муассисаҳои таълимӣ гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуда, мавзӯъҳои гуногуни фарогири сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ва тарғиботи захираҳои сайёҳии мамлакат ба таълимгирандагон омӯзонида мешавад.». Аммо, чӣ тавре таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, то имрӯз ин талаботи Қонун бе амал мондааст. Дар муассисаҳои таълимӣ (қисми муайяни онҳо) дар баробари иҷро нагардидани муқаррароти мазкур ҳамчунин ба ҳамкории субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо таълимгирандагон ва ҳайати омӯзгорон монеаҳо мавҷуданд. Дар муассисаҳои таълимӣ гӯшаи сайёҳӣ то ҳол ташкил наёфтааст ва ҳамкории муассисаҳо бо ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда нашудааст.

Дигар меъёр чунин аст: «Муассисаҳои фарҳангию таърихӣ (осорхона, китобхона, театр) дар як сол на кам аз 10 рӯз рӯзҳои дарҳои кушод барои ташрифи ройгони сайёҳони дохилӣ, аз ҷумла таълимгирандагон ташкил менамоянд. / Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бевосита ба роҳ монда мешавад.», ки инҳо низ то ҳанӯз татбиқи зарурии худро наёфтаанд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки муассисаҳои фарҳангӣ зимни муроҷиати ширкатҳои сайёҳӣ барои ҳамкорӣ пешниҳод кардани иҷозатномаро аз онҳо талаб кардаанд. Гарчанде қонунгузор фаъолияти сайёҳии дохилиро бидуни иҷозатнома муқаррар намудааст ва гузашта аз ин, дар шароити бозори хизматрасонӣ барои ҷалби муштариён ҳамкориҳо бояд мутақобила бошад.

Дар инҷо яке аз масъалаҳои ташвишовар он аст, ки аксари маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва дар умум иҷтимоӣ аз муқаррароти қонунгузорӣ ва оқибатҳои ҳуқуқию маънавии он бархурдор нестанд.

Умуман вазъи татбиқи заминаҳои қонунгузорӣ ва илмӣ-назариявии соҳаи сайёҳӣ ва сатҳи иштироки субъектҳо дар амалисозии онҳо қонеъкунанда набуда, аз масъулини соҳаҳо тағйир додани самти назорат ва ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ сохтани механизмҳои муносиби бартарафсозии мушкилоти ошкоршударо тақозо менамояд.

Чунончӣ зимни Паёми хеш ба Маҷлиси олӣ – 2017 Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад.

Зимнан, ташаббусҳои пешгирифта танҳо дар сурате самаранок ва пурмаҳсул мегарданд, ки агар дар татбиқ ва амалисозии онҳо ҳар як фарди ҷомеа, махсусан шахсони масъул бо самимият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, эҳсоси амиқи қарзи шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намоянд.

Ҳар шаб зи худ бипурс агар ту марди,

Ки-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

А. Лоҳутӣ

Пайравӣ ба Пешвои миллат барои ҳар яки мо боиси ифтихор аст, изҳори ин пайравӣ, ин рафтору амал ва иштироки бевоситаи мо дар амалисозии ташаббусҳои пешгирифта аст.

 

[1] Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ: Маводи таълимӣ. – Душанбе: «Адабиёти бачагона», 2017. – 432 с.
[2] Сколько в мире предпринимателей? – тарзи дастрасӣ — http://dimaslennikov.ru/predprinimatelstvo/skolko-v-mire-predprinimatelej/
[3] Шаҳрвандони 112 кишвар ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд – тарзи дастрасӣ — http://khovar.tj/2018/03/sha-rvandoni-112-kishvar-u-u-i-bo-tartibi-soda-giriftani-ravodidi-um-urii-to-ikistonro-dorand/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s