РОҲИ РОСТ ВА САДОҚАТПЕША ДАРОЗТАР АСТ!

Баъзан пандҳо аз таҷрибаи рӯзгор ва ҳаёти бузургон ҳамчун роҳнамои хонандагони сомона манзур мегардад.

ДАР БОБИ ДАСТГИРӢ ВА ПЕШБАРӢ

  • Корҷӯяндаро кор додан рисолати соҳибкор аст, вале ҳиммати хирадманд ӯро кор омӯзонидан ва дарёфти роҳи корро нишон додан аст, зеро роҳёбӣ бартар аз корёбист!


  • Шарти шахси гуруснаи бохирад аз моҳидори хайрпеша на гирифтани моҳӣ, балки омӯхтани ҳунари моҳидорӣ мебошад, зеро хӯрдани моҳӣ ӯро як лаҳза аст, аммо нафъ аз ҳунари моҳидорӣ як умр.


  • Инсон ҳамеша ниёз ба навозиш ва таваҷҷуҳ дорад, вале сарвар /идоракунанда аз он бояд ҳамеша дурӣ ҷӯяд.


  • Мулкро бо навозишу меҳрубонӣ обод нахоҳӣ кард, дар ин роҳ мебояд иродаи қавӣ дошт, қатъӣ, сахтгир ва серталаб буд.


  • Ба болои ҳар донишманде донишманде ҳаст!


  • Инсонро тамоми ҳаёт ниёз ба роҳнамое ҳаст, аммо роҳнамоӣ на ҳар касро хос аст, ба ҷуз хирадмандон.


  • Дар ин дунё ҳама мемиранд, вале кам одамоне ҳастанд, ки дар ҳақиқат зинадгӣ мекунанд.


  • Идоракунӣ ва фармонфармоӣ ҳар касро метавонад бошад, аммо роҳнамоӣ ва пешбарию пешвоӣ танҳо хоси хирадмандон аст.


  • Идоракунӣ на дар фармонбарорию дарбарндӣ ва на дар талаби фармонбардорӣ аст, балки санъати роҳкушоӣ ва дарёфти роҳи фармонравии роҳкушоён аст.

ДАР БОБИ БОВАРӢ ВА САДОҚАТ

  • Боварӣ, эътимод ва садоқат барои инсон манбаи тавлиди орзую умедҳои нек ба оянда мебошад, пояи меҳр ва муҳаббатро устувор мегардонад.


  • Боварӣ асоси зиндагии имрӯзи инсон аст, сазовор набудан ба он баробар ба набудани ҳаёт аст.


  • Ҷамъият барои инсони оқил дар созгории ҳаёт такягоҳ аст, аммо он барои инсони беандеша манбаи ғаму андуҳ ва нокомиҳо.


  • Аҳдшиканӣ, беандешагӣ ва пеш гузоштани нафси ҳаловатовар оқибат ба гумроҳӣ, нопокӣ ва хиёнат, на танҳо ба наздикону дӯстон, балки ба худи инсон оварда мерасонад: — як лаҳзаи садоқат ва эътимоднокию осудагӣ беҳ аз ҳазорон, ҳазорон лаҳзаи ҳаловатовари беҳайёист.


  • Нафси ҳаловатпеша инсонро лаҳзаест, вале оқибати доғдори он як умр.


  • Инсон-зан ҳамеша бояд бордори як боғ бошад, вагарна харобкунандаи ҳамагуна боғ мегардад; имрӯзу охирати худро барбод медиҳад.


  • Касро агар нафси ӯ гумроҳ кард, ҳеҷ роҳи ростро намепазирад, кар мешавад, кӯр мегардад; гӯё худ танҳо ҳақ асту боқӣ ҳама ноҳақ.

This entry was posted in Сах. точики by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

Миралиён Киёмиддин Абдусалимзода - доктор политических наук, депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Праламент) Республики Таджикистан 5-го созыва, обладатель Премии Исмоила Сомони для молодых ученых в области науки и техники

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s