Иқдоме, ки имконияти ҷавононро зиёд менамояд

Чоп шудааст дар Рӯзномаи «Садои мардум» аз 31.03.2016, №43 (3523). / Тарзи дастрасӣ: http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/ma-lisi-namoyandagon/i-dome-ki-imkoniyati-avononro-ziyod-menamoyad/

  • НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҷавонон дар арсаи ҷаҳонӣ якчанд даҳсолаи охир аст, ки нақши муҳимро касб намудаанд. Ин таваҷҷуҳнокӣ ба чанде аз сабабу омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии вобаста ба насли ҷавон асоснок мегардад.

Якум, — ҷавонон оянда — идомадиҳанда ва посдорандаи арзишҳои инсонӣ мебошанд, ки бар ин васила рисолати ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагӣ дорад;

Дуюм, — шахси ҷавон қувваи зиёди ҷисмонӣ ва маънавӣ дорад, мувофиқан захираи асосии зеҳнӣ ва меҳнатӣ буда, ба ҳама дигаргуниҳои ҳаётӣ тобовар мебошад;

Сеюм, — зудбоварӣ, зудтағйирёбӣ, ниёзмандӣ, дастнигарӣ, тақлидкорӣ ва дигар услубҳои ангезандаи заифимизоҷии инсон хоси ҷавонон мебошанд.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади талқини сулҳу дӯстӣ ва таҳамулпазирӣ дар байни ҷавонон соли 1965 (7 декабр) Деклоратсияи Ассамблеяи Генералии СММ “Оиди дар байни ҷавонон паҳн намудани идеалҳои сулҳ, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва якдигарфаҳмии байни халқҳо” қабул мегардад, ки дар он гуфта мешавад: “Ҷавонон дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон нақши муҳим доранд ва сарукоргирӣ ба тақдири инсоният сарнавишти онҳо мебошад.”. Ин муносибат таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба ҷавонон, нақш ва рисолати онҳо дар ҳаёти инсонӣ инъикос менамояд, ки дар ҳақиқат шахси ҷавон вориси воқеии гузаштагони худ буда, масъулияти зиёдро ҷиҳати нигоҳ доштан, ҳифз намудан ва инкишоф додани мероси вогузоршуда бар дӯш доранд.

Дар ҳамин асно — Шахсони ҷавон бояд дар маркази нақшаҳои миллии рушд буда, дар таҳияи сиёсат ва барномаҳо иштироки фаъол дошта бошанд. – иброз мекунад, Котиби генералии СММ Пан Ги Мун.

Бо ҳамин, яъне таваҷҷуҳои ногусастании ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ саҳифаи нави таърихӣ боз мегардад.

Имрӯз 50% аҳолии рӯи олмаро шахсони то 30 сола ташкил медиҳад. Дар 122 кишварҳои ҷаҳон сиёсати миллии (давлатии) ҷавонон бо дарназардошти низоми махсуси идоракунии давлатӣ (тавассути вазорату идораҳо) татбиқ мегардад. Садҳо декларатсияҳо, барномаҳо (аз ҷумла, Барномаи ҷаҳонии амалҳо барои ҷавонон), стратегияҳо ва нақшаҳои хусусияти байналмилалӣ дошта дар самти рушди сиёсати ҷавонон ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии онҳо аз ҷониби СММ ва ташкилотҳои соҳавии ӯ, ЮСАИД, Бонки умумиҷаҳонӣ, Шӯрои Аврупо ва ғайра қабул ва амалӣ гардида истодаанд, ки таваҷҷуҳои хосаи ҷомеаи ҷаҳонро дар ташаккули муносибатҳои байналмилалии ҷавонон инъикос менамояд.

  • ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ-ИҶТИМОИ ҶОМЕА АМРИ ВОҚЕИЯТ

Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравӣ ба сиёсати байналмилалӣ ва эътирофи рукнҳои миллии демографӣ барои ташаккули заминаҳо ҷиҳати пойдории ояндаи кишвар ва ҷомеа дар симои насли ҷавон тадбирҳои зиёде андешида истодааст.

Имрӯз бинобар 70% шаҳравандонро ташкил додани шахсони ҷавони то 30 сола, мувофиқан ба 25 сол рост омадани синнусоли миёнаи аҳолӣ ва 35 дар сади (1/3 ҳиссаи) аҳолӣ – захираи фаъоли инсониро ташкил намудани ҷавонон, Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, ҳануз аз рӯзҳои аввали бадастории истиқлолияти давлатӣ бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” (марти 1992) дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтааст.

Таваҷҷуҳи Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ногусастанӣ буда, ба боло гардидани нақши онҳо дар ҷомеа мусоидат намудааст. То имрӯз 6 маротиба мулоқотҳои расмии Президенти мамлакат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ доир гардида, дар натиҷа консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонон ва садҳо инфрасохтори бисёрсоҳавӣ дар самти ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва ба ин васила беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷавонон амалӣ гардонида шудаанд. Дар тақвияти ба ин — Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд иброз карда буданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013.

Бо ин мақсад ва фароҳам овардани шароитҳои муосид барои рушду такомулёбии ҷавонон ва зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосир, ҳамчун аҷдодони халқу миллати қадимаи тамаддунфоар ва фарҳангдӯст бо азму талошҳои пайвастаи роҳбарияти олӣ, масъулон ва мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, аз ҷумла:

  • сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян шуд;

  • мақоми ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон бо таъсис ёфтани Шӯроии миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи олӣ бароварда шуд;

  • заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо дар амал қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон (аз соли 1999 инҷониб барои ҳар се сол қабул ва амалӣ мегардад, айни замон барои солҳои 2016-2018 татбиқ ёфта истодааст) ташаккул дода шуд;

  • шароитҳо барои зиёд намудани шавқу рағбати ҷавонон, ҳавасманд гардонидан ва қадр намудани фаъолият ва дастовардҳои онҳо дар самти такмили фаъолиятҳои илмӣ-амалӣ ва эҷодӣ бо роҳандозӣ гардидани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника, Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавии гуруҳҳои ниёзманд ба мактабҳои олии касбӣ, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ғайра фароҳам оварда шуданд.

Албатта ин тадбирҳо дар ҳаёти ҷавонон хело муҳим арзёбӣ гардида, боиси фараҳмандӣ ва ифтихор мебошанд, аммо дар шароити ҷомеаи муосир, бахусус дар қиёс ба вазъи иҷтимоӣ-демографии Тоҷикистон, тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ ва хусусияти тақдирсоз ва ҳалкунандаро пайдо кардани нақш ва иштироки насли ҷавон дар ҳаёти ҷомеа, ин қадамҳо кифоя намебошанд. Хело муҳим он нукта арзёбӣ мегардад, ки муносибат ба ҷавонон на ҳамчун шахси заиф, дастнигар, камтаҷриба ва камдониш, балки: ҳамчун фарзанд – оянда ва идомадиҳандаи насл, миллат, халқ ва давлат; ҳамчун ҳамкасб/ҳамкор – баробармақом, донишманд, соҳиблаёқат, қобилиятнок, уҳдабаро, масъулиятнок, боваринок; ва ҳамчун роҳбар – идоракунанда, ҳукмфармо, масъулиятшинос ва иштироккунандаи тамоми равандҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва идории ҷомеа ва давлат ба роҳ монда шавад.

  • ҶАВОНОН САРВАТ ВА САРМОЯИ ВОҚЕИИ ИҚТИСОДӢ

Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, зеро аз 4/5 ҳисса ё 80% аҳолии фаъоли иқтисодӣ ин ҷавонон мебошанд. Аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва ҳамасола зиёда аз 150 ҳазор нафар, аксарият ҷавонон ба бозори меҳнат мебароянд.

Бинобар ин, ҷавонон сарват ва сармояи воқеии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, саромгузорӣ ба онҳо кафолати муътадилӣ ва устувории вазъи иқтисодии давлат ва ҷамъиятро таъмин месозад. Сармоягузорӣ ба ҷавонон ин сармоягузорӣ ба оянда аст.

Ҳамзамон, иштироки фаъоли ҷавонон дар таҳия, ташкил ва идоракунии сиёсати иқтисодӣ метавонад заминаҳои муносибро барои таҳким ва рушди иқтисодиёти кишвар фароҳам биёрад.

Ба сармоягузории ҷавонон ҷомеаи байналмилалӣ низ дар роҳи амалисозии барномаҳои башардӯстонаи худ таваҷҷуҳ дорад. Бобати ин мавзуъ роҳбари (Президенти) Гуруҳи бонки Умумиҷаҳонӣ Пол Вулфовитс зимни Гузориши ҷаҳонӣ оид ба рушд “Инкишоф ва насли нав” (2007) чунин иброз кардааст: Ҷавонони муосир – ин коркунони оянда, соҳибкорон, волидон, шахсони соҳиби мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва, албатта сарварони ҷомеа мебошанд. Дар натиҷаи паст кардани сатҳи таваллуд ҷавонони муосир нисбат ба насли волидони худ соҳиби фарзанди кам мегарданд. Ин дар навбати худ, ба суръати тези афзоиши иқтисодиёт аз ҳисоби зиёд кардани ҳиссаи аҳолии коргар ва андӯхти (захираи) пасандози оилавӣ боис мегардад. Кишварҳои сарватманд ва камбизоатро зарур аст, ки аз ин фурсат (имконият) истифода баранд, то ин ки дар натиҷаи пиршавии аҳолӣ он аз даст меравад. Ин имконият медиҳад, ки суръати афозишёбии иқтисодиёт дучанд гардад ва боз бештар пастгардии сатҳи камбизоатӣ таъмин карда шавад.”

Дар ҳақиқат бо истифода аз чунин роҳу усулҳои таҳкимбахши вазъи иқтисодӣ, ки иштирокчиёни асосӣ ҷавонон мебошанд, метавон ба зудӣ ба ҳадафҳои рушду такомулёбии давлат ноил гардад, чунки насли ҷавон дар асл сарвати пурарзиш ва манбаи (боигарии) инсонии давлат аст.

Танзим ва банақшагирии оилаҳои ҷавон бошад, метавонад бомаром ба роҳ монда шавад, агар маърифатнокии иқтисодии шахси ҷавон ҳануз аз хурдсолӣ амалӣ гардида, иштироки васеи ҷавонон дар идоракунии иқтисодиёт таъмин карда шуда бошад, ки ин далелнокӣ дар навбати худ, масъулияти шахсӣ ва шаҳрвандии онҳоро оиди батанзимдарории муносибатҳои иқтисодӣ-ҷамъиятӣ зиёд мегардонад. Ин муносибатро метавон ба таҷрибаи ҳамсоякишвар-Ҷумҳурии Халқии Хитой шабоҳат дод, ки дар роҳи расидан ба ду ҳадафи стратегӣ: рушди иқтисодиёт ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон бисёрфарзандиро (таваллуди зиёда аз як кӯдакро) дар байни аҳолӣ маҳдуд намуд. Дар натиҷаи ин сиёсат ва дигар тадбирҳои стратегӣ Хитой аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷойи дуюмро дар ҷаҳон ишғол менамояд ва динамикаи хуби муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро ба даст меорад.

Дар шароити демографӣ-иҷтимоии Тоҷикистон низ ин механизми муносибатҳо муфид ва саривақтӣ арзёбӣ гардида, метавонад ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ва ташаккули заминаҳои муносиб барои рушди динамикии он мусоидат намояд.

  • Талқини таърих ва фарҳанги миллӣ– масъулияти ояндаи ҷавонон

Халқ ва миллати тоҷик аз қадимулайём ҷамъияти фарҳангу адаб ва тамаддунофар мебошад ва то ба имрӯз фарзандони ин миллат ҳазорҳо офаридаҳо ба ҷаҳониён эҳдо кардаанд, аз ҷумла эҷодиёти адабӣ, тиббӣ ва техникии маъруфгаштаи ҷаҳонии А.Сино, У.Хайём, А.Рӯдакӣ, Ҷ.Румӣ, А.Фирдавсӣ, С.Шерозӣ, З.Розӣ, А.Берунӣ ва ғайраро метавон хотирнишон намуд, ки дар истифодаи васеъ қарор доранд.

Дар ин хусус, фалйасуфи олмонӣ Г.Гегел иброз намудааст, ки: Форсҳо (тоҷикҳо) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо иникшофро ба вуҷуд оварданд, табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар (сарзамини) Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт. … Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад.

Таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқони олам ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик боис бойю пурғановат ва қадима будани он аст. Таъриху адабиёти миллии аҷдодӣ бо сипари гардидани саддаҳо низ мубрамии худро гум накарда, мавриди таҳқиқу омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Ин таърих, тамаддун ва фарҳанги аҷдодӣ мероси абадӣ ва пурифтихори миллӣ ба наслҳои оянда мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки иштироки фаъоли ҷавонон ҳамчун меросдор — ояндаи миллат ва давлат дар пос доштан, ҳифз ва талқин намудани фарҳанг, таърих, тамаддун ва арзишҳои миллию анъанавӣ дар байни имрӯзу ояндаи ҷомеа таъмин карда шавад.

Дар ин росто, тарбияи маънавӣ-фарҳангӣ, ҷалб ва ҳавасманд намудани насли ҷавон бо воситаи иштироки онҳо дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии соҳа, аз ҷумла барномаҳо, стратегияҳо ва ҷараёни идоракунии мақомоти давлатию ҷамъиятии самти фарҳангу адабиёт ба мақсад мувофиқ мебошад.

  • Заминаҳои ҳуқуқӣ-конститутсионии ҷавонон кафили пойдории идораи давлатӣ

Дар шароити ҷавон будани Тоҷикистон, қишри зиёди аҳолии фаъоли иқтисодӣ, захираи асосии меҳнатӣ ва қувваи асосии муосири зеҳнӣ-амалии кишварро ташкил додани ҷавонон ва дар сурати аз насли ҷавон вобаста будани тақдири имрӯзу оянда ва амнияти ҷомеа ва давлат зарурат ба миён меояд, ки дар сатҳи мақоми олии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ дар низоми конститутсионии давлат тадбирҳои мусоидаткунанда ба таҳкими муносибатҳои муосир ва муносиб, далелнок ва таъхирнопазир – эътимодбахш, ҳавасмандкунанда ва ҳидояткунандаи ҷавонон ба иштирок ва саҳми фаъол дар рушду нумӯи мамлакат андешида шаванд.

Таҳкими ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон — рӯ овардан ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки онҳо дар идораи ҳокимияти давлатӣ, бахусус роҳбарӣ ва ишғоли мансабҳои сиёсӣ айни муддао ва тақозои ҷомеаи муосир арзёбӣ мегардад. Зеро бо ин далелнокӣ метавон ҳавасмандӣ ва завқмандии насли ҷавонро дар хизмат ва идоракунии давлатӣ баланд бардошт, зимнан қудрат ва нерӯи тоза, тобовару устувор ва навовари онҳоро дар рушду нумӯи ҷомеа ва давлат бомаром истифода бурд.

Боиси зикр аст, ки заминаҳои конститутсионии татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва имкониятҳо барои ҷавонон дар идораи давлатӣ дар таҷрибаи кишварҳои Белоруся, Арманистон ва Молдова оварда шудааст.

Бо ин мақсад, ворид намдуани тағйирот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён овардани сарҳадоти синнусолӣ, яъне васеъ гардонидани имконоти ҷавонон барои ишғоли мансабҳои олӣ-сиёсии хизмати давлатӣ боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад.

Ҳамин тариқ, пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани синни шаҳрвандон барои интихоб шудан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 сола (аз 35) имкон медиҳад, ки ҷавонон барои иштирок дар раванди таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ ва сиёсии давлат ҳавасманд гарданд ва барои ин мақоми баланди сиёсӣ бо итминони комил талош варзанд. Ҳамзамон, ин механизм метавонад ба устувор гардидани иқтидори интеллектуалӣ, навовар ва муосири ҳуқуқӣ-сиёсии мамлакат муосидат намояд, зеро чунин иқтидорро маҳз насли ҷавон соҳиб мебошад.

Дар урфият гуфтаанд: “Ҳар сарбозе, ки орзуи генерал шуданро надорад, сарбоз нест”. Дар воқеъ Сарвар ва ё Президенти мамлакат шуданро ҳар як шаҳрванди солимфикру қавиирода орзу менамояд, аммо агар роҳи ба ин орзу расидан фарохтар бошад, пас сафи ҳавасмандон ва талоши шаҳрвандон ба ин мақоми олӣ зиёд гардида, сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа атрофи ватандӯстӣ, ҳувият ва шинохти миллӣ, худогоҳӣ, сиёсатшиносӣ, давлатдорӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасот, қадр ва ҳифз кардани арзишҳои миллӣ равнақ меёбад. Поён овардани сарҳади синни барои интихоб шудан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 сола, ин эътимод ва боварии мақоми олӣ ва халқ ба ҷавонон – ояндасозони ҷомеа мебошад. Албатта бо эҳсос ва дарки ин боварӣ руҳияи ҷавонон баланд гардида, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардонидани Ватан-Тоҷикистон талош меварзанд, зеро Тоҷикистон худ ҷавон аст. Ҷавон кунонидани синни Президентӣ рӯ ба муосирият, модернизатсия, серҳаракатӣ, таҳкимбахшӣ, фасеҳӣ, самарабахшӣ ва ҷовидонии муносибатҳо дар идораи сиёсии давлат мебошад. Ин ишора ба он аст, ки имрӯз ҷавонон қобили идораи давлатӣ мебошанд, мувофиқан ба ин масъулияти серталаб бояд омодагӣ дошта бошанд.

Поён фаровардани синни судяҳо то ба 30 низ далолати таҳкими низоми судӣ бо усулҳои нав ва муосир мебошад, чунки ин аломатҳои муҳими идоракунӣ ва таъминкунандаи адолат маҳз дар ҷавонон дида мешаванд.

Чӣ тавре маълум гардид, муносибат ба ҷавонон дар ҳар се шохаи давлатӣ-констиутсионӣ таҳким бахшида шудааст ва мақсади ниҳоӣ албатта ҷалби иштироки васеъ ва омодасозии насли ҷавон ба бардошти рисолати давлатдорӣ ва пешбурди манфиатҳои халқу миллат ҳамчун меросдори фарҳанги қадима, таърих ва тамаддуни бой мебошад.

Дар интиҳо мебояд зикр намуд, ки ин иқдомот тақозои ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, аз ғамхору ояндабин будан, боварӣ ва эътимоднокии насли калонсоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ҳамчун ояндасозон шаҳодат медиҳад.

Дар навбати худ, ҷавононро месазад, ки ин боварию ғамхориро қадр карда, тамоми қувва ва саъю кушиши худро баҳри пиёда гардидани рукнҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, бахусус расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат равона созанд ва албатта дар ҷараёни ташкили муносибатҳои сиёсӣ-идорӣ фаъол бошанд.

МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН

н.и.сиёсӣ, Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s