Баррасии пешниҳодҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (Баромад)

 

IMG_6799 — копияТашаббус намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди устуворсозии заминаҳои ҳуқуқии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, аз ҷумла муқовимат ба зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили экстремизму терроризм саривақтӣ маҳсуб мегардад.

Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд иброз карда буданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти расмӣ бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013.

Инчунин, дар ин бобат Котиби генералии СММ Пан Ги Мун иброз дорад, ки: “Шахсони ҷавон бояд дар маркази нақшаҳои миллии рушд буда, дар таҳияи сиёсат ва барномаҳо иштироки фаъол дошта бошанд.”.

Дар ҳақиқат:

  • бо ибрози он ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян шудааст;
  • бо эътирофи он ки аксариятро – 50% аҳолии ҷаҳон ва 70% шаҳравандонро шахсони ҷавон ташкил дода, Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз мамлакатҳои ҷавонтарин ба ҳисоб меравад;
  • бо назардошти он ки аз панҷ чор ҳиссаи (4/5-80%) аҳолии фаъоли иқтисодӣ ва аз нисф зиёди шаҳрвандони қобили меҳнат ба ҷавонон рост меояд ва он ки онҳо сарват ва сармояи воқеии иқтисодиро ташкил медиҳанд;
  • бо зикри он ки шахсони ҷавон гуруҳи осебпазир ва фаъоли иҷтимоӣ буда, мутобиқат ва ҳамоҳангии иҷтимоии онҳо ҳамчун замина ба рушду равнақи ҷомеа боис мегардад;
  • бо ба инобат гирифтани он ки насли ҷавон ҳамчун ояндаи миллат ва давлат посдоранда, ҳифзкунанда, меросдор ва талқинкунандаи фарҳанг, таърих, тамаддун ва арзишҳои миллӣ мебошад,

рӯ овардан ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароит барои иштироки онҳо дар идораи ҳокимияти давлатӣ, бахусус роҳбарӣ ва ишғоли мансабҳои сиёсӣ айни муддао ва тақозои ҷомеаи муосир арзёбӣ мегардад. Зеро бо ин далелнокӣ метавон ҳавасмандӣ ва завқмандии насли ҷавонро дар хизмат ва идоракунии давлатӣ баланд бардошт, зимнан қудрат ва нерӯи тоза, тобовару устувор ва навовари онҳоро дар рушду нумӯи ҷомеа ва давлат бомаром истифода бурд.

Бо ин мақсад, ворид намдуани тағйирот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба поён овардани сарҳадоти синнусолӣ, яъне васеъ гардонидани имконоти ҷавонон барои ишғоли мансабҳои олӣ-сиёсии хизмати давлатӣ боиси дастгирии ҳамаҷониба мебошад.

   

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s