МУҲОКИМАИ ПАРЛАМЕНТИИ ТАТБИҚИ Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011—2015»

DSC_0877

Қарори Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ

«Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015»

Ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2015» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

1. Гузориши узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Қ. А. Миралиён ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Р. А. Абдуллозода «Оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба маълумот гирифта шаванд.

2. Тавсияҳои ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, бо назардошти таклифу дархостҳо ва пешниҳодҳои иброзгардида, қабул карда шаванд (замима мегардад).

3. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ барои чораҷӯйӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол карда шаванд.

4. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ ахбороти муфассал пешниҳод намоянд.

5. Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гарданд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон гузошта шавад.

Раисикунандаи ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ

ш. Душанбе, 22 декабри соли 2015 №1

Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ

оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2011 — 2015»

Муҳокимаи парламентӣ масъаларо оид ба рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2011 №278 тасдиқ шудааст (минбаъд «Барнома»), ҷиҳати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, тавсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:

1.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар нақши муҳим доштани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кишвар, аз ҷумла дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳрвандон ва баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, масъалаҳои вобаста ба вусъат додани маблағгузории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҷараёни амалишавӣ ва таъмини самаранокии барномаҳои давлатии соҳавиро ба мақомоти дахлдор дастур диҳад.

2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешрафти соҳаҳои  гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш чораҳо андешад;

— бо мақсади омодасозии мутахассисон, мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни маблағгузории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тадбирҳои дахлдор андешад;

— баҳри фаъолияти мақсадноки мактабҳои варзишӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тадбирҳо андешида, масъалаи самаранокии фаъолияти ин муассисаҳоро таъмин намояд;

— якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо назардошти таҷрибаи андӯхта, барои маблағгузории муътадили соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз манбаъҳои гуногуни ғайрибуҷетӣ (соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ) ба таври васеъ истифода намояд.

3.Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади банақшагирӣ, самаранокӣ ва натиҷагирии возеҳи фаъолият маблағгузории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар сатри алоҳидаи Буҷети давлатӣ муайян намоянд.

4.Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби воқеии пурра ҷудо нагардидани маблағи пешбинишударо ҷиҳати татбиқи Барнома  ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи маҳалҳо баррасӣ намуда, бо назардошти дараҷаи таъсирбахшии ин таносубнокӣ ба соҳаи варзиш, хулосаи амиқ пешниҳод намоянд.

5. Вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои андоз, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқи санадҳои дахлдорро оид ба додани имтиёз ба ташкилоту муассисаҳои варзишие, ки дар заминаи онҳо дастаи мунтахаб омода мегарданд, баррасӣ намоянд, зеро имтиёзи мазкур ҳавасмандии инфрасохтори дахлдори варзишӣ ва ба ин васила шумораи варзишгарони бомаҳорат ва касбиро зиёд мегардонад. Ҳамзамон Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои дахлдорро дар робита ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» аз 3 июни соли 2014 №376 тибқи тартиби муқарраргардида ба амал барорад.

6. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳавасмандӣ ва бедор кардани рағбати наврасон ба варзиш бозиҳои варзишии байни мактаббачагон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро ҳамасола ташкил намояд;

— ҷиҳати пурра таъмин гардидани муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд;

— дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи зиёд намудани дарсҳои тарбияи ҷисмониро баррасӣ намояд;

— вобаста ба имкониятҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ба хотири рушди тарзи ҳаёти солим ва таъмини саломатии ҷавонон дар  назди хобгоҳҳо ва биноҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили клубҳо ва сексияҳои варзишӣ тадбирҳо андешад;

— бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотӣ таҳия ва пахши маводи нави таълимиву омӯзишӣ ва тарғиботиву ташвиқотиро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш вусъат бахшад;

— ҷиҳати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳ ва сифати нав ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳа, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ тақвият бахшад.

7.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини тандурустӣ ва бехатарии солимии варзишгарон бунгоҳҳои тиббиро дар назди иншооти дахлдори варзишӣ васеъ гардонида, ба ташхиси мунтазами тиббии ройгон фаро гирифтани варзишгарони аъзои тимҳои мунтахаби Тоҷикистонро ба роҳ монад.

8.Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пойдории оила ва эҳё кардани анъанаҳои миллии варзишӣ чорабиниҳои варзиширо дар байни бонувон ва оилаҳо ба таври мунтазам ташкил ва баргузор намояд.

9.Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим баҳри густариш ёфтани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар фаъолияти густурдаи таблиғотиро тавассути воситаҳои ахбори омма вусъат бахшад.

10.Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ воҳидҳои  ғайриштатии машваратчӣ — дастурдиҳандаи соҳаи варзишро таъсис дода, фаъолияти онҳоро густариш бахшанд.

11.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо намудҳои гуногуни варзиш барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш бо ҷалби ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоягузорон барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншооти варзишӣ чораҳои амалӣ андешанд.

12.Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нақша гирифтани сохтмони биноҳои баландошёна масъалаи ташкили майдончаҳои варзишӣ-солимгардониро дар назди онҳо ба инобат гирад.

Манбаъ: http://sadoimardum.tj/ma-lisi-ol/arori-alasai-mu-okimai-parlament-3/

Реклама
This entry was posted in Сах. точики by miraliyon. Bookmark the permalink.

About miraliyon

MIRALIYON QIYOMIDDIN ABDUSALIMZODA – Doctor of Political Sciences, Member of Parliament of Tajikistan (V-th convocation), Winner of Award in the name of Ismoili Somoni for young scientists in the field of science and technology

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s