ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ» ҚАБУЛ ГАРДИД

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ»
 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2013 «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №8-9, мод.652) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
  1. Дар моддаи 1:
— сархатҳои якум, дуюм, чорум, шашум ва ҳафтум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- фаъолияти волонтёрӣ – фаъолияте, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад;
волонтёр – шахси воқеие, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд;
шаҳодатномаи волонтёрӣ – ҳуҷҷати расмие, ки тасдиқкунандаи шахсияти волонтёр мебошад;
ташкилоти ҷалбкунанда – шахси ҳуқуқии ғайритиҷоратие, ки шахсони воқеиро барои амалигардонии фаъолияти волонтёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷалб менамояд;
маҷмӯи тадбирҳои ҷамъиятӣ – тадбирҳое, ки барои расидан ба мақсадҳои муайяни манфиатбахши ҷомеа амалӣ карда мешаванд;»;
— ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «варзиш,» калимаи «туризм,» илова карда шавад.
  1. Дар моддаи 3:
— дар сархати сеюм калимаҳои «ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ» ба калимаҳои «ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ» иваз карда шаванд;
— сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- дастгирии иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ;
— муайян намудани мақоми ҳуқуқии волонтёр, ки он ба ӯҳдадориҳо, принсипҳои фаъолияти волонтёрӣ ва риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти волонтёрӣ асос меёбад.».
  1. Ба қисми 1 моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- таъмини бехатарии фаъолият ва шароит барои ҷуброни хароҷот, ки ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд;».
  1. Дар моддаи 7:
— дар қисми 1:
— сархатҳои якум ва шашум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- самт ва намуди фаъолияти худро озодона интихоб намояд;
— ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда ва ё бевосита аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дафтарчаи волонтёрӣ, шаҳодатномаи волонтёрӣ ва тавсияномаеро, ки амалӣ намудани фаъолияти волонтёрӣ, таҷриба ва маҳорати бадастовардаашро тасдиқ мекунанд, дастрас намояд;»;
— ба сархати ҳафтум пас аз калимаи «меҳнат» калимаҳои «, андоз, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ» илова карда шаванд;
— сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«-бо нишон додани шаҳодатномаи волонтёрӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, ғайр аз таксӣ, , ки тартиби онро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд, бепул истифода барад;
— ба фаъолияти меҳнатии бемузд машғул шавад;»;
— ба қисми 2 сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- дар доираи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад;».
  1. Дар моддаи 8:
— сархатҳои якум, ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«- қабули волонтёронро амалӣ намояд;
— ҷуброни хароҷотеро (роҳкиро, ҷойи хоб, хӯрок, суғуртаи тиббию иҷтимоӣ ва дигар), ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои волонтёр заруранд, таъмин намояд;
— ба волонтёр дар сурати доштани собиқаи меҳнатии волонтёрии на кам аз 20 соат дар як моҳ барои таъмин гардидан бо дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур муосидат намояд;»;
— дар сархати нуҳум пас аз калимаи «барад» калимаҳои «ва мутобиқи ин сабтҳо ба волонтёр маълумотнома диҳад;» илова карда шаванд;
— сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- оид ба амалисозии самтҳо ва намудҳои фаъолияти волонтёрӣ, ҳайат, шумора ва натиҷаи фаъолияти волонтёрон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳар сол маълумот пешниҳод намояд;».
  1. Сархати чоруми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- тасдиқ намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
  1. Дар моддаи 11:
— сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;
— сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мутамарказ ва бо истифода аз усулҳои муосири иттилоотӣ, аз ҷумла технологияи интернетӣ, ба қайд гирифтан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд дар Тоҷикистон;
— таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳо;
— мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти волонтёрӣ ва дар ҳолати зарурӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур қабул намудани қарорҳои дахлдор, аз ҷумла оид ба қатъ намудани фаъолияти волонтёрии шахс;
— тасдиқи шакл ва намунаи дафтарчаи волонтёрӣ ва шаҳодатномаи волонтёрӣ;».
  1. Ба моддаи 14 қисми 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Тадбирҳо оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фондҳои волонтёрӣ дар маҳалҳо аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тавассути амалӣ гардонидани фармоишҳои иҷтимоӣ, таъмин намудан бо бино, воситаи алоқа ва дигар ҳизматрасонӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.».
 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  
Эмомалӣ РАҲМОН
ш.Душанбе, 25.12.2015, №1268
Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s