Реформа и развития управленческие возможности органов самоуправлении и гражданского общества в условиях современного общества

Миралиев К.А Реформа и развития управленческие возможности органов самоуправлении и гражданского общества в условиях современного общества (на таджикский язык). Материалы III Душанбинской международной научно-практической конференции, Душанбе, 10-11 ноября 2011 года. Вестник Института повышения квалификаций государственных служащих Республики Таджикистан. Душанбе: 2011. C. 64-66

 

РЕФОРМА И РАЗВИТИЯ УПРАВЛЕНЧЕСКИЕ ВОЗМОЖНОСТИ ОРГАНОВ САМОУПРАВЛЕНИИ И ГРАЖДАНСКОГО ОБЩЕСТВА В УСЛОВИЯХ СОВРЕМЕННОГО ОБЩЕСТВА

 

В статье рассматриваются вопросы правового и институционального развития органов местных самоуправлений. Представлены некоторые меры по улучшению ситуации в управленческих вопросах и кадровой обеспечении органов самоуправлений.

 

ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ ИМКОНОТИ ИДОРИИ МАҚОМИ ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ШАРОИТИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Дар шароити ҷомеаи муосир, ки тамоми фаъолиятҳо муносибатҳо ва амалҳои нав, муқовиматнок ва тобишоварандаро нисбат ба тазодҳои ҷомеа тақозо менамояд, рушду такомули мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи мақсад аст.

Дар шароити Тоҷикистон, ки аксариятро (73,6%) аҳолии деҳот ташкил медиҳанд, рушди имконоти мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар мадди аввал истад, чун маҳз ҳамин институтҳои идорӣ метавонанд ба тағйирёбии кулли ҳаёти ҷомеа таъсиррасон бошанд [1,2].

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии пазируфтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Яъне, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити ҳуқуқӣ ҷиҳати рушду такомули мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фароҳам оварда шудааст, гарчанде истифодаи самараноки он беҳбудиро талаб мекунад.

Воқеъист, ки бо дарназардошти принсипҳои ҷомеаи демократӣ тамоми фаъолияти шаҳрвандон озодона дар чорчӯбаи қонунгузорӣ сурат мегирад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, вале айни ҳол бештар дар стаҳи назариявӣ.

Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ аз ҷониби шаҳрвандони маҳал интихоб мешавад ва ӯ ҳамчун «Ҷамоат» ифода мегардад. Роҳбар, яъне Раис ва Дастгоҳи Ҷамоат аз ҷониби вакилони Ҷамоат интихоб мегарданд, ҳамчунин тамоми шаклҳои ҳуқуқӣ, идорӣ, молӣ ва ташкилии фаъолияти ҷамоат аз ҷониби вакилон бояд муайян гардад. Вале дар акси ҳол, чунин муносибат ва риояи тартибот дар сатҳи маҳалҳо ба таври возеҳ эҳсос карда ва ё дида намешавад, ки мухолифи принсипҳои идорӣ ва асноди ҳуқуқии қабулгардида мебошад. Барои мисол: Вақте, ки ба дилхоҳ шаҳрванд бо саволи «Раиси ҷамоатро ки интихоб ва ё таъин менамояд?» муроҷиат мекунем, аксаран посух медиҳанд, ки «Раиси ноҳия», яъне шаҳрвандон ҳатто оид ба интихобӣ на таъинӣ будани роҳбарияти ҷамоат иттилооти пурра надоранд.

Сабаби асосии ин муносибат ягона аст ва он ҳам бошад, камфаъолии шаҳрвандон, дар бисёр ҳолатҳо, бетарафӣ ва беаҳамиятӣ ба имкону тақдири худ, тақдири оила, ҳамсоя, деҳа ва кишвари худ.

Яке, аз сохторҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад, дар сатҳи маҳалҳо қариб ки фаъолият надоранд, қисми зиёди онҳо дар шаҳрҷойҳо кор мебаранд. Тибқи маълумотҳои тарҳрезигардида, ҳамагӣ 14-15% ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо фаъолият доранду халос [4].

Аз инҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ҳамчун воҳид ва мустақил, мушкилии зиёде пеш омадааст, сатҳи иқтисодӣ паст аст, сатҳи таҳсилоти ҷавонон қонеъкунанда нест, муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ ба афзоиш аст, вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳбудиро металабад, сатҳи ҷинояткорӣ зиёд аст ва ғайра.

Камфаъолии шаҳрвандон асосан ба каммаълумотӣ ва тангдастии онҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ асос меёбад, ки дар инҷо, агар аз як тараф серталабӣ ва арзёбии шаҳрвандон лозим бошад, аз тарафи дигар фароҳам овардани шароит ҷиҳати дастрасӣ ва таъмини шаҳрвандон ба иттилоот аз ҷониби мақомоти алоқаманд зарур аст.

Дар баробари ин, интизорӣ ва таҳлилу баррасии тадбирҳои андешида ва амалигардонидаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ба ҳукми анъана даромадааст. Яъне, қисми зиёди аҳолӣ мавқеъи интизориро касб кардаанд ва интизоранд, ки кай Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои онҳо шароити беҳтари зисту зиндагонӣ фароҳам меорад. Аммо мутаассифона дарк намекунанд, ки принсипҳои ҷомеаи демократӣ худфаъолӣ ва иштироки шаҳрвандонро дар идораи давлатӣ талаб мекунад. Яъне, дар баробари тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ба сифати мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ, шахси воқеъӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ тадбирҳои алоқмандро вобаста ба шароити маҳалли худ андешанд ва амалӣ гардонанд.

Тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва приниспҳои демократии идораи ҷамоаи маҳаллӣ, Ҷамоат дар таъсиси буҷет ва ҷамъоварии маблағ мустақил буда, имкони васеъи татбиқи ин амалро дорад. Ин маънои онро дорад, ки Ҷамоат метавонад вобаста ба дилхоҳ масъалаи беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва ободонии маҳал таъсир ва имкони кофии молӣ дошта бошад. Ҳамчунин, Ҷамоат имкон дорад, ки мавриди зарурат вобаста ба масъалаҳои афзалиятнок дар ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фондҳои махсус таъсис дода, маблағи заруриро чи аз ҳисоби имконоти дохилии маҳал ва чи аз берун ҷамъоварӣ намуда, амалӣ гардонад.

Вале, мутаассифона дар ин самти фаъолият низ, ноустувории мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври возеҳ айён аст. Бисёре аз Ҷамоатҳо на танҳо барои ободонии маҳал маблағи зарурӣ надоранд, балки вобаста ба зиёд кардани маоши кормандон норасоии маблағӣ доранд. Фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, чун камфаъол ҳастанд, дар ин ҷодда кам назаррас аст.

Дар шароити ҷомеаи мусоир ва иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ мувофиқи мақсад аст. Дар маҳалҳо то ҳол на ҳамаи роҳбарон/масъулон манфиати воқеъии ин амалҳоро дарк кардаанд. Ҳатто, бисёре аз масъулон бинобар сабаби каммаълумотӣ барои ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ ва ё соҳибкории шаҳрвандон монеаҳо эҷод мекунанд, гарчанде ҳар як субъекти иловагӣ ба маҳал имкони иловагӣ ва манфиати маблағиву шароити корӣ фароҳам меорад.

Дар самти рушди соҳибкорӣ Ҷамоатро зарур аст бо соҳибкорон ва сармоягузорон ҳамкории зич дошта бошад ва мунтазам бо соҳибкорони маҳаллӣ мулоқотҳо ташкил намуда, иштирок ва саҳмгузории онҳоро ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ва ободонии маҳал таъмин намоянд.

Мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро месазад дар самти таъминоти кадрӣ ва корҳои ташкилию амалии маҳал фаъол бошанд. Дар бисёр мавридҳо корҳои ташкилӣ ба таври вертикалӣ ва стихиявӣ сурат мегиранд, яъне масъулон интизор мегарданд, то аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархости дахлдор ворид гардад, сипас то мӯҳлати наздик омадани ин ва ё он чорабинӣ онро кашол медиҳанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар навбати худ дархости дахлдори Ҷамоатро интизор мегардад.

Тибқи приниспҳои идорӣ Ҷамоатро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои ба маҳал хосро новобаста аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таррҳрезӣ ва амалӣ гардонанд, яъне ба таври горизонталӣ фаъолият намоянд на ба таври вертикалӣ. Чун, Ҷамоат мушкилот, эҳтиёҷот ва имкони маҳалро хуб медонад на мақомоти ноҳиявӣ.

Масъалаи таъминоти кадрӣ низ дар сатҳи Мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ нигароникунанд аст. Яке аз мушкилоти ин самт, кам муқаррар гардидани маоши моҳона мебошад, ки он ҳам ба каммасъулиятии роҳбарияти Ҷамоатҳо хос аст. Дар боло ишора шуда буд, ки имконоти молиявии Ҷамоатҳо васеъ буда, ба дилхоҳ фаъолият басанда аст. Дар ин ҷодда низ роҳбарияти мақомоти худидоракунандаи маҳаллиро мебояд маоши моҳона ва ҳавасмандии кормандонро зиёд намуда, мутахассисонро мунтазам ба такмили ихтисос равона созанд. Чун, сарчашмаи устувории дилхоҳ фаъолият мутахассис/кадр аст, аз ҷумла дар шароити ҷомеаи муосир, ки аз ҳар мутахассис ҳамасола такмил додани ихтисосро тақозо менамояд.

Қисми зиёди чорабиниҳо дар сатҳи маҳалҳо хусусияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Чун Тоҷикистон дар шароити гузариш қарор дорад, масъалаҳои иҷтимоидоштаи ҷомеа хело зиёд аст ва татбиқи онҳо иштирок ва саҳмгузории фаъоли мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Вале имрӯзҳо тадбирҳои аз ҷониби мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ андешидашаванда ками дар кам ба назар мерасад. Аслан дар ин ҷодда, бо дарназардошти тавваҷӯҳи бевоситаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа тадбирҳои алоқаманд аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ андешида мешаванд. Ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, дар ин самт камфаъоланд, ҳатто ба дастгирии оилаҳои камбизоат имкон надоранд, гарчанде масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили таъминоти иҷтимоӣ, кӯмакпулӣ, тандурустӣ, дастгирии маъюбон ва бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, беҳдошти вазъи мактабҳо, таҳсилоти духтарон ва ғайра тавваҷӯҳи зиёд, аз ҷумла дастгирии доимӣ талаб мекунад.

Масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ низ аз ҷониби мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ нигароникунандааст, гарчанде онҳо имкони ба даст овардани маблағ ҳам дошта бошанд. Ҳатто, ҳолатҳое шунида мешаванд, ки мавриди баргузории баъзе чорабиниҳо масъулон аз шаҳрвандон маблағ ҷамъ кардаанд.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти таҳлилҳои боло ва бо мақсади татбиқи босамари принсипҳои идоракунии ҷомеаи маҳаллӣ ва қонунгузории ҷорӣ дар раванди ташаккули имконот ва рушди мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст, ки тадбирҳои зерин ба таври муташаккилона андешида шаванд:

  1. Ҷиҳати боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи маълумотнокии шаҳрвандон оид ба принсипҳои асосии ҷомеаи демократӣ дар самти идораи мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ватанӣ ва байналмилалии дахлдор чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ андешида шавад;

  2. Ташкилёбии ҳарчи беши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо дастгирӣ карда шавад ва барои фаъолияти пурсамари онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратию байналмилалии дахлдор шароити мусоид фароҳам оварда шавад;

  3. Фаъолнокии шаҳрвандон мавриди иштирок дар интихоб ва идораи ҷамоаи маҳаллӣ, аз ҷумла вакилии онҳо ҳавасманд гардонида шавад;

  4. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодии кормандони/мутахассисони мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкили буҷет ва идораи самараноки он мунтазам давраҳои (курсҳои) такмили ихтисос ташкил карда шаванд;

  5. Барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагидории фермерӣ дар маҳалҳо ва бо иштироки фаъоли мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, методӣ ва амалӣ ташкил карда шаванд;

  6. Соле як маротиба такмили ихтисоси кормандони/мутахассисони мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ташкил карда шаванд;

  7. Ба мақомоти худидоракунандаи маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба татбиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили таъминоти иҷтимоӣ, кӯмакпулӣ, тандурустӣ, дастгирии маъюбон ва бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, беҳдошти вазъи мактабҳо, таҳсилоти духтарон ва ғайра аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои методию амалӣ таъмин карда шавад.

Рӯйхати адабиётҳо

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

  2. Омори сиёсати давлатии ҷавонон

  3. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2010

  4. Развитие молодежной политики в Таджикистане на рубеже XXI века: К.Миралиев, Душанбе, 2009

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s