Баромад: Таҳкими ҳуқуқии фаъолияти волонтёрӣ

МАЪЛУМОТНОМА

ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабова Л.Н., Оқилзода Н.И. ва Миралиён Қ.А. бо назардошти рисолати аслии қонунгузорӣ, яъне тақвият бахшидани меъёрҳои марбут ба танзими фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, методию амалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти волонтёрӣ таҳия гардид.

Ин иқдом бо назардошти зарурати дар ҷараёни фаъолияти волонтёрӣ бавуқуъомада пеш гирифта шуд, ва он имкон медиҳад, ки:

  • тамоми фаъолияти волонтёрии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар ба расмият дароварда шуда, ҳамоҳанг сохта шавад;

  • ба волонтёр ҳамчун шахси фаъоли ҷамъиятӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуда, ҳуқуқҳои ӯ дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳимоя карда шавад;

  • фаъолияти волонтёрӣ дар доираи тавсияҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта, инчунин дар самти муқовимат ба падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизм ва терроризм тақвият ёбад;

  • барои ҳавасмандсозии шаҳрвандон ҷиҳати машғул гардидан ба фаъолияти волонтёрӣ шароитҳо фароҳам гардад;

  • саҳми бевоситаи волонтёрон ва ё самаранокии фаъолияти волонтёрӣ дар беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа таъмин карда шавад.

Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур усулҳои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо, баррасии масъала бо гуруҳҳои дахлдор ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи амалӣ дар шаклҳои гуногун истифода гардиданд.

Аз ҷумла:

  1. Қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти волонтёрӣ, ҳамчунин таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар робита ба аҳамиятнокӣ ва манфиатнокии фаъолияти волонтёрӣ ба ҷамъият ва давлат мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд;

  2. Бо назардошти муқоисаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба имконот ва шароити иҷтимоию иқтисодии кишвар, бо намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои машваратӣ баргузор гардиданд.

Пас аз ин қадамҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» омода гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2015, №134 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ва пешниҳод ирсол карда шуд.

Лоиҳаи мазкур бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва иродҳо 12 октябри соли 2015 дар маҷлиси васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамин тариқ, ба лоиҳаи Қонун 58 таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд, ки пас аз баррасӣ 34 пешниҳодҳо қабул, 18 пешниҳодҳо қисман қабул ва 6 пешниҳодҳо қабул нагардиданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» бо чунин тағйиру иловаҳо омода гардид.

Дар моддаҳои 1, 7, 8, 10 ва 11 барои ба таври муттамарказ ҳамоҳанг сохтани фаъолияти волонтёрӣ, ки дар шароити Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад, якчанд қисму сархатҳо илова карда шуда, ба якчанд қисму сархатҳои дигар тағйирот ворид карда шуданд (аз ҷумла, ваколатҳо ва уҳдадориҳо вобаста ба таҳия, тасдиқ ва татбиқи Қоидаҳои бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон, муайян кардани мақоми ҳуқуқии волонтёр ва ғайра).

Дар моддаи 3 дар ҳамбастагӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ масъалаҳои марбут ба мақоми ҳуқуқии волонтёр ва иштироки волонтёр дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ илова карда шуданд.

Дар моддаи 6. меъёри марбут ба таъмини бехатарии фаъолияти волонтёр ҳангоми кор ва хизматрасонӣ илова карда шуд.

Дар моддаи 7. бо дарназардошти муваффақиятҳои кишварҳои дорои таҷрибаи амалӣ ва тавсияҳои ниҳоди байналмилалӣ якчанд масъалаҳои таҳкимдиҳандаи механизми ҳавасмандсозӣ ва имконоти ҳуқуқӣ барои волонтёрон илова карда шуданд, аз ҷумла бепул истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ ғайр аз таксӣ.

Дар моддаи 11 бо дарназардошти тавсияҳо ва таҷрибаи байналмилалӣ масъалаи таъсиси Шӯрои миллӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди фаъолияти волонтёрӣ илова гардид, ки он имкон медиҳад механизмҳои устувори татбиқи ин фаъолият баррасӣ гардида, дар сатҳи намояндагони масъули соҳаҳои гуногун, бахусус ҷомеаи шаҳрвандӣ қарорҳои манфиатбахш қабул карда шаванд.

Дар моддаи 14 механизми мусоидаткунанда ба рушди фаъолияти амалии волонтёрӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла таъсиси марказҳо ва фоднҳои волонтёрӣ илова гардид.

Лоиҳаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар доираи маблағҳои муайяне, ки ҳамасола дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд, амалӣ мегардад.

Дар баробари ин, татбиқи босамари муқаррароти Қонун метавонад ба манфитаи зиёди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа боис гардад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s