Баромад: Истифодаи бомароми низоми хариди давлатии хизматрасонӣ

БАРОМАД зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»

Сараввал барои таҳия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2016”, ки албатта бо заҳматҳои зиёд ба даст омадааст, изҳори сипос менамоям.

Маблағи пешбинишуда барои соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва варзиш, ки соҳаҳои афзалиятноки кишвар мебошанд 4,3 млрд. сомонӣ, ки баробар ба 21,9% Буҷети давлатӣ ва ё 7,1% ММД мебошад ва он ҳамасола афзоиш дорад, ки боиси қаноатмандист. Танҳо маблағгузории соҳаи маориф дар 5 соли охир аз 1,1 млрд. сомонӣ ба 3,1 млрд. сомонӣ расонида шудааст, ки ин афзоишёбӣ мутаносибан 182%-ро ташкил медиҳад, яъне ҳудуди ду баробар зиёд гардидааст.

Дар ин соҳаҳо ва дигар соҳаҳои татбиқи Буҷети давлатӣ масъалаи муҳим сатҳу сифат ва рақобатпазирии хизматрасонӣ мебошад, ки атрофи он таваҷҷуҳи ҳозиринро мехостам ҷалб намоям.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки ҷомеаи мо иқтисоди бозоргониро пеша кардааст ва тамоми муносибатҳо бояд хусусияти рақобатпазирӣ ва сифтанокӣ дошта бошад.

Яке аз усулҳои муносиб дар роҳи ташкил ва афзоишдиҳии Буҷети давлатӣ ин сарфа ва амалисозии самараноки он ба ҳисоб меравад, ки дар навбати худ, ин нишондиҳандаҳо бо фароҳам овардани шароитҳои рақобатнок ва ҷалби ҳарчи бештари субъектҳои татбиқкунанда имконпазир мебошад.

Татбиқи Буҷет бо усулҳои рақобатпазирӣ, ҳамзамон имкон медиҳад, ки воҳидҳои корӣ дар хизмати давлатӣ бомаром истифода гарданд ва онҳо бо шароити хуби корӣ, аз ҷумла моҳонаи муносиб таъмин карда шаванд.

Дар ин росто, айни замон дар кишвар механизми хариди мол, кор ва хизматрасонӣ амал мекунад, ки ду қисмати он, яъне хариди мол ва кор рисолати худро иҷро карда истодаанд ва дар натиҷа субъектҳои онҳо, аз қабили ҷамиятҳои саҳомӣ афзоиш доранд (аз 12107 адад дар соли 2010 ба 32201 адад дар соли 2015 зиёд гардидаанд). Дар ин раванд итминон дорем, ки ин ҷамъиятҳо на танҳо татбиқкунандаи Буҷети давлатӣ, балки ҳамчун ҷалбкунандаи маблағ ба иқтисодиёти кишвар тавассути ба роҳ мондани фаъолияти хориҷии худ низ баромад менамоянд.

Аммо, сеюмин қисматхизматрасонӣ ба таври зарурӣ татбиқи худро наёфта истодааст, зеро теъдоди субъектҳои он, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз 2800 адади соли 2013 ба 2392 адади имрӯз (2015) кам гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки теъдоди субъектҳои молрасон ва иҷрои кор нисбат ба хизматрасон 10 маротиба зиёд мебошад ва афзоиш дорад (ниг. ба ҷадавли поён).

Page1

Дар сурати ба роҳ мондани шароити рақобатпазирии хизматрасонӣ низ, аз ҷумла хариди давлатии хизматрасонӣ ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ метавон самаранокии Буҷетро таъмин намуд, теъдоди субъектҳои дахлдорро, ки аз институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошанд, зиёд гардонид, маблағҳои зиёди иловагиро аз ҳисоби манбаҳои ғайрибуҷетӣ, бахусус фондҳои байналмилалӣ ҷалб намуд, ҷойҳои кории иловагӣ ба даст овард, вақти корро сарфа ва сарбории хизматчиёни давлатиро сабук гардонид.

Яъне, дар умум истифодаи бомароми низоми хариди давлатии хизматрасонӣ худ як манбаи муътамад дар ташкили Буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s