ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Замимаи 2.

ЧОРАБИНИҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Яке аз усулҳои маълумотноксозии ҷавонон вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаётӣ ин андешидани тадбирҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо ишитироки бевоситаи ҷавонон мбеошад.

Тарғибу ташвиқ асосан бо мақсади паҳн намудани маълумоти муайян ва бо ин васила ташаккул додани афкори умум (ҷамъиятӣ) амалӣ гардонида мешавад.

Барои равшанӣ андохтан ва муайян намудани аҳамиятнокии тарғибот назарияҳои баъзан манбаҳоро баррасӣ менамоем.

Мувофиқи энсиклопедияи советӣ тарғибот ҳамчун паҳнкунандаи андешаҳо ва ғояҳои сиёсӣ, фалсафӣ, илмӣ, бадеӣ ва ғайра бо мақсади таҳмил додани онҳо ба тафаккури ҷамъитяӣ ва фаъолноксозии фаъолияти амалии оммавӣ муайян карда шудааст.

Ҳамчунин, мувофиқи назарияи Г.Лассуэлл қувваи таъсиррасонии тарғибот ба заифии тафаккури инсон шабоҳат дорад, на ба хусусиятҳои маълумотҳои муайян. Ба фикри олим дилхоҳ буҳрони иқтисодӣ ва ё низои сиёсӣ ниҳоят хатарнок мебошад, зеро ба ноқисулақлии оммавӣ оварда мерасонад ва мубталогардии шахсиятро ба таъсиррасонии тарғиботӣ дучанд мегардонад.

Яъне, дар ҳолати пешорӯ гардидани кишвар ба буҳрони иқтисодӣ аҳли ҷомеа ба дилхоҳ қувваҳои беруна метавонад бовар кунад ва ба роҳи муайянкардаи онҳо равад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки иқтидори тарғиботи идологияи солим дар кившар тобоварандаи ҳама гуна қувваҳо бошад.

Баъдтар, олим ба андешае омад, ки амалиёти бомуваффақи тарғиботӣ бояд стратегияи дурнамо ва хуб омодашуда дошта бошад, то ин ки дар ҷараён таъсиси симои рамзӣ ва омӯзонидани одамон дар ҳамбастагӣ ба он зарурат пайдо мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки барои анҷом додани корҳои тарғиботӣ қаблан омодагӣ дидан мебояд, корҳои банақшагирӣ, ҳатто симоҳо ва далелҳои намоиширо мебояд омода сохт. Ҳамчунин, тарғибгаронро аз рӯи мавзӯи муайян, далелҳо ва нақшаи пешакӣ тарҳрезигардида омӯзонидан лозим мебошад.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо шоҳиди тарғибҳои зиёди носолим, аз ҷумла тариқи шабакаи интернетӣ ва маҷаллаву рӯзномаҳо мебошем, ки ба аксарияти он ҷамъият бовар дорад, дар асли ҳол бошад, ин амалҳои тарғиботӣ нақшавӣ буда, аз мақсадҳои ғаразнок ва пасипардагӣ холӣ намебошанд.

Мисол, вақтҳои охир чанде аз шабакаҳои хусусии интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо пайваста пайи тарғиби фаъолияти нокому нодурусти институтњои давлатӣ мебошанд, ҳатто масъалаҳои оддиро ҳангома карда, ба мушкилоти аввалиндараҷаи давлат табдил медиҳанд. Ҳолатҳои зиёде низ ҳаст, ки калима ва вожаҳои бегона ба забони давлатиро истифода менамоянд, сарлавҳаҳои таҳқиромез таҳия месозанд ва ба қавле «сенсатсия» мекунанд.

Мутаассифона, одамон дар навбати худ ба ин дасисаҳои ҳангомаҷӯёна бовар мекунанд, ки албатта сабаб — ин надоштани маълумоти кофӣ оид ба роҳу усулҳои тарғиботӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки василаҳои тарғиботи солим, аз ҷумла тарғиби идеологияи давлатӣ ва амнияти миллӣ устувор гардонида шаванд.

Чӣ тавре дар боло ишора гардид, тарғибот асосан ба ду навъ, давлатӣ ва зиддидавлатӣ ҷудо мешавад, ки онро бо мақсади равшан шудан, мо ҳамчун тарғиботи шаклҳои солим ва носолим баррасӣ менамоем.

Мутаассифона, тарғиботи солим ва ё идеологияи давлатӣ барои таъсиррасонӣ вақти зиёди омодагӣ ва низоми устувори идорӣ талаб мекунад. Дар баробари ин, дар бисёр мавридҳо тарғиботи солим ҳамчун чорабинии ҳаррӯза ба назар мерасад, ки хоҳ нохоҳ таваҷҷӯҳи хоса ҷалб намесозад ва маҳз номуваффақии фаъолият дар ҳамин муносибат инъикос мегардад.

Тарғиботи носолим бошад, барои таъсиррасонӣ вақти зиёд талаб намекунад, зеро ӯ худ таваҷҷӯҳпазир аст. Албатта дар ин роҳ «дӯстон» нақшаҳо ва омодагиҳои муайяне доранд, чунки идеология хело қиммати гарон дорад. Исботи ин нуқта он аст, ки новобаста аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ, виҷдон, инсоф, адл ва хирад намояндагони «дӯстон» дар ВАО маводҳои таҳқиромез, бофта ва беасос бештар чоп мекунанд, яъне дар ин роҳ тарсу ҳаросро гум кардаанд. Гузашта аз ин, чӣ тавре дар урфият гуфтаанд «Вайрон кардан осонтар аз обод кардан аст». Аз ин рӯ, тарғиботи носолим, ки мақсади ниҳоии он вайронкорӣ мебошад, ҳаммаслакони зиёд дорад, гарчанде дар муқоиса ба аҳли ҷомеа ин рақам хело кам ҳам бошад.

Зарурат:

Бо назардошти номӯътадилии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии ҷаҳон ва албатта бо ба инобат гирифтани ин вазъ нисбат ба Тоҷикистон, инчунин пайдо шудани ҳаракатҳои зиёди носолими таблиѓотї ташкил ва баргузории ҳарчӣ бештари чорабиниҳои тарғиботии ҳаматарафа омодагардида ва самаранок ба мақсад мувофиқ аст. Ба ин васила метавон сатҳи маълумотнокии идеологии ҷавононро дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ баланд бардошт, инчунин бар зидди нерӯҳои носолими таблиѓотї муқовимати комил бурд.

Вазифа/таъсиррасонӣ:

Чорабиниҳои тарғиботӣ асосан ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии шахс равона гардида, ба тағйир додани афкори ҷамъият таъсири бевосита дорад.

Фарогирӣ:

Бинобар хусусияти оммавӣ доштан, чорабиниҳои тарғиботӣ шумораи зиёди аҳли ҷомеаро ҷалб месозад.

Хароҷоти молиявӣ:

Нисбатан хароҷоти молиявии чорабиниҳои тарғиботӣ кам мебошад, вале таъмини саривақтии харҷҳои зарурӣ бинобар ҳабастагии зичи амалҳо, муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар шароити кишвар бо мақсади сарфа кардани маблағ доираи ҳамкориро метавон васеъ кард ва аз захираҳо ва имконоти мавҷудаи моддию молиявї истифода бурд.

Хизматрасонҳо:

Барои баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ мумкин аст, ки мутахассисони соҳаи идеологӣ хизмат расонанд. Аммо барои ҳадафрасӣ ва фарогирии васеъ омода сохтани гурӯҳи тарғиботчиён-ихтиёриён тавсия мегардад.

Барои омода сохатни тарғиботчиён новобаста аз сатҳи маълумотнокӣ ва дониш семинарҳои омӯзишию омодагиро аз рӯи мавзӯҳои муайян мебояд баргузор намуд.

Интихоби тарғиботчиён аз ҳисоби шахсони соҳиби малакаи ровигӣ, дониши алоқаманд, ботаҷриба, муҳақиқ, маъруфу шинохта ва ҷавон мувофиқ мебошад.

Баромадҳо/маводҳо:

Кулли чорабиниҳои тарғиботӣ ба маводҳои мавзӯӣ асос меёбанд, ки аз рӯи онҳо тарғиботчиён кор мебаранд. Маводҳо пешакӣ аз ҷониби иҷрокунандагон бо ҷалби коршиносони соҳа ва ё самти муайян бояд таҳия ва таъмин карда шаванд.

Банақшагирӣ:

Банақшагирӣ қисмати муҳими тарғибот буда, аз муайян сохтани идея, гурӯҳҳои мақсаднок, василаҳои татбиқ, маблағгузорӣ ва роҳу усулҳои таъсиррасонӣ иборат мебошад. Зарур аст, ки ба ин қисмат таваҷҷӯҳи беши иҷрокунандагон ҷалб карда шавад.

Намудҳои чорабиниҳои тарғиботӣ:

  1. Бевосита:
  • Вохӯриву мулоқот – 50-500 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи маводи/маърӯзаи муайян дар мӯҳлати 2-4 соат ташкил карда мешавад:
    • Мулоқоти фардӣ — 1 нафарро фаро гирифта, аз рӯи маводи муайян дар мӯҳлати 1-2 соат дар шакли сӯҳбат ташкил карда мешавад;
  • Озмун – гурӯҳи иштирокчиён иборат аз 10 ва зиёда аз он нафарро фаро гирифта, аз рӯи мавзӯи муайян дар шаклҳо гуногуни мусобиқа, муқовимат, бозӣ, саволу ҷавоб ва мубоҳиса дар муддати муайян иборат аз 1-5 давра ташкил карда мешавад;
  • Барномаи театрӣ – 100-400 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи мавзӯи муайян дар шакли бозӣ дар нақшҳо дар мӯҳлати 1-3 соат ташкил карда мешавад;
  • Барномаи консертӣ – 100-1000 нафар иштирокчиёнро фаро гирифта, аз рӯи мавзӯи муайян дар шакли хондани суруду тарона дар мӯҳлати 1-3 соат ташкил карда мешавад ва дар байни баромадҳо атрофи мавзӯъ дар мӯҳлати на зиёда аз 5 дақиқа маърӯза манзур карда мешавад;
  • Бозӣ/мусобиқаи варзишӣ – гурӯҳи иштирокчиён иборат аз 10 ва зиёда аз он нафарро фаро гирифта, дар шакли муқовимати ҷисмонӣ дар муддати муайян ташкил карда мешавад ва дар оғози бозиҳо/баромадҳо атрофи мавзӯъ дар мӯҳлати на зиёда аз 10 дақиқа маърӯза манзур карда мешавад;
  1. Ба воситаи ВАО:
  • Барнома дар радио ва телевизион – аз рӯи мавзӯи муайян аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён иборат аз барномарез, баранда, наворбардор, ороишгар ва дигар мутахассисон (пешакӣ омода гардида), дар муддати на кам аз як соли пурра дар як соати муайян дар мӯҳлати 10-30 дақиқа ва 2-30 маротиба дар як моҳ таҳия ва пахш карда мешавад;
  • Мақола дар рӯзнома/ҳафтанома — аз рӯи мавзӯи муайян аз ҷониби рӯзноманигор-тарғиботчӣ дар муддати на кам аз як соли пурра мунтазам (1-7 маротиба дар як ҳафта) таҳия ва паҳн карда мешавад;
  • Мавод дар шабакаи интернетӣ — аз рӯи мавзӯи муайян аз ҷониби рӯзноманигор-тарғиботчӣ дар муддати на кам аз як соли пурра мунтазам (1-7 маротиба дар як ҳафта) дар шакли мақола ва вокуниш таҳия ва паҳн карда мешавад;
  • Сомонаи интернетӣ — аз рӯи мавзӯи муайян аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён иборат аз барномарез-техник, ороишгар, рӯзноманигор ва дигар мутахассисон (пешакӣ омода гардида) барои фаъолият дар муддати на кам аз се соли пурра таъсис дода мешавад. Маводи сомона мунтазам нав карда шуда, дар он василаҳои гуногуни таваҷҷӯҳи истифодабарандагонро ҷалбкунанда коркард мегардад;
  • Шабакаи радиоӣ ва телевизионӣ — аз рӯи маҷмӯи мавзӯҳои муайян аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён иборат аз теъдоди дахлдори мутахассисон (пешакӣ омода гардида) барои фаъолият дар муддати на кам аз даҳ соли пурра дар шакли давлатӣ ва ё хусусӣ таъсис дода мешавад. Маводи шабака иборат аз василаҳои гуногуни таваҷҷӯҳи тамошобинонро ҷалбкунанда коркард мегардад;
  • Рӯзнома/ҳафтанома/маҷалла — аз рӯи маҷмӯи мавзӯҳои муайян аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиён иборат аз теъдоди дахлдори мутахассисон (пешакӣ омода гардида) барои фаъолият дар муддати на кам аз даҳ соли пурра дар шакли давлатӣ ва ё хусусӣ таъсис дода мешавад. Маводи рӯзнома/ҳафтанома/маҷалла иборат аз василаҳои гуногуни таваҷҷӯҳи хонандагонро ҷалбкунанда коркард гардида, он дар вақти муайян (рӯз/ҳатфа/моҳ) таҳия ва паҳн карда мешавад.

Ин намудҳои нисбатан мувофиқи чорабиниҳои тарғиботӣ буда, барои истифодаи васеъ ба мақомоти дахлдори давлатї ва иттиҳодияҳои кор бо ҷавонон тавсия карда мешаванд.

Чорабиниҳои тарғиботӣ барои давлат, ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи муқовимат ба тазодҳои муосир ва ташаккули идеологияи солим ягона василаи дастрас ва мубрам арзёбӣ мегардад.

Боиси зикр аст, ки тарғибот айни замон ҳамчун василаи муҳими муҳориба дар байни кишварҳо, аз ҷумла қудратҳои салтанатталаб истифода шуда истодааст. Тоҷикистонро низ дар навбати худ мебояд аз чунин таҳдидҳо дифоъ дошта бошад ва мавриди эљод қарор додани маводи мазкур маҳз аз ҳамин мақсад иборат мебошад.

Эзоҳ: барои пайдо кардани маълумоти фарох ва хулосаи дақиқу санҷидашуда оид ба масъалаи мазкур Модели баргузории чорабиниҳои идеологиро (дар ҳамин сомона) мебояд омӯхт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s