ДАСТОВАРДҲО ДАР НӮҲ СОЛИ ОХИР

ДАСТОВАРДҲО

ДАР НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ, ИЛМИЮ ЭҶОДӢ (НАВОВАРӢ) ВА АМАЛӢ

ACHIEVEMENTS

IN RESULT OF PROFESSIONAL, SCIENTIFIC, CREATIVE (INOVATION) AND PRACTICAL ACTIVITY

ДОСТИЖЕНИЯ

В РЕЗУЛЬТАТЕ ПРОФЕССИОНАЛЬНОЙ, НАУЧНОЙ, ТВОРЧЕСКОЙ (ИНОВАЦИОННОЙ) И ПРАКТИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ    

 

КАСБИЯТ (САМТИ КАСБӢ): сиёсатшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, ҷамъиятшиносӣ, идоракунӣ / менеҷмент, қонунгузорӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ, сиёсати иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ / туризм

PROFESSION / SPECIALITY: Political science, state policy for youth, sociological science, management, legislation, monitoring and evaluation, economic policy, tourism development

ПРОФЕССИОНАЛЬНОСТЬ: политология, государственная молодежная политика, социология, управления / менеджмент, законодательства / правообеспечение, мониторинг и оценка, экономическая политика, развитие туризма

 

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2019

  1. Ташаббуси байналмилаии қонунгузорӣ – Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои аъзои ИДМ – дар ҷаласаи 49-уми васеи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ (шаҳри Санкт-Петербург, 19 апрели с.2019) қабул гардид. Истинодҳо: Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ; АМИТ ХОВАРРӯзномаи Садои мардум; Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
  2. Китоби илмӣ таҳқиқотӣ ва амалӣ (монография) «СИЁСАТИ ҶАВОНОН» (бо забони русӣ — МОЛОДЕЖНАЯ ПОЛИТИКА) дар нашриёти байналмилалии Lambert academic publishing аз нашр баромад. Китоб бо истиноди зерин, ки аз ҷониби нашриёт муайян гардидааст, дастрас мебошад: http://www.lap-publishing.com/referrals/9a01d0
  3. Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2019, №1 рисолаи  докторӣ дар мавзӯи «Вижагиҳо (махсусиятҳо) ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба дарёфти (сазовор гардидан ба) дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ (дипломи доктори илм -№0009) тасдиқ карда шуд.

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2018

  1. Дастоварди навбатӣ — Китоби «ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН», ки дар давоми ду сол бо ҳаммуаллифӣ бо Абдуллозода Аҳтам Рустам таҳия гардида буд, аз нашр баромад.

  2. Ташаббуси навбатии қонунгузорӣ ҷиҳати ташкили заминаҳо баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10.10.2018 қабул гардид.

  3. Ташаббуси навбатии қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти телевизион дар самти рушди сайёҳӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радишунавоӣ» аз 10.10.2018 қабул гардид.

  4. Мақолаи илмӣ: «Парламентаризми ҷавонон дар мамлакатҳои ИДМ: амалия, мушкилот ва дурнамо»- маҷаллаи илмии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ, Диалог: политика, право, экономика. Санкт–Петербург, 2018. – №1(8) – 2018 — С. 10-21 (бо забони русӣ)

  5. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

  6. Мақолаҳои таҳлилию илмӣ: (1) «Ҳамла ба сайёҳон амали ғайриинсонӣ буда, зидди ҳама гуна маданият ва фарҳанги тарзи зист ва ҳаёти ҷамъиятҳост»-АМИТ «Ховар», 03.08.2018; (2) «Татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва пешрафту шукуфоии мамлакат«- (3) Баромад, конференсияи илмӣ-амалӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, 27.04.2018; (4) «Тафсири мафҳумҳои сайёҳӣ ва саёҳат: саҳеҳнокӣ ва масъулият асоси рушди муносибатҳо«-сомона, 12.02.2018; (5) «Рушди сайёҳӣ ба пешрафти устувории кишвар замина хоҳад гузошт«-АМИТ «Ховар», 04.01.2018

  7. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» (ҳиссаи муаллифӣ — 90%)

  8. Таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ

  9. Таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ

  10. Ҳимояи рисолаи докторӣ (6 июли соли 2018) дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

  11. Қабул гардидани ташаббуси байналмилаии қонунгузорӣ дар сатҳи Ассамблеяи ҷавонони ИДМ — лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташаккул, танзим ва рушди парламенти ҷавонон дар кишварҳои аъзои ИДМ барои хулоса ба парламентҳои кишварҳои ИДМ ирсол карда шуд (майи 2018)

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2017

  1. Чоп гардидани Диссертатсия барои дарёфти унвони доктори илми сиёсӣ дар сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ аз 19 январи соли 2017 — шуруъ шудани расмиёти ҳимояи кори докторӣ.

  2. Пазируфта шудани ташаббуси қонунгузорӣ дар сатҳи ИДМ — таҳия гардидани лоиҳаи Тавсияҳо оид ба рушди парламентҳои ҷавонон дар кишварҳои аъзои ИДМ

  3. Ба тасвиб расидани (қабул гардидани) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» (июли соли 2017) — нахустин ташаббуси / қонуни мукаммал.

  4. Чоп гардидани баромадҳо бо забони англисӣ дар нашрияҳои байналмилалӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳсилоти калонсолон.

  5. Нашр гардидани Китоби таълимии «Сотсиологияи идоракунӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2016

  1. Таҳияи Китоби таълимии иттилоотӣ зери унвони «Сотсиологияи идоракунӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ҳаммуаллифӣ).

  2. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ».

  3. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ҳаммуаллифӣ).

  4. Таҳия ва чопи 7 мақолаҳои илмию таҳлилӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ дар нашрияҳои байналмилалию ватанӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон.

  5. Таҳия ва нашри Китоб (монография) зери унвони «Молодежная политика».

  6. Таҳия ва нашри Китоб (монография) зери унвони «Становление молодежной политики и ее идеологические аспекты» дар Олмон.

  7. Таҳия ва нашри Китоби таълимии иттилоотӣ зери унвони «Роҳнамо: идеологияи милли ва ҷавонон».

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2015

  1. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ».

  2. Таҳияи лоиҳаи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 (дар ҳолати 1 марти соли 2015).

  3. Таҳияи мақолаи илмӣ «Беҳтар гардонидани системаи маориф дар ҳамбастагӣ ба сиёсати давлатии ҷавонон» (бо заб. русӣ).

  4. Таҳияи мақолаи илмӣ «Соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон» (бо заб. русӣ).

  5. Таҳияи мақолаи илмӣ «Ҷанбаҳои иқтисодии шуғлнокии ҷавонон» (бо заб.русӣ).

  6. Таҳияи мақолаи илмӣ «Ҷавонон дар ҷаҳони муосир» (бо заб. русӣ).

  7. Таҳияи мақолаи илмӣ «Илм ва сиёсати ҷавонон» (бо заб. русӣ).

  8. Таҳияи мақолаи илмӣ «Марказҳои ҷавонон дар Тоҷикистон».

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2014

  1. Пешбарӣ гардидан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон.

  2. Таҳияи тағйиру иловаҳо барои такмили стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо (ворид намудани тағйирот ба Низомномаи стипендия пешниҳод карда шуд).

  3. Таҳияи тағйиру иловаҳо барои такмили Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон (қарори алоқаманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2014, №760 кабул гардид).

  4. Таҳияи тағйиру иловаҳо барои такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (Қонуни дахлдори аз 27.11.2014, №1161 қабул гардид).

  5. Ташаббус кардани озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёри сол».

  6. Таҳияи Дастурамал оид ба ташкили кор ва ҳуҷҷатгузорӣ дар филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.

  7. Таҳияи Китоб «Қадамҳои нав дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон».

  8. Таҳияи Модели рушди марказҳои ҷавонон дар Тоҷикистон дар шакли нав (бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои васеъ гардонидани шабакаи марказҳо).

  9. Таҳияи Консепсияи баргузории Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!” (дар ҷараёни Амалиёт зиёд аз 15 ҳазор китобҳои бадеӣ ҷамъоварӣ гардида, ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва қисмҳои ҳарбӣ ба таври ройгон тақсим карда шуданд).

  10. Ташкили Барномаи телевизионии “Волонтёрони Иттифоқи ҷавонон”.

  11. Ташкили (ташаббус кардани) Амалиёти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъоварии қоғазпораҳои кӯҳна таҳти шиори «Дарахтонро ҳифз менамоем!».

  12. Таъин шудан ба вазифаи муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  13. Таҳияи самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон. Бо фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2014 №139 тасдиқ гардиданд.

  14. Таҳия ва мавриди истифода пешниҳод кардани Маҷмӯи баромадҳо (дастури иттилоотии методию амалӣ) “Волонтёрӣ”

  15. Таҳияи Қоидаҳо оид ба бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ

  16. Ташаббус кардани озмуни ҷумҳуриявии «Ташкилоти ҷавонони беҳтарини сол», «Ташкилоти кор бо ҷавонони беҳтарини сол» ва «Маркази ҷавонони беҳтарини сол».

  17. Ташаккули фаъолияти Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи сифатан нави имкониятҳо;

  18. Таҳияи Варақаи иттилоотӣ “Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем!”

  19. Саҳми муносиб дар баргузории ҷаласаи 7-уми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай;

  20. Ташаббус кардан ва гузаронидани Форуми ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай «Ташаббусҳои волонтёрӣ»;

  21. Интихоб гаштан ба ҳайси Раиси Шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон;

  22. Баргузор намудани Анҷумани 7-уми ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон; Таҳияи самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон. Бо фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2014 №139 тасдиқ гардиданд;

  23. Таҳияи лоиҳаи Тартиб оиди бақайдгирии шахсони хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон;

  24. Таҳия ва мавриди истифода пешниҳод кардани Маҷмӯи баромадҳо (дастури иттилоотии методию амалӣ) “Волонтёрӣ”

  25. Таҳияи Низомнома оид ба бақайдгирии шахсони хоҳишманд барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ

  26. Таҳияи Варақаи иттилоотӣ “Хайрхоҳӣ шараф аст, волонтёр мешавем!”

  27. Таҳияи намунаи Шаҳодатномаи “Волонтёрӣ”

  28. Таҳияи намунаи Дафтарчаи “Волонтёрӣ”

  29. Таҳияи Лоиҳаи “Волонтёрӣ-қарзи шаҳрвандӣ”

  30. Таҳияи Лоиҳаи “Иштироки ҷавонон дар демократикунонии давлат ва ҷомеа”

  31. Таҳияи Лоиҳаи “Системаи хизматрасонии волонтёрӣ дар Тоҷикистон”

  32. Таҳияи Лоиҳаи “Рушди волонтёрӣ дар Тоҷикистон”

  33. Таҳия ва мусоидат ба татбиқи Лоиҳаи “Савдои одамон – таҳдид ба оромии ҷомеа”

  34. Таҳияи Лоиҳаи “Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонони ноҳияҳои назди сарҳадӣ оид ба масъалаҳои марбут ба хариду фурӯши одамон”

  35. Таҳия ва татбиқи Лоиҳаи “Системаи иттилоотии волонтёрони Тоҷикистон”

  36. Таҳия а татбиқи Лоиҳаи “Рушди имконоти минтақавии ҳаракати волонтёрӣ”

  37. Интихоб гаштан ба ҳайси Сарвари Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон

  38. Таъсис ва ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, ки мақсади он ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба шуғлнокӣ, таҳсилот, саломатӣ ва таъминоти иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ дар кишвар равона гаштааст.

  39. Таҳияи Барномаи фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон

  40. Таҳияи Нақшаи стратегии Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015

  41. Таъсиси сомонаи интернетӣ ва маҳзани иттилоотии интернетии фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон бо номҳои: http://www.volunteer.tj http://www.tajikistanvolunteer.wordpress.com

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2013

  1. Саҳми муносиб дар ташкили Мулоқоти навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ

  2. Таҳияи Дастури иттилоотию амалӣ “Президент ва ҷавонон” ҷиҳати татбиқи самаранок ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардиданд

  3. Аз нав ба роҳ мондани фаъолияти Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ). Дар ҳамин сол дар ИТҶТ 85 ташкилотҳои кор бо ҷавонон аъзо гардиданд.

  4. Ташкил ва баргузории Анҷумани VI-уми Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон. Дар натиҷа Муроҷиатномаи иштирокчиёни Анҷуман оид ба беҳдошти вазъи ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва рушди имконоти иҷтимоии ҷавонон таҳия гашта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

  5. Иштирок ва саҳми муносиб дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ” тариқи ба роҳ мондани фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва марказҳои ҷавонон

  6. Таҳияи мақолаи илмӣ дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир: мушкилот ва дурнамо» (бо забони русӣ) ва пешниҳоди он манзури олимону муҳақиқони соҳа дар Конференсияи илмию амалӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки бо ташаббуси Маркази татдқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

  7. Татбиқи Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон деҳот дар 25 шаҳру ноҳияҳои интихобӣ ва 16 ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон Маҳфилҳои ихтиёрони ҷавон иборат аз 560 ихтиёрӣ ва 82 тренерон

  8. Саҳми муносиб дар ташаккул ва амалӣ сохтани Модели «Сайёҳати бехатар» дар самти тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ВНМО байни ҷавонон дар Тоҷикистон

  9. Мусоидат ба баланд гаштани стипендияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 58%

  10. Таҳияи Дастури методию амалӣ оид ба татбиқи самараноки стипендиҳои президентӣ, Кумита ва маҳаллӣ

  11. Таҳия ва татбиқи Лоиҳаи баргузории амалиёти фаъолгардонии маҳалҳо дар мавзӯи “Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии ҷомеаи маҳал, бахусус ҷавонони 15-17 сола оид ба муқовиматнокӣ ба муқобили хариду фурӯши одамон”

  12. Таҳия ва татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон оид ба масъалаҳои марбут ба хариду фурӯши одамон тавассути ташкили барномаҳои театрӣ дар Тоҷикистон

  13. Таҳия ва мавриди амал қарор додани 5 санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои татбиқи босамари Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

  14. Таҳия ва мавриди амал қарор додани соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон иборат аз 10 самт

  15. Таҳия ва мавриди амал қарор додани нишондиҳандаҳои сиёсати давлатии ҷавонон иборат аз 150 қисмат

  16. Таҳия ва мавриди амал қарор додани Дастури амалӣ оид ба тартибҳои меъёрию ҳуқуқии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

  17. Таҳия ва мавриди амал қарор додани Дастури иттилоотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013

  18. Таҳия ва мавриди амал қарор додани Варақаи иттилоотӣ “Интихобот ва ҷавонон”

  19. Таҳияи Гузориш оид ба натиҷаҳои таҳлили таъҷилии вазъият ҷиҳати муайян сохтани иқтидори ташкилотҳои кор бо ҷавонон мутобиқи Барномаи омӯзишӣ аз рӯи усули “Ҳамсол ба ҳамсол”

  20. Таҳияи Гузориш оид ба таҳлили таъҷилии вазъият вобаста ба муайянсозии сатҳи татбиқи Лоиҳаи пешгирии ВНМО дар байни ҷавонони деҳот

  21. Таҳия ва мавриди амал қарор додани Дастури амалӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи фаъолгардонии маҳалҳо дар мавзӯи “Баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии ҷомеаи маҳал, бахусус ҷавонони 15-17 сола оид ба муқовиматнокӣ ба муқобили хариду фурӯши одамон”

  22. Таҳияи Механизми татбиқи самараноки Барномаи омӯзишӣ аз рӯи усули «Ҳамсол ба ҳамсол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2012

  1. Ба шахси ҳуқуқӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ табдил додани марказҳои навтаъсиси ҷавонон дар ҷамотаи Дурбати ноҳияи Ҳисор, дар маркази ноҳияи Данғара ва дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара

  2. Тамдиди мӯҳлати амали Лоиҳаи пешгирии ВНМО миёни ҷавонони деҳот бо дарназардошти натиҷаҳои самарабахш то сентябри соли 2013. Дар ниҳоят дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи мазкур дар соли 2012 маблағ дар ҳаҷми 1466435,36 сомонӣ ҷалб ва амалӣ гардид, ки 9,9% он ба буҷети давлат ба сифати андоз ворид гардидааст.

  3. Таҳия ва тасвиби Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 №620)

  4. Таҳияи Механизми татбиқи соҳаҳои афзалиятноки пешгирикунанда бо мақсади татбиқи самараноки Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013

  5. Таҳияи Лоиҳаи «Таъсиси Маҳфилҳои минтақавии ҷавонон оид ба хариду фурўши одамон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Данѓара, Исфара, Ваҳдат ва Ёвон»

  6. Таъсиси Маҳфилҳои минтақавии ҷавонон оид ба хариду фурўши одамон дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Ёвон

  7. Саҳми муносиб дар ташкили муҳокимаи парлумонии Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон, ки дар натиҷа вазорату идораҳои алоқаманд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва Барномаи мазкур дастурҳои алоқаманд гирифтанд

  8. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Китоби “Ҷавонон ва 20 соли истиқлолият”

  9. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Китоб “Усулҳои интерактивии таълим ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон”

  10. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури иттилоотӣ-амалӣ оид ба татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон, Маҷмўаи №12-04

  11. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури методию амалӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи пешгирии ВНМО миёни ҷавонони деҳот барои мутахассисони кор бо ҷавонон

  12. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастур/Рўзномаи ихтиёрии ҷавон

  13. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури методию амалӣ “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, №12-01

  14. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Маҷмўаи ахборотӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи пешгирии ВНМО дар байни ҷавонони деҳот, чор маҷмўъ №6-9

  15. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури методию амалӣ оид ба ташаккул ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №12-01

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2011

  1. Таъсиси Маркази миллии имконоти ҷавонон оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ дар заминаи КВД «Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар шаҳри Душанбе

  2. Саҳми муносиб дар татбиқи Лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди имкониятҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон».

  3. Тамдиди мӯҳлати амали Лоиҳаи пешгирии ВНМО миёни ҷавонони деҳот бо дарназардошти натиҷаҳои самарабахш то декабри соли 2013. Дар ниҳоят дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи мазкур дар соли 2011 маблағ дар ҳаҷми $327758,10 ҷалб ва амалӣ гардид, ки 11,9% он ба буҷети давлат ба сифати андоз ворид гардидааст.

  4. Саҳми муносиб дар таъсиси филиали КВД “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” дар ноҳияи Ёвон

  5. Саҳми муносиб дар таъсиси марказҳои имконоти ҷавонон дар ноҳияҳои Ҳисор, Данѓара ва шаҳри Исфара

  6. Саҳми муносиб дар таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 25 майи соли 2011 №433

  7. Таъсис ва ба роҳ монда шудани фаъолияти Шўрои ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба татбиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013

  8. Ташкили амалиёти понздаҳрўза таҳти унвони «Понздаҳ рўзи огоҳонӣ оид ба хариду фурўши одамон»

  9. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури иттилоотӣ “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013”

ДАСТОВАРДҲО ДАР СОЛИ 2010

  1. Таҳияи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 №561 тасдиқ гардид

  2. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Китоби “Реализация государственной молодежной политики на рубеже 21 века”

  3. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури методию амалӣ оид ба татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон

  4. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Стратегияи устувории фаъолияти марказҳои маърифатӣ-иттилоотии хайрхоҳона ба ҷавонон

  5. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури методию амалӣ оид ба танзим, ҳамоҳангсозӣ ва рушди фаъолияти мақомоти ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

  6. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Рўзномаи Ихтиёрӣ

  7. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Маҷмўаи иншоҳо дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон

  8. Таҳия ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани Дастури иттилоотӣ “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, ҳолат ва пешомадҳо” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

  9. Татбиқи Лоиҳаи “Пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот”

  10. Татбиқи Лоиҳаи “Пешгирии нашъамандӣ ва ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон/таъсис ва рушди марказҳои имконоти ҷавонон”

  11. Саҳми муносиб дар татбиқи Лоиҳаи “Фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди имконоти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон”

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s