ҲОЛНОМА

МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА – доктори илмҳои сиёсӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъ. V), дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника

ТАВАЛЛУД / СУЛОЛА

Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода (Миралиев Қиёмиддин Абдусалимович то апрели с.2015) 6 сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик.

Падараш – Миралиев Абдусалим Миралиевич, модараш – Файзова Идигул Муродовна соли 1972 бо мақсади рушду равнақ додани ҳаёту фаъолияти косибӣ аз минтақаи Кулоб (н.Ҳамадонӣ) ба минтақаи Бохтар (Қурғонтеппа) кӯч мебанданд. Асли аҷдоди ӯ аз қисмати ҷанубии минтақаи Кӯлоб (Ховалинг, Сайлон, Сари Хосор) маншаъ мегирад. Гузаштагони ӯ ба ҳунармандӣ / косибӣ, чармгарӣ, чӯбтарошӣ, ҷувозкашӣ ва ғайра машғул будаанд.

ТАҲСИЛ

Қиёмиддин Миралиён таҳсилро аз деҳаи Теппалик, мактаби ибтидоии №49 соли 1983 оғоз намуда, маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби миёнаи №1 (маркази н. Вахш) солҳои 1986-1994 аз худ мекунад. Ҳангоми таҳсил аз қатори таълимгирандагони фаъол буда, ба фанҳои математика, химия, биология ва мантиқ шавқу рағбати зиёд дошта, ба касби табиб мароқ зоҳир мекунад ва ба он омодагӣ мебинад.

Аммо, бинобар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ӯ ба ин мақсади худ намерасад, чун касби табибӣ танҳо дар шаҳри Душанбе (100 км дур аз ҷои истиқомат) омӯзонида мешуд. Зимнан, рӯҳафтода нашуда, Қиёмиддин Миралиён соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, ба факултаи математика дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси «Математик» хатм менамояд.

Дар давоми таҳсил Қиёмиддин Миралиён яке аз донишҷӯёни фаъол буда, дар ҳама чорабиниҳои ташкиливу амалӣ ва фарҳангиву оммавӣ иштирок кардааст. Дар давоми донишҷӯӣ бо дарназардошти фаъолнокӣ / аълохонӣ ба сифати аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ ва шунавандаи мактаби математикони факулта интихоб гардида, фаъолияти хуб нишон додааст. Дар байни ҳамсабақон соҳиби обрӯю нуфузи хосса буда, аз курси сеюм то панҷум масъулияти роҳбарии (сардории) гурӯҳро бар уҳда доштааст.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ / КАСБӢ

Баъди хатми Донишгоҳ бо дарназардошти муваффақиятҳои бадастоварда, фаъолнокӣ, аълохонӣ ва қобилиятнокӣ Қиёмиддин Миралиён дар факултаи математика ба ҳайси омӯзгор таъин гардида, ҳамагӣ баъди се моҳи фаъолият ба мансаби мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ таъин мегардад. Фаъолияти касбии сиёсии Қиёмиддин Миралиён аз ҳамин лаҳза оғоз мегардад. Дар донишгоҳ дар ҳамин мансаб, ҳамзамон омӯзгори фанни геметрияи тасвирӣ (ба сифати ҳамкор) давоми ду сол (солҳои 1999-2001) фаъолият менамояд. Дар ин муддат таъсиси Маркази ҷавонони Донишгоҳ, Маҳфили волонтёрон «Фидоиёни ҷавон», ташкили тими ҳозирҷавобон (КВН) «Леваканд» ва қабули Барномаи рушди ҷавонон Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппаро ташаббус мекунад.

Хизмати давлатӣ

Соли 2001 бо дарназардошти дастовардҳои муносиб дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон Қиёмиддин Миралиён ба вазифаи сармутахассиси Шӯъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) даъват / таъин мегардад (ба таври гузариш). Дар ин вазифа низ муддати зиёд намонда, бинобар саҳми шоиста ва фаъолнокӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон моҳи ноябри ҳамин сол ба шаҳри Душанбе – пойтахти мамлакат ба вазифаи мутахассиси Идораи сиёсати иҷтимоии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба таври гузариш) даъват мегардад.

Дар баробари ин, дар ҳамин сол (2001) ба Шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар бахши сиёсатшиносӣ дохил шуда, ба таҳқиқи илмии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон машғул мегардад. Рисолаи номазидашро дар мавзӯи «Ҳолат ва пешомадҳои ташкилотҳои ҷавонон дар Тоҷикистони муосир» 19 майи соли 2007 ҳимоя менамояд.

Соли 2002 ба зинаи роҳбарикунанда – ба мансаби Директори Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон таъин мегардад. Дар ин вазифа ба корҳои таҳлилу иттилоотӣ, оморӣ, мониторинг ва лоиҳасозии соҳаи кор бо ҷавонон машғул гардида, ба дастовардҳои зиёде, аз қабили ташкили омори сиёсати давлатии ҷавонон, таъсиси марказҳои ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ва ғайра ноил мегардад.

Ҳамин тариқ, бо дарназардошти дастовардҳо ва салоҳиятнокӣ, аз ҷумла кордонӣ, фаъолнокӣ ва қобилиятнокӣ мунтазам дар мансабҳо боло меравад: солҳои 2006-2007 дар мансаби сардори Идораи робитаҳои хориҷии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 дар мансаби мудири Шӯъбаи сиёсати иҷтимоӣ ва солҳои 2012-2014 дар мансаби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳамин Кумита фаъолият менамояд.

Мансаби олӣ / сиёсӣ

Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2014, №275 Қиёмиддин Миралиён ба мансаби олӣ – муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Аз 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аз рӯйхати Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон, Қиёмиддин Миралиён ба мансаби олии сиёсӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум) интихоб мегардад.

Қиёмиддин Миралиён тадқиқоти илмиро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тақвият бахшида, дар давоми панҷ сол (2013-2018) рисолаи докториро бо назардошти натиҷаҳои илмии назариявию методологӣ омода месозад. Рисолаи докториро дар мавзӯи «Хусусиятҳо ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамояд.

АЪЗОГӢ БА ҲИЗБИ СИЁСӢ

Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз октябри соли 2001 аъзо мебошад.

ВАЗЪИ ОИЛАВӢ

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд (чор писар, як духтар). Фарзандон дар муассисаҳои таълимии муносиб таҳсил мекунанд.

ТАҶРИБАИ ОМӮЗГОРӢ

Солҳои 1999-2001 дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Қиёмиддин Миралиён ба сифати ҳамкор – ассистенти кафедраи алгебра ва геометрия (омӯзгор аз фанни Геометрияи тасвирӣ) фаъолият намудааст.

Аз соли 2015 инҷониб дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамкор – дотсенти кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ (омӯзгор аз фанни Сотсиологияи идоракунӣ) фаъолият менамояд.

ДАСТОВАРДҲОИ КАСБӢ

Дар давоми фаъолияти касбӣ Қиёмиддин Миралиён ба дастовардҳои зиёде дар шакли таҳия, эҷод ва баамалбарорӣ ноил гардидааст, аммо дар поён, бинобар маҳдудияти имконият, бархе аз онҳо номбар карда мешаванд (маълумоти нисбатан пурратар дар сомонаи муаллиф – https://miraliev.com оварда шудааст).

  1. Мусоидат ба ташаккули дар шароити Тоҷикистон ва ИДМ соҳаи нави иқтисодӣ – сайёҳии дохилӣ. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ»-ро таҳия ва ба тасвиб расонидааст (Қонун аз соли 2017 дар амал аст)[1].
  2. Ташаббуси байналмилалии қонунгузорӣ: «Консепсияи Тавсияҳо оид ба таъсис, танзим ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ»-ро таҳия намуда, вобаста ба татбиқи он ба гурӯҳи вакилони парламентҳои ИДМ роҳбарӣ намудааст (қарори Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз03.с.2017, №7).
  3. Лоиҳаи қонунҳоро оид ба такмили заминаҳои қонунгузории соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат – ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба (1) Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», (3) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, (4) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», (5) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», (6) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ташаббус кардааст.
  4. Такмили заминаҳои қонунгузориро дар самти фаъолияти волонтёрӣ: ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолиятии волонтёрӣ» ташаббус кардааст[2].
  5. «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои солҳои 2013–2015 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.11.с.2012, №620), ҳамчунин ҳамин Барномаро барои солҳои 2016–2018 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.01.с.2016, №4)[3] таҳия намуда, инчунин ба татбиқи амалии онҳо мусоидат намудааст.
  6. Ба таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла таъсиси Шӯрои милии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»[4], мусоидат намудааст.
  7. «Механизми татбиқи босамари Барномаи омӯзишӣ аз рӯи принсипи «ҳамсол ба ҳамсол»-ро таҳия намуда, ба татбиқи он мусоидат кардааст (қарори Шӯрои Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон аз 5.06.с.2013, №13–03).
  8. «Модели рушди марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба амал баровардааст (фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.с.2012, №02)[5].
  9. «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои ду давра: барои солҳои 2006–2010 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.с.2006, №107) ва барои солҳои 2011–2013 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.с.2010, №561)[6] таҳия намуда, ба татбиқи амалии онҳо мусоидат намудааст.

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ

Қиёмиддин Миралиён дар ҳолати то соли 2018 ба беш аз 200 дастовардҳои илмию амалӣ ноил гардидааст. Муаллифи 10 монография ва китобҳои таълимӣ, 75 дастурҳои методию амалӣ, 150 мақолаҳо, аз ҷумла 22 мақолаҳои илмӣ, ки дар нашрияҳои Рӯйхати Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия нашр гардидаанд (барои маълумоти бештар ниг. ба https://miraliev.com/).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот / эҷодиёт. Қиёмиддин Миралиён:

  • якчанд низомҳои идоракунии дар шароити Тоҷикистон навро, ки тақозои ҷомеаи муосир мебошанд, ба монанди барномасозии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, муттаҳидсозии ташкилотҳои ҷавонон, омори сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи сайёҳии дохилӣ, фаъолияти волонтёрӣ ва ғайраро ба амал баровардааст;
  • ташкили беш аз 50 ташкилотҳои кор бо ҷавононро дар шакли марказҳо ва маҳфилҳои ҷавонон, аз ҷумла ташкили Шӯрои кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташаббус кардааст;
  • консепсияи назариявии амалисозии сиёсати давлатии ҷавононро бар асоси вазъи иҷтимоӣ–иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқӣ–этикӣ бо сохторҳои (тарзҳои) амудӣ ва уфуқӣ, ҳамчунин истифодаи усулҳои мудохилаи бисёрсоҳавӣ, масъулияти байнифаннӣ (интизомӣ–таълимӣ) ва таъсиррасонии принсипиалӣ таҳия намудааст, ки татбиқи он дар амал метавонад ба рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намояд;
  • низоми (системаи) ниҳодисозии (ташаккули) илмӣ, таҳқиқотӣ ва назариявӣ­-методологии алоқаманд ба сиёсати давлатии ҷавононро таҳия ва барои татбиқ пешниҳод кардааст;
  • модели комилан нави муосидаткунанда ба рушди устувори сиёсати ҷавононро бо дарназардошти шароити тағйирёбии демократии ҷомеа – механизми байнисоҳавии амалҳои мутақобила байни ҳокимияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ – таҳия намудааст, ки татбиқи он ба ташаккули идеологияи миллӣ ва рушди устувори сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд.
  • лоиҳаи санади қонунгузории байналмилалӣ – «Тавсияҳо оид ба таъсис, танзим ва рушди парламенти ҷавонон дар давлатҳои иштирокчии ИДМ»-ро таҳия намуда, барои татбиқ пешниҳод намудааст.

Монографияҳо:

  1. Пешвои миллат бо ҷавонон (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ)[7]
  2. Сиёсати ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон) (бо забони русӣ)[8]
  3. Ҷавонон ва 20 соли Истиқлолият[9]
  4. Рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон дар асри XXI (бо забонҳои русӣ ва англисӣ)[10]
  5. Ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ва ҷанбаҳои идеологии он (бо забони русӣ)[11]
  6. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши он дар таҳкими иқтидори ҳаракатҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷомеаи муосир (бо забони русӣ)[12]
  7. Нақши усулҳои интерактивии таълим дар ташаккулёбӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоии ҷавонон[13]
  8. Қадамҳои нав дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон[14]

Китобҳои таълимӣ:

  1. Идеологияи миллӣ ва ҷавонон[15]
  2. Сотсиологияи идоракунӣ[16]

ҶОИЗАҲО / МУКОФОТҲО

Қиёмиддин Миралиён бо дарназрдошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон соли 2009 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника сарфароз гардонида шудааст.

Барои фаъолнокӣ дар самти қонунгузорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2017 аз ҷониби Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ бо Нишони хотиравии «МПА СНГ. 25 лет» сарфароз гардонида шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳо бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

 

МАНБАЪҲО:

[1] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017, №5

[2] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, № 8-9, мод.  652; соли 2015, №12 қ.1, мод. 1114

[3] Миралиев Қ. А. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015 // Душанбе: САМТ, 2012. – 60 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) (3,7 ҷ.ч.)

[4] Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №7, мод. 459; с.2011, №6, мод.429; соли 2014, №11, мод.670

[5] Миралиев Қ. Ташаккулдиҳӣ ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Душанбе: САМТ, 2012. – 90 с. (5,6 ҷ.ч.)

[6] Миралиев Қ. А. Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2013 // Душанбе: 2011. – 69 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) (4,3 ҷ.ч.)

[7] Абдуллозода А. Р., Миралиён Қ. А. Пешвои миллат бо ҷавонон // Душанбе: Ганҷ, 2018. – 416 с. (бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ) (27 ҷ.ч.)

[8] Миралиён Қ. А. Сиёсати ҷавонон (Дар мисоли Тоҷикистон) // Душанбе: Адабиёти бачагона, 2016. – 574 с. (бо забони русӣ) (36,8 ҷ.ч.)

[9] Миралиев Қ. Ҷавонон ва 20 соли Истиқлолият // Душанбе: САМТ, 2012. – 272 с. (17 ҷ.ч.)

[10] Миралиев Қ. Рушди сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон дар асри XXI // Душанбе: Шуҷоиён, 2010. – 225 с. (14 ҷ.ч.)

[11] Миралиён Қ. Ташаккулёбии сиёсати ҷавонон ва ҷанбаҳои идеологии он // Олмон: LAPLAMBERT Academic Publishing, 2015. – 89 с. (бо забони русӣ) (5,6 ҷ.ч.)

[12] Миралиев Қ. Амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши он дар таҳкими иқтидори ҳаракатҳои ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷомеаи муосир // Душанбе: Рафиграф, 2006. – 186 с. (бо забони русӣ) (11,6 ҷ.ч.)

[13] Миралиев Қ. А. Нақши усулҳои интерактивии таълим дар ташаккулёбӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоии ҷавонон // Душанбе: Хадамот, 2012. – 66 с. (4.1 ҷ.ч.)

[14] Миралиев Қ. А. Қадамҳои нав дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон // Душанбе: Басанта, 2014. – 112 с. (7 ҷ.ч.)

[15] Миралиён Қ. А. Роҳнамо: Идеологияи миллӣ ва ҷавонон: аз ҷониби Шўрои илмӣ–методии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.с.2016, №4 барои нашр тавсия шудааст // Душанбе: Адабиёти бачагона, 2016. – 165 с. (10,3 ҷ.ч.)

[16] Миралиён Қ. А., Абилова Г. С. Сотсиологияи идоракунӣ: аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.с.2017, №1/11 барои нашр тавсия шудааст // Душанбе: Адабиёти бачагона, 2017. – 432 с. (дар ҳаммуалифӣ: саҳми муаллиф 20 ҷ.ч.) (27 ҷ.ч.)